Муқаддас Набиева: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
Шухрат Саъдиев (баҳс | ҳисса) No edit summary |
х викисозӣ, ороиш, гурӯҳбандӣ |
||
Сатри 9:
|номи пурра =
|санаи таваллуд = 7.01.1950
|зодгоҳ = {{Зодгоҳ|ноҳияи Фархор|ноҳияи Фархор}} [[ҶШС Тоҷикистон]]
|санаи марг = 1979
|маҳалли марг =
Сатри 28:
}}
'''Муқаддас Набиева''' (тав. 7 январи соли 1950, ноҳияи Фархор – ваф. 1979, вилояти Суғд)
== Зиндагинома==
Муқаддас Набиева 7 январи соли 1950 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст, вале тарбиятгирифтаи мактаб-интернати рақами 10-и шаҳри [[Душанбе]] мебошад. Азбаски аз ҷавонӣ духтараки чолок ва ҷасуру серғайрат буд, ӯро тез-тез ба чорабиниҳои варзишӣ ҷалб мекарданд. Пас аз хатми мактаб-интернат вай ба Институти тарбияи ҷисмонӣ дохил шуда, соли 1972 онро хатм намуд ва дар мактаби ибтидоии варзишии ноҳияи Фархор ба ҳайси тренер ба кор шурӯъ кард, аммо шавқу завқи сарояндагӣ ҳамоно қалбашро ором намегузошт. Ҳамин буд, ки Муқаддас дар баробари тренерӣ бо дастаи ҳаваскорони санъати хонаи маданияти Фархор пайваста, дар ҷашну чорабиниҳои мухталиф ширкат меварзид.
== Эҷодиёт ==
Истеъдоди Худодод ва садои гуворою дилнишинаш, ки дар илми мусиқӣ онро сопранои лирикӣ мегӯянд, ба зудӣ ин духтараки резапайкарро шуҳратёр сохт ва овозаи Муқаддас аз Фархор то ба Душанбе расид. Соли 1973 нахустин озмуни эҷодиёти халқ – “Бӯстон-1” баргузор гардид ва Муқаддас Набиева дар он суруди «Республикаи ман»-ро иҷро кард. (Он замон аллакай хоҳари калонии Муқаддас [[Сабоҳат Қосимова]] ҳаёти худро бо [[Фаррух Қосимов]] пайваста, ҳар ду дар санъати тоҷик шуҳратёр шуда буданд.) Роҳбарияти ансамбли эстрадии «Гулшан», ки сарвараш Орифшо Орифов буд, истеъдоди волои ин духтараки ҷавонро дида, ӯро ба ҳайси яккахон ба кор қабул намуданд.<ref>{{Cite web|url=http://tajikistantimes.com/tajikistan/asrori-marg-va-ish-i-pin-onii-mu-addas-nabieva/|title=Асрори марг ва ишқи пинҳонии Муқаддас Набиева|author=|website=tajikistantimes.com|date=|publisher=2018-09-28 |lang=tg|accessdate=2019-01-06}}</ref>
Муқаддас Набиева соли 1974 ба [[
== Даргузашт ==
Муқаддас Набиева [[соли 1979]] ҳангоми сафар бо ҳамроҳи ҳамкоронаш ба [[вилояти Суғд]] даргузашт. Дар роҳ мошини онҳо сарозер шуд ва ин сарояндаи шуҳратёри тоҷикро, ки ҳамагӣ 29 сол дошт, аз миён бурд.
== Нигаред==
* [[Рӯихати ҳунарпешаҳои хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон]]
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
Line 48 ⟶ 52:
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Овозхонҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Овозхонҳои тоҷик]]
[[Гурӯҳ:FootBot:FBT002A]]
|