Гана: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 38:
 
== Табиат, сохти геологӣ, релеф, сарватҳои табиӣ ==
[[Акс:Gh-map.png|thumb|left|225px|Харитаи Ғано]]
Қисми зиёди ҳудуди Ғано-роҒаноро ҳамвориҳо (баландиашон аз с. б. 150–300150—300 м) ишғол кардаанд. Дар маркази мамлакат пуштакӯҳи Ашанти (баландиаш то 788 м) ҷойгир аст. Аз шимолу ғарб ба ҷанубу шарқ ба масофаи 200  км пуштакӯҳи Кваху (баландиаш то 500 м) тӯл кашидааст. Қисми зиёди ҳудуди Ғано аз ҷинсҳои кӯҳии давраи токембрий ташаккул ёфтааст. Дар шимолу ғарб ва ҷануб ҷинсҳои кӯҳии метаморфӣ ва гранитшуда, дар қисми марказӣ ҷинсҳои кӯҳии таҳшинӣ, дар ноҳияҳои наздисоҳилӣ ҷинсҳои кӯҳии давраи бӯр ва кайнозой ҷойгир шудаанд. Ғано аз сарватҳои табиӣ: бокситҳо, маъдани мангандор, тило (дар ноҳияҳои марказӣ ва ҷанубу шарқӣ), алмос, нафт ғанӣ аст. Иқлимаш — экваторию муссонӣ, дар ҷанубу ғарб — экваторӣ. Ҳавояш, маъмулан, намнок. Ҳарорати миёнаи гармтарин моҳ (март) аз 27 °C дар ҷануб то 32 °C дар шимол, хунуктарин моҳ (август) аз 23 то 26 °C. Моҳи ноябр — декабр аз Саҳрои Кабир тафбоди Ҳарматан мевазад. Боришоти солона дар ҷанубу ғарб то 2000  мм, дар ҷанубу шарқ — 750  мм, дар шимол то 1200  мм. Дарёҳои калонтаринаш — Волта (шохобҳои калонтаринаш ‒ Оти, Афрам), Биа, Тано, Анкобра, Пра. Кӯли калонтаринаш — Босумтви (34 км ҷанубу шарқтари Кумаси). Дар дарё ва кӯлҳои Ғано моҳигирӣ ривоҷ ёфтааст. Солҳои 1964–671964-67 дар поёноби д. Волта, дар наздикии ш. Акасомбо дарғоти НБО сохта шуд. Обанбори Волта яке аз калонтаринҳо дар ҷаҳон буда (дарозиаш 400  км, масоҳаташ 8,5 ҳазор км, ҳаҷмаш 148 км<sup>2</sup>, ҷойи амиқтаринаш 91м), барои обёрӣ, киштигардӣ ва моҳигирӣ истифода мешавад. Дар Ғано қариб 4000 намуди наботот мерӯяд. Қисми зиёди ҳудуди мамлакатро дашту бешаҳои сералаф, қисми ҷануб ва ғарбро ҷангалҳои рутубатноки ҳамешасабзи тропикӣ фаро гирифтаанд. Дар минтақаи соҳил буттаю алафзор, дарахти нахл паҳн шудааст. Хокаш, асосан, латеритӣ. Олами ҳайвонаташ ғанӣ ва гуногун: ғизол, говмеш, фил, ҷайра, паланг, шер, юз, кафтор. Дар ҷангалҳояш маймун бисёр аст. Дар дарёҳо баҳмут ва тимсоҳ зиндагӣ мекунанд. Дар Ғано қариб 250 навъи ҳайвоноти ширхӯр, 729 навъи парандагон мавҷуданд. Хазандаҳо ва ҳашарот бисёранд. Дар Ғано барои ҳифзи олами набототу ҳайвонот ду боғи миллӣ (Моле, Дигя) ва 6 мамнуъгоҳ ташкил карда шудаанд. Мушкилоти асосии экологӣ — буридани дарахтони ҷангалҳо (солҳои 2000–052000-05 масоҳати ҷангалҳо 5,8 ҳазор км<sup>2</sup> кам шуд), бодлесӣ (эрозия)-и хок, кам шудани шумораи ҳайвонот.
 
== Аҳолӣ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Гана"