Михаил Глинка: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Шухрат Саъдиев moved page Глинка Михаил Иванович to Михаил Глинка: ивази номгузорӣ
No edit summary
Сатри 29:
'''Михаил Иванович Глинка''' (1804, Смоленск – 1857, Берлин) — композитори бузурги рус, асосгузори мусиқии миллии классикии рус, ки бо мушаххас кардани самти асосии рушди он эътибори ин ҳунарро дар фарҳанги ҷаҳонӣ боло бурд.
==Зиндагинома ==
Михаил Иванович Глинка дар бачагӣ дар фортепиано ва скрипка навохтааст. С. 1817 ба Санкт-Петербург омада, дар пансиони асилзодагони назди Ин-ти педагогии он ҷо (1818-22) таҳсили мусиқиро идома додааст. Дар ҷараёни машғулиятҳо бо мураббиёни пуртаҷриба (Ф. Бём, Ш. Майер, Ҷ. Филд) ва мулоқотҳо бо ҳамасрони номдори хеш (А.С. Пушкин, В.Ф. Одоевский, А.Е. Варламов, А.А. Делвиг, А.С. Грибоедов, В.Г. Жуковский, Ф.П. Толстой) мисиқии ӯ ба камол расид. С.-ҳои 1830-34 фарҳанги мусиқии Итолиё, Австрия ва Олмонро омӯхт, маҳорати хешро дар фанни композитсионӣ такмил кард. Операи ӯ «Зиндагӣ барои шоҳ» (1836) барои мусиқии рус а.-и наве боз кард. Баъд асари симфонии «Валси хаёлот» (1839), мусиқӣ бар фоҷиаи «Княз Холмский»-и Н.В. Куколник (1840), романсҳои «Дар вуҷуд оташи иштиёқ шуъла мезанад» (1838), «Насими шабонгоҳ» (1839), «Он лаҳзаи марғубро ёд дорам» (1840); ҳама аз ашъори А.С. Пушкин), «Шубҳа», бо ту будан чӣ қадар хуш аст» (1840) ва ғ.-ро эҷод кард. Операи Глинка «Руслан ва Людмила» (1842) агарчи миёни умум ҳамчун шоҳкори мусиқӣ ба комёбӣ пазируфта шуд, аммо доираҳои дарборӣ онро написандиданд ва таҳти фишори онҳо с. 1847 аз репертуари театр хориҷ шуд. Глинка с.-ҳои 1844-48 дубора бо сафари хориҷӣ баромада, дар Фа-ронса, Испания, Варшава зиндагӣ мекунад. Дар Испания сурудҳои мардумиро ҷамъ оварда, маҷмӯаи «Такмили 17 таронаи мардумии испаниягӣ»-ро (1845-46) ва ду увертюраи симфонӣ («Рақси арагонӣ», 1845 ва «Хотирае аз шаби тобистони Мадрид», 1848-51) эҷод кард. Асари дигари Глинка «Камаринская» (1848), ки дар асоси оҳангҳои мардумии русӣ эҷод шуда буд, дар шаклгириӣ усулҳои мактаби симфонии рус нақши бузурге бозид. .<ref> [[Ҷӯрахон Обидпур| Обидпур Ҷ.]] Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.99-100. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2{{ref-tg}}</ref>
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}