Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 130:
 
Ғайр аз ин, ба тариқи молиёти ҷинсӣ, яъне маҳсулоти зироатӣ ё ки ҳунармандӣ андоз мепардохтанд. Илова бар ҳамаи ин, боҷҳои дохилӣ ва андозҳои роҳ низ вуҷуд доштанд. Махсусан бо сарбоз таъмин кардани кушуни ҳахоманишӣ барои аҳолӣ бори гароне буд.
[[ОсиёОсиёи Миёна]] ба чор сатрапӣ тақсим шуда буд. Қабилаҳои кӯчманчии сокини канораҳои баҳри Каспӣ, ба қавли Ҳеродот, ба таркиби сатрапии ХI дохил шуда, солона ба маблағи 200 таланти нуқраи бобулӣ хироҷ медоданд. [[Хоразм]], [[Суғд]] ва Порт сатрапии XVI буда, 300 талант андоз мепардохтанд. Бохтар сатрапии XII ба шумор рафта, 360 талант андоз мепардохтанд. Ниҳоят сакоиҳои вилояти XV-ро ташкил намуда, ба маблағи 250 талант андоз медоданд.
 
Яке аз воситаҳое, ки Ҳахоманишиҳо аз аҳолии [[Осиёи Миёна]] андозҳои иловагӣ мегирифтанд, бастани дарғот буд. Ахолӣ аз беоби ба танг омада, маҷбур мешуд, ки барои кушодани дарғот хироҷи иловагӣ бидиҳад. Ҳеродот дар ин бора менависад:
Сатри 142:
Ҳанӯз аз нимаи дуввуми асри IV пеш аз милод хоразмиҳо давлати мустақили худро таъсис менамоянд. Дар ин вақт сакоиҳо ҳам аз тобеяти ҳахоманишиҳо берун меоянд.
 
Давлати Ҳахоманишӣ тазоҳури равшани давлати ҳарбии ашрофии ғуломдорӣ ба шумор мерафт, ки табақаҳои ҳукумрон ва соҳибимтиёзи он аз форсҳо ва қисман мидиҳо иборат буданд. Дар маҳалҳо, алалхусус дар вилоятҳои аз марказ дури давлати ҳахоманишӣ ҳокимияти маъмурони «худӣ», яъне осиёмиёнагӣ хеле қавӣ буд: ҳахоманишиҳо ва ашрофи маҳаллӣ якҷоя ба аҳолии сатрапиҳои Осиёи Миёна зулму ситам мекарданд.<ref>Б.Ғ. Ғафуров Тоҷикон. Китоби 1. — Душанбе, 2008,. — сС. 76-82</ref>
 
== Осиёи Миёна ва Эрон дар аҳди салтанати Ҳахоманишиҳо ==