Садриддин Айнӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ Android app edit
Сатри 28:
'''Садриддин Айнӣ ''' (''Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ'', {{lang-fa|صدرالدین عینی}}) — бунёдгузори адабиёти шуравии тоҷик, [[нависанда]], [[олим]], академик ва нахустин Президенти [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] ([[1951]]–[[1954]]), Ходими хизматнишондодаи илми [[ҶШС Тоҷикистон]], академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС [[Ӯзбекистон]]. [[Қаҳрамони Тоҷикистон]] ([[Соли 1997|1997]])<ref>[http://navisandagan.tj/index.php/tj/adibon/navisandagon/sadriddin-ajn Нависандагон,Садриддин Айнӣ]</ref>.
 
==Зиндагинома==
==🥇Зиндагинома🥇==
Сардафтари адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ {{СанаиТаваллуд|15|4|1878|27}} дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони [[Аморати Бухоро]] (дар ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухорои Ўзбекистон) ба дунё омадааст. Фарзандаш ховаршиноси барҷастаи Тоҷикистон [[Айнӣ Камол]].
Падараш Саидмуродхоҷа кишоварз буд, аммо чун худ соҳиби хату савод буд, кӯшиш мекард, ки фарзандонаш низ донишомӯхтаву донишманд бошанд. Аз ин рӯ, писараш Садриддин Айниро дар шашсолагӣ (6) ба мадрасаи рустояшон дод. Устод Айнӣ донишомӯзияшро дар он мадраса дар достони «Мактаби кӯҳна» тасвир карда ва дар «Ёддоштҳо» мегӯяд: «Чунон ки падарам дид, дар он мактаб ман саводи амиқ гирифта натавонистам ва маро ба мактаби духтарона дод». Дар мактаби духтарона Садриддин чанд ҷузъ аз Бедил ва чанд ҷузъ аз ғазалиёти Соибро хонда дар даҳсолагӣ мактабро хатм мекунад. Аммо бачагии Садриддин Айнӣ дар оғӯши падару модар дер давом накард. Вабое, ки соли 1889 Бухоро ва атрофи онро фаро гирифт, дар чиҳил рӯз ӯро ҳам аз падар ва ҳам аз модар ҷудо кард.