Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 153:
Дар давлати Ҳахоманишиҳо, махсусан бохтариҳо, хоразмиҳо, суғдиҳо, портҳо, марвониҳо, сакоиҳо ва дигар халқҳои [[Осиёи Миёна]] нақши бузурге бозидаанд.
Достони халқии эронӣ, ки аз фикраҳои бокимондаи ,,Таърихи Форс" ном асари табиби дарбори Ардашери II — Ктесий ба мо маълум аст, аслан дар вилояти Осиёи Миёна, бештар дар маҳалҳои бохтариҳо ва сакоиҳо офарида шудааст. Баъдтар вай ба тарафҳои Ғарб интишор ёфта, пас аз тағироту иловаҳо асоси хамосаи миллии эрониро фароҳам овард. Бисёр сюжетҳои ин достон ба «[[Шоҳнома]]» — [[Фирдавсӣ]] дохил гардидаанд.
Оини [[Зардушт]]и, ки дар [[Осиёи Миёна]] ба зуҳур омада буд, дар замони Ҳахоманишиҳо ба [[Эрон]] ва боз дуртар ба тарафҳои ғарб паҳн шуда, баъдҳо мазҳаби давлатии эрониҳо қарор гирифт. Ҳануз дар асри 5 дар шаҳри Мемфиси Миср маъбади худои эронӣ Митра вуҷуд дошт. Дар давраи империяи [[Рим]] парастиши Митра дар бисёр мамлакатҳо расм гардида, то ҷазираҳои [[БританияБритониё]] расида буд.
 
Халқҳои Осиёи Миёна ва Эрон дар бобати либос хам умумият доштанд, хусусан либоси хоразмихо, бохтарихо ва дигар халқҳои Осиёи Миёна хеле монанд буд, зимнан сакоиҳои тиграхур бештар бо кулохи худ фарк мекарданд. Либоси онхо аз нимтанаи тасмакалон ва шалвори кутох иборат буд. Намояндагони халқҳои Осиёи Миёна дар накшҳои барчастаи Бесутун,Тахти Чамшед ва Накши Рустам татствир ёфтаанд, ки ин барои донистани хусусиятҳои антропологи ва этнографии ин халқхо ахамияти багоят калон дорад. Ин ёдгорихо нишон медиханд.ки либоси форсхо хам айнан мисли либоси мардумони Осиёи Миёна будааст.
Нихоят, халқҳои Осиёи Миёна дар офариниши осори бошукӯҳи санъати Хахоманиши хиссаи бузурги модди гузоштанд. Тибқи навиштаҷоти Доро, барои сохтмони қасри Шуш аз Бохтар [[тилло]], аз Суғд [[лоҷувард]] ва ақиқ, аз Хоразм [[фирӯза]] бурдааст.<ref> Б.Ғ. Ғафуров Тоҷикон. Китоби 1. — Душанбе, 2008, — с. 76-82</ref>
 
Ин маълумот, инчунин ахбори муаллифони қадим ва ҳафриёти бостоншиносӣ аз дараҷаи баланди тараққиёти кори маъдан дар Осиёи Миёна ва таъсири он ба пешрафти кори маъдан дар Эрон шаҳодат медиҳанд. Ногуфта намонад, ки лоҷуварди Осиёи Миёна ва Ҳиндустон, Бобул ва Миср хам мавриди истифода будааст. Мардуми Осиёи Миёна нахустин бор бо хат пас аз дохил шудан ба ҳайати давлати Ҳахоманишӣ ошноӣ пайдо карданд. Ин системаи хат дар Осиёи Миёна ва Эрон муддати чандин аср, то давраи истилои арабҳо мавҷудияти худро нигоҳ дошт.
Сатри 163:
 
Ба миён омадани иттиҳодияи чандин кишварҳо дар замони Ҳахоманишиҳо ба тараққиёти тамаддуни Шарқ ва таҳкими робитаҳои мутақобили иктисодию мадании бисёр халқҳо мусоидат намуд.<ref>Б.Ғ. Ғафуров Тоҷикон. Китоби 1. — Душанбе, 2008, — с. 76-82</ref>
 
 
== Боз нигаред ==