Комаруст: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х VASHGIRD moved page Гаметофит to Комаруст
No edit summary
Сатри 1:
[[Акс:Gametophyte2.png|мини|]]
'''Гаметофит''' (аз гамета ва юн. phyton — растанӣ), насли ҷинсии растаниҳое, ки бо бадали насл инкишоф меёбад. Дар давраи инкишоф ба насли ғайриҷинсӣ ё спорофит бадал мешавад. Дар бештари растаниҳо Гаметофит спорофит надорад ва дар расганиҳои пӯшидатухм то ба дараҷаи [[гард]] ва ҷаниндон содда шудааст. Барои ядрои ҳуҷайравии Гаметофит нисфӣ (гаплоидӣ) будани шумораи хромосомаҳо хос аст.
'''Комаруст''' ({{lang-fa|کامه‌رُست}}), '''гаметофит''' (аз гамета ва юн. phyton — [[рустанӣ]]) — насли ҷинсии рустаниҳое, ки бо бадали насл инкишоф меёбад.
 
Комаруст аз спора ташаккул ёфта, дастаи хромосомаҳои гаплоидӣ дорад. Комаруст дар ҳуҷайраҳои муқаррарии нашвии таллом (танаи рустаниҳои дараҷаи паст, мас., баъзе обсабзҳо) ё дар узвҳои махсуси афзоиши ҷинсӣ — гаметангияҳо, оогонияҳо ва антеридияҳо (рустаниҳои дараҷаи паст), архегонияҳо ва антеридияҳо (рустаниҳои олиташаккул, ғайр аз рустаниҳои гулдор) гамета ҳосил мекунад. Сохтори комаруст вобаста ба тарзи бадали насл гуногун мешавад. Ҳангоми бадали изоморфии насл дар обсабзҳо (улва, диктиота, эктокарпус) комаруст чун фарди мустақили ҳамон намуд ҳаёт ба сар бурда, зоҳиран аз фарди диплоидии худ — спорофит тафовут надорад. Вақти тарзи ҳаёти гетероморфӣ (мас., дар карами баҳрӣ) комаруст шакли талломи микроскопии риштамонанди камшохаро дорад ва аз спорофит куллан фарқ мекунад. Дар рустаниҳои олиташаккул, ки насли онҳо ҳамеша гетероморфӣ аст, комаруст фақат дар ушнаҳо шакли рустании баргпояро дорад (мас., сфагнум, кукузағир). Дар дигар рустаниҳои спорофитӣ (сарахсшаклҳо, рустаниҳои тухмдор) комаруст суст тараққӣ карда, умри кӯтоҳ мебинад. Мас., дар плауна, чилбуғум ва сарахсҳо комаруст шакли рустаниҳои талломӣ-проталлий (насли ҷинсӣ)-ро дошта, ба узвҳо тақсим намешавад, рангаш сабз ё сафедтоб буда, дарозиаш то 3 см аст ва ҳамагӣ чанд ҳафта умр мебинад. Проталлийҳои сарахсшаклҳои баробарспора дуҷинсаанд. Рустаниҳои олиташаккули гуногунспора, аз ҷумла рустаниҳои тухмдор, комаруст-и ҷудоҷинса доранд, ки аз микро — ва макроспораҳо ташаккул меёбад. Дар ҷараёни таҳаввулоти рустаниҳои олиташаккул комаруст тадриҷан тахфиф шудааст. Мас., насли ҷинси модинаи рустаниҳои тухмдор мустақил ҳаёт гузаронда наметавонад ва инкишофи комили он дар спорофитҳо андаруни макроспорангия (ё нутселлуси тухммуғҷа) сурат мегирад.
{{ботаника-нопурра}}
 
Дар рустаниҳои лучтухм комарусти модина эндоспермаи гаплоидии серҳуҷайраест, ки ду (санавбар) ё чанд (дар дигар лучтухмон) архегония дорад. Комаруст-и модинаи рустаниҳои пӯшидатухм архегония надорад ва онро ҷанинхалта меноманд. Комарусти наринаи рустаниҳои тухмдор аз микроспораҳо ташаккул меёбад ва он гардест, ки дар гарднайча ҳосил шуда, гамета — нутфа ҳосил мекунад. Ихтилоли сохтори комаруст боиси ноҷӯриҳои раванди гардолудшавӣ, бордоршавӣ ва самароварӣ мегардад.
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
== Адабиёт ==
* Цитология растений. М., 1987;
* Батыгина Т. Б., Васильева В. Е. Размножение растений. СПб., 2002.
 
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ|Гаметофит|4|муаллиф= }}
{{ЭСТ}}
 
[[Гурӯҳ:Тавлиди мисли гиёҳон]]