Забони эронии бостон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Забони эронии бостон''' ё '''забони ниёэронӣ''' ({{lang-fa|'''زبان نیاایرانی'''}}; {{lang-en|proto-iranian ё proto-iranic}...
(бе тафовут)

Нусха 12:19, 14 апрели 2020

Забони эронии бостон ё забони ниёэронӣ (форсӣ: زبان نیاایرانی‎; англ. proto-iranian ё proto-iranic) – ниёзабони бозсозишудаи фарзии шохаи забонҳои эронии хонаводаи забонҳои ҳиндуурупоӣ ва ниёи забонҳои эронии форсӣ, суғдӣ, зозокӣ, мозандаронӣ, курдӣ, осӣ, пашту, забонҳои помирӣ ва чанде дигар аст.

Ниёэронӣ забоне аз гурӯҳи забонҳои сатем (аз авестоӣ: satəmсад’) ва бархоста аз забони фарзии ниёҳиндуэронӣ буда, ки он худ аз забони фарзии ниёҳиндуурупоӣ рӯида будааст. Ин забон, бар пояи бархе баровардҳо, зоҳиран камтар аз як ҳазора аз забони авестоӣ ва камтар аз ду ҳазора аз забони ниёҳиндуурупоӣ фосилаи насл доштааст.

Гӯишҳо

Профессор Шерво гумон мекунад, ки забони ниёэронӣ дастикам чаҳор гӯиш дошта, ки аз дуто аз онҳо то осоре ба даст омадааст:

  1. Забони эронии шимоли ғарбии бостон (ниёи забонҳои сакоӣ, сарматӣ, алонӣ ва осӣ)[3].
  2. Забони эронии шимоли шарқии бостон (ниёи забонҳои эронии миёнае чун хоразмӣ, суғдӣ, балхӣ (кушонӣ), сакои тумшуқӣ, сакои хутанӣ ва забонҳои имрӯзии пашту, яғнобӣ ва помирӣ).
  3. Забони эронии марказии бостон (ниёи забонҳои авестоӣ ва модӣ).
  4. Забони эронии ғарбии бостон (ниёи забони порсии нав).

Бар пояи фарзия гӯргон [англ. Kurgan hypothesis] гумон мешавад, ки ниёэронёни фарзӣ дар оғози ҳазораи дувуми пеш аз мелод зиндагӣ мекардаанд ва ба ҳавзаҳои бостонии ниёҳиндуэрониён ва Андроново ё бархе тамаддунҳои пуштакӯҳи Эрон муртабит мешаванд.

Баробарҳои воҷшинохтӣ

PIE[1] Av PIE Av
*p p *ph₂tḗr "падар" pitar- "падар"
*bʰ b *réh₂tēr "бародар" bratar- бародар
*t t *túh₂ "ту" tū- "ту"
*d d *dóru "дор" dāuru "дор"
*dʰ d *oHneh₂- "дона" dana- "дона"
*ḱ s *m̥t "даҳ" dasa "даҳ"
z *ǵónu "зону" zānu "зону"
*ǵʰ z *ǵʰimós "сармо" ziiā̊ "сармо"
*k x ~ c *kruh₂rós "хунин" xrūda "хунин"
*g g ~ z *h₂éuges- "нерӯ, тавоноӣ, зӯрӣ" aojah "нерӯ, тавоноӣ, зӯрӣ"
*gʰ g ~ z *dl̥h₁ós "дароз" darəga- "дароз"
*kʷ k ~ c *ós "кӣ" kō "кӣ"
*gʷ g ~ j *ou- "гов" gao- "гов"
Proto-Indo-Iranian Авестоӣ[2] Порсии бостон Форсӣ Курдӣ Санскрити ведоӣ
*Háĉwas 'horse' aspa asa (native word)[3] اسب asb (< Median) hesp áśva
*bʰagás 'бахш' baγa baga (бағ) باج bâj (боҷ) parçe bhága
*bʰráHtā 'бародар' brātar brātā برادر бародар bira(der) bhrā́tr̥
*bʰúHmiš 'замин, бум' būmi būmiš بوم бум bhū́mi
*mártyas 'миро, мард' maṣ̌iia martiya مرد mard (мард) mêr(d) (мард) mártya
*mā́Has 'моҳ' mā̊ māha ماه mâh (моҳ) mang (моҳ), meh (моҳ) mā́sa
*wasr̥ 'баҳор' vaŋri vahara بهار баҳор bihar vāsara 'бомдод'
*Hr̥tás 'ростӣ' aša arta راست рост (дуруст) rast r̥tá
*dʰrawgʰ- 'дурӯғ' druj drauga دروغ дурӯғ diro, derew (дурӯғ) druh-
*sáwmas 'афшурда' haoma *hauma هوم ҳум sóma
  1. Encyclopedia of Indo-European culture. Mallory, J. P., Adams, Douglas Q. London: Fitzroy Dearborn. 1997. ISBN 1884964982. OCLC 37931209. 
  2. Skjærvø, Prods Oktor (2003). "Glossary". An Introduction to Young Avestan. 
  3. Fortson, Benjamin (2004). Indo-European language and Culture: An Introduction. Wiley-Blackwell. p. 238. ISBN 978-1-4051-0316-9.