Нӯҳи II: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
гурӯҳбандӣ
илова
Сатри 1:
{{Ходими давлатӣ}}
'''Нӯҳи II ибни Мансур''' (976-997) - амири [[Давлати Сомониён]]
 
Line 4 ⟶ 5:
 
Дар солҳои 90-уми асри X ба арсаи қудрати давлати сомонӣ ду турки дигар афзуд мешавад. Инҳо [[Бектузун]] ва Инонҷ буданд, ки амир Нӯҳи II онҳоро барои бартараф кардани Фоиқ фиристод. Пас аз шикаст хӯрдани Фоиқ аз [[Бектузун]] ва Инонҷ (соли 990) ӯ барои қасд гирифтан аз амири сомонӣ ва дарбори Бухоро ба хони [[Давлати Қарохониён]] муроҷиат намуд. Қарохониён то ин дам бар шаҳри Исфиҷоб соҳиб гашта буданд.
Аз парешонии вазъи [[Мовароуннаҳр]] ва бечорагии амирони сомонӣ истифода бурда, хони қарохонӣ Буғрохон [[соли 992]] ба [[Бухоро]] ҳамлавар гашта, онро забт кард. Беморӣ ва марги нобаҳангоми хон ба Нӯҳи II имкон дод, ки дубора ба Бухоро баргардад. Дар муҳорибаи соли 994 дар назди [[Ҳирот]] ба сипаҳсолори сомонӣ Сабуктегин, амири Ғазна, муяссар гашт, ки артиши якҷояи Фоиқ ва Абӯалии Симҷуриро шикаст диҳад. Ҳамин тавр хонадони Симҷуриҳо аз байн рафт, вале дигар хонадони туркӣ яъне оли Сабуктегин ё Ғазнавиён фаъолона ба арсаи сиёсӣ ворид гаштанд.<ref>Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011,.сС. 116-117.</ref>
 
== Адабиёт ==
<references/>
 
[[Портал:Таърих]]
 
{{таърих-ҷавона}}
 
== Нигаред ==
* [[Вазирони давлати Сомониён]]
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
{{Амирони сулолаи Сомониён}}
[[Гурӯҳ:Таърихи Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Давлати Сомониён]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Нӯҳи_II"