Боғдорӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 10:
 
=== Боғдорӣ дар замони истиқлол ===
Дар байни тоҷикон мафҳуми «боғ»-ро ба се маънӣ шарҳ додан мумкин аст: а)

* боғи даруни ҳавлӣ; б)
* боғи дар паҳлўипаҳлӯи ҳавлӣ қарордошта, ки бо девор ё шиғадевор иҳота шудааст; в)
* боғи аз хонаву ҳавлӣ дуртар, ки тобистон соҳибони боғҳо ба он ҷо мераванд ва дар хонаву козаҳо муваққатан истиқомат карда, ба нигоҳубини боғ ва полиз машғул мешаванд.
 
Вобаста ба шароити табиӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ дар минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ навъҳои гуногуни мевагӣ, аз ҷумла, ангур, анор, анор, нок, себ, биҳӣ, муруд, гелос, олуча (олуболу), олу, зардолу, шафтолу, тут, чормағз, бодом, ва ғайра парвариш мешаванд. Ҳар яке аз ин меваҳо боз навъу намудҳои худро дошта, нигоҳубини махсусро талаб менамоянд.
 
Ниҳоли дарахтонро бо роҳҳои пайвандкунӣ, қаламча ва зери хок кардани донак зиёд мекунанд. Пайванд кардани ниҳолҳо яке аз усулҳои қадимаи афзоиши дарахтони мевадор буда, навъҳои зерин дорад: нойчапайванд, қаламчапайванд, кундапайванд, исканапайванд, баргпайванд, пўстпайвандпӯстпайванд ва ширпайванд.
 
Ба парвариш ва нигоҳубини боғ корҳои обёрӣ, шохчабурӣ дар охири зимистон ва ибтидои баҳор, нармгардонии бехи дарахтон, порудиҳӣ, сафед кардани кундаҳои дарахтон ва ғайра дохил мешаванд. Вобаста ба табиат ва иқлими ҳаво дар фасли зимистон танаи баъзе дарахтони гармидўстгармидӯст, масалан, анор, анҷир, хурмо ва чанде дигарро бо хасу матоъҳои куҳна мепечонанд, то ки сармо таъсир нарасонад. Бо ҳамин мақсад кундаву танаи ниҳоли анор ва баъзе токҳоро дар хок гўргӯр мекунад.<ref name="ReferenceA">Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. — Душанбе, 2014. — С. 18 — 22.</ref>
Дар боғоти навбунёди ҷумҳурӣ баробари навъҳои маҳаллӣ парвариши навъҳои дарахтони меваи дигар кишварҳо низ ба роҳ монда шуд. Имрӯз дар хоҷагиҳои боғдории Тоҷикистон зиёда аз 75 навъи дарахтони меваю ғуҷуммева парвариш меёбад. Дар водиҳо анвои пешпазаки гелос ва шоҳтути заминиро охири апрел — аввали май, ангур, зардолу, шафтолу, себ, нок ва анҷирро июн — июл, навъҳои дерпази себ, нок, биҳӣ, анор, ангур ва лимуро охири сентябр — октябр ҷамъоварӣ карда, бисёр вақт то моҳи апрел — май нигоҳ медоранд.
Line 26 ⟶ 30:
Боғдории Тоҷикистон дар 6 минтақаи иқтисодӣ (Бадахшони Кӯҳӣ, Кӯлоб, Суғд, Вахш, Ҳисору Рашт) ҷой дода шудааст. Маҳсулоти боғдорӣ бештар тару тоза, хушконида (мавиз, ғӯлинг, баргаку аштак) ва ҳамчун консерв ба фурӯш бароварда мешавад. Тоҷикистон манбаи асосии меваи хушаҳрки донакдор (ғӯлинг, баргаку аштак) буда, беш аз 80%-и ғӯлинг ва 25%-и баргаку аштаки Осиёи Марказиро истеҳсол мекунад. Соли 2012 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 95 ҳазор га боғ (меваҳои тухмдор — 39967 га, донакдор — 48840 га, мағздор — 27050 га, меваҳои субтропикӣ — 2484 га ва ғайра) мавҷуд буд.
 
Феълан дар ҷумҳурӣ зиёда аз 25 ҳазор хоҷагиҳои деқонӣ мавҷуд аст, ки як қисми онҳо ба боғдорӣ машғуланд (2012). Хоҷагиҳои фермерии боғдорӣ асосан дар ноҳияҳои вилояти Суғд, водии Ҳисор, водии Рашт ва минтақаҳои Кӯлоб ҷойгиранд. Анвои меваҷоти Тоҷикистон аз ҳисоби навъҳои таҳҷоӣ ва дигар кишварҳо тадриҷан меафзояд. Ҳоло (2012) дар ҷумҳурӣ 11 навъи анор (Шириндона, Сурханор, Нордон, Қазоқианор, Туршдона, Шайнакӣ, Ҳисорӣ, Сафеддона ва ғайра), 6 навъи анҷир (Зарди самарқандӣ, Ноканҷир, Кадота, Сиёҳи ҳисорӣ, Қримии 43 ва ғайра), 6 навъи биҳӣ (Фаровонӣ, Самарқандии калонмева, Турш биҳии бухороӣ, Нордон ва ғайра), 9 навъи бодом (Каҷак бодом, Сангбодом, Қоғотаки ялтагӣ, Дрейк ва ғайра), 6 навъи гелос (Сарви субҳонӣ, Гулобиранги маҳаллӣ, Аштархо нӣ, Негретянка ва ғайра), 13 навъи зардолу ([[Аҳрорӣ]], [[Бобоӣ]], Исфарак, Кӯрисодиқӣ, Мирсанҷарӣ, [[Рухи ҷавонон]], Субҳонӣ, Хурмоӣ, Паррак, Қандак ва ғайра), 15 навъи нок (Ноки ғармӣ, Ноки ворухӣ, Дилафрӯз, Бере Боск, Вилямс, Кулӯланок, Шӯрнок, Мурӯд ва ғайра), 9 навъи олу (Кӯксултон, Сиёҳолу, Заролу, Венгерка, Пионерка ва ғайра), 6 навъи олуболу (Ховалингӣ, Самарқандӣ, Гриот, Испанкаи сиёҳ ва ғайра), 17 навъи себ (Хубонӣ, Маликӣ, Себи сур-хи понғозӣ, Шоҳмахмурӣ, Пахтасеб, Ҷонатан, Ҳосилдор, Ренет Симиренко, Старкримсон, Розмарини сафед, Голден грайм, Голден делишес ва ғайра), 7 навъи хурмо (Хиакуми, Гошогакӣ, Зенҷи Мару, Вахш, Тоҷикӣ, Шарқӣ, Ҳисорӣ ва ғайра), 9 навъи унноб (Вахш, Финик, Ҳисорӣ, Ҷанубӣ ва ғайра), 15 навъи шафтолу (Анҷиршафтолуи сурх, Лола, Норанҷӣ, Равғани гов, Элберта, Луччаки сурх, Сафедшафтолу, Фарҳод, Чемпион, Старт ва ғайра), 5 навъи тут (Балхитут, Бедонаи тоҷикӣ, Марворидак, Сафеди бедона, Шоҳтут), 2 навъи санҷид (Қандак, Нонҷигда), 5 навъи лиму (Мейер, Вилла франк, Лиссабон ва ғайра) парвариш карда мешавад. Дар ҳаётаи аҳолӣ бештар аз 500 анвои меваи таҳҷоӣ мавҷуд аст, ки ба гурӯҳи навъҳои стандартии Тоҷикистон дохил нестанд. Минбаъд дар назар аст, ки дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ навъҳои нави зардолу (Аҳрорхоҷагӣ, Аҳмадӣ, Зарафшонӣ, Олимӣ, Хуҷандӣ ва ғайра), шафтолу (Гулдор, Равшан, Сунбулӣ ва ғайра), нок (Рухи дилбар), анор (Бедонаи тоҷикӣ) ва себ (Шафеӣ, Рахшсеб) парвариш карда мешаванд. Соҳаи дигари боғдорӣ ситруспарварӣ аст. Тоҷикистон аз ҷиҳати истеҳсоли лиму дар собиқ ИҶШС ҷойи аввалро ишғол менамуд. Масоҳати рустаниҳои ситрусӣ зиёда аз 250 га буда, бештарин қисми он дар хоҷагиҳои водии Вахш ҷойгир аст. Имрӯз дар 50 хоҷагии деҳқонии ҷумҳурӣ лиму мепарваранд. Аз ҳар га лимузор ба ҳисоби миёна 100—180 сентнер ҳосил ғундошта мешавад; 95 дарсади лимуи Тоҷикистонро ноҳияҳои водии Вахш истеҳсол мекунанд (2012).
 
== Таваҷҷӯҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи боғдорӣ ==
Line 32 ⟶ 36:
 
== Маҳсулоти боғдорӣ ==
Меваҳоро, маъмулан, дар шакли тару тоза буданаш истеъмол мекунанд. Боғбонҳо барои зимистон себу нок, анор, ангур ва меваҳои мағздорро бо роҳҳои гуногун захира менамоянд. Чунончи, барои тару сероб истоданаш себу анорро дар қуттӣ, дар аррамайда мегузоранд. Инчунин бо роҳи хушконидан олуча, зардолу, шафтолу, тут, себ ва ангурро низ барои фаслҳои дигар нигоҳ медоранд. Себҳоро дупора, чорпора ё ҳалқа-ҳалқа реза карда, мехушконанд ва дар халтаҳо гирифта дар ганҷур ё амбор захира мекунанд. Дар фаслҳои дигар аз «себқоқ» нўшобанӯшоба ва талқон таҳия мекунанд. Аз олуча дар вақти тару тоза буданаш нўшобанӯшоба ва мураббо мепухтанд. Олучаи туршаки хушконидаро ҳамчун даво барои фишорбаландӣ истифода мебурданд.
 
Дар Хуҷанду Фарғона ва водии Зарафшон аз замонҳои қадим парвариши зардолу яке аз муҳимтарин соҳаи боғбонӣ ба ҳисоб мерафт. Дар ин минтақаҳо навъҳои гуногуни зардолу: маҳтобӣ, қандак, амирӣ, аҳрорӣ, гурдаи гов, донакаҷак, марғелонӣ, муслимӣ, нордон, нўлинӯли зоғак, обак, пайвандӣ, рухи ҷавонон, сурх, хуҷандӣ, фалғарӣ, чармак, ғулингӣ, талхак, турушак, хасак, қандаки қарсакӣ, қурбонӣ, шохшикан, ширпайванд ва ғайра маъруф мебошанд. Ғулинг (ғулунг, қоқ, зардолуқоқ)-ро барои истеъмоли аҳли хонавода, барои маъракаҳо ва низ бо мақсади фурўшфурӯш ба миқдори зиёд тайёр мекунанд. Аз донаки зардолу донашўракдонашӯрак ва аз мағзи он донабирён пухта мешавад. Аз ғулинг дар фаслҳои зимистону баҳор ғулингоб таҳия мекунанд, ки аз давоҳои маъмул барои бемори дил ба шумор меравад.
 
Дар деҳаҳои водии Ҳисор дар гузаштаи начандон дур дар айёми НаврўзНаврӯз ғулунгоб ва дастархони ҳафтмева меоростанд. Мардум мувофиқи дороияшон ҳафт навъи меваро дар табақи калоне гирифта дар байни дастархон мегузоштанд. Дар Қаратоғ ба муносибати Соли нави суннатӣ нӯшокии «Ҳафтмева» тайёр мекарданд. Ғулунг, олуча, олуи хушк, мавиз, шафтолуқоқ, яъне ҳафт меваи қоқро шуста, тар карда мемонданд. Ин «Ҳафтмева» яке аз нӯшокиҳои хоси дастархони солинавӣ буд.
 
Дар водии Рашту Дарвоз себпарварӣ яке аз бахшҳои муҳими боғдорӣ ба ҳисоб мерафт. Дар деҳаҳои ин минтақа навъҳои зиёди себ, аз ҷумла, себҳои туршак, яхак, сурхсеб, сафедсеб, шулмунд, лойбарсеб, капарсеб, ночувлӣ, кавшунсеб, сангсеб, харбузасеб, себи обӣ, талхак, самарқандӣ ва ғайра парвариш мешуд. Инчунин навъҳои шафтолу: сафедак, сурхак, анҷиршафтолу; анвои анор: ширин, хотунӣ, турш, сабзанор ва ҳандалаанор маъмул буданд.