Фарқият байни намунаҳои "Комаруст"

no edit summary
 
[[Акс:Gametophyte2.png|мини|]]
'''Комаруст'''<ref>{{Cite web|url=https://vazhaju.com/word/%D0%BA%D0%BE%D0%BC%D0%B0%D1%80%D1%83%D1%81%D1%82/ODQ0NjA=|title=Комаруст чист? Маънои комаруст|author=Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ|website=vazhaju.com|date=|publisher=Вожаҷӯ|lang=tg|accessdate=2020-03-18}}</ref> ({{lang-fa|کامه‌رُست}}), '''гаметофит''' (аз гамета ва юн. phyton — [[рустанӣ]]) — насли ҷинсии рустаниҳое, ки бо бадали насл инкишоф меёбад.
 
Комаруст аз спора ташаккул ёфта, дастаи хромосомаҳои гаплоидӣ дорад. Комаруст дар ҳуҷайраҳои муқаррарии нашвии таллом (танаи рустаниҳои дараҷаи паст, мас., баъзе обсабзҳо) ё дар узвҳои махсуси афзоиши ҷинсӣ — гаметангияҳо, оогонияҳо ва антеридияҳо (рустаниҳои дараҷаи паст), архегонияҳо ва антеридияҳо (рустаниҳои олиташаккул, ғайр аз рустаниҳои гулдор) гамета ҳосил мекунад. Сохтори комаруст вобаста ба тарзи бадали насл гуногун мешавад. Ҳангоми бадали изоморфии насл дар обсабзҳо (улва, диктиота, эктокарпус) комаруст чун фарди мустақили ҳамон намуд ҳаёт ба сар бурда, зоҳиран аз фарди диплоидии худ — спорофит тафовут надорад. Вақти тарзи ҳаёти гетероморфӣ (мас., дар карами баҳрӣ) комаруст шакли талломи микроскопии риштамонанди камшохаро дорад ва аз спорофит куллан фарқ мекунад. Дар рустаниҳои олиташаккул, ки насли онҳо ҳамеша гетероморфӣ аст, комаруст фақат дар ушнаҳо шакли рустании баргпояро дорад (мас., сфагнум, кукузағир). Дар дигар рустаниҳои спорофитӣ (сарахсшаклҳо, рустаниҳои тухмдор) комаруст суст тараққӣ карда, умри кӯтоҳ мебинад. Мас., дар плауна, чилбуғум ва сарахсҳо комаруст шакли рустаниҳои талломӣ-проталлий (насли ҷинсӣ)-ро дошта, ба узвҳо тақсим намешавад, рангаш сабз ё сафедтоб буда, дарозиаш то 3 см аст ва ҳамагӣ чанд ҳафта умр мебинад. Проталлийҳои сарахсшаклҳои баробарспора дуҷинсаанд. Рустаниҳои олиташаккули гуногунспора, аз ҷумла рустаниҳои тухмдор, комаруст-икомарусти ҷудоҷинса доранд, ки аз микро — ва макроспораҳо ташаккул меёбад. Дар ҷараёни таҳаввулоти рустаниҳои олиташаккул комаруст тадриҷан тахфиф шудааст. Мас., насли ҷинси модинаи рустаниҳои тухмдор мустақил ҳаёт гузаронда наметавонад ва инкишофи комили он дар спорофитҳо андаруни макроспорангия (ё нутселлуси тухммуғҷа) сурат мегирад.
 
Дар рустаниҳои лучтухм комарусти модина эндоспермаи гаплоидии серҳуҷайраест, ки ду (санавбар) ё чанд (дар дигар лучтухмон) архегония дорад. КомарустКомарус-и модинаи рустаниҳои пӯшидатухм архегония надорад ва онро ҷанинхалта меноманд. Комарусти наринаи рустаниҳои тухмдор аз микроспораҳо ташаккул меёбад ва он гардест, ки дар гарднайча ҳосил шуда, гамета — нутфа ҳосил мекунад. Ихтилоли сохтори комаруст боиси ноҷӯриҳои раванди гардолудшавӣ, бордоршавӣ ва самароварӣ мегардад.
 
== Эзоҳ ==