Саразм: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
навсозӣ
Сатри 55:
 
Дар масоҳати беш аз 100 га Саразмро бунёд кардаанд ва аҳолии он аз 3000 нафар иборат буда, дар марҳилаи интиҳоӣ, оқибат қариб, ки ба 10000 мерасад. Замони заволи Саразм аниқ аст, аммо сабабаш не. Танҳо ҳадс задан мумкин аст, ки ё аз хушк шудани сойи болои шаҳристон мардум ин ҷоро тарк кардаанд ва ё ҳодисаи табиие ба мисли Шарораи ҳозира онро ба харобазор табдил додаст. Ҳоло баъзе бозёфтҳо дар музейи Саразм маҳфузанд, вале аз сабаби набудани лабаратория ба вайроншавӣ даромадаанд.<ref>{{cite web|url=http://www.safina.tj/sarazm_va_panjakent.html|title=Саразм ва Панҷакент/ТВ Сафина|author= |date=|publisher=www.safina.tj|accessdate=2020-01-26}}</ref>.
Тибқи гуфтаи бостоншиносон дар он замон (ҳазорсолаи IV-III пеш аз милод) Роҳи Бузурги Лоҷувард аз Саразм мегузашт. Баъдтар, дар ибтидои пайдо шудани шаҳрҳои аввалини Осиё, ин роҳи корвонгузар тӯл кашид. Бостоншиноси тоҷик Абдурауф Раззоқов қайд кард, ки ин роҳ баъдтар яке аз роҳҳои машҳури Роҳи абрешим аз Аврупо ба шаҳрҳои қадимаи Чин ва Ҳиндустон гардидааст.<ref>{{Cite web|url=https://tj.sputniknews.ru/radio/20170821/1023119390/arkheolog-drevniy-sarazm-pogubila-zasukha.html|title=Археолог: древний Саразм погубила засуха|author=Sputnik|publisher=tj.sputniknews.ru|lang=ru|accessdate=2019-01-19}}</ref>.
== Сабабҳои таназзули Саразм ==
Бостоншиносон чунин мешуморанд, ки сабаби хуруҷи мардум аз Саразм хушксолӣ буд. Дар охири ҳазораи 3-уми пеш аз милод офатҳои экологӣ ба баъзе қисматҳои Осиёи Марказӣ таъсир мерасониданд.
Зиндагӣ дар Саразм тақрибан се ҳазор сол пеш хотима ёфта буд. Таърихшиносон тасдиқ мекунанд, ки ин вобаста ба тағирёбии шароити табиӣ рӯй дода буд. Одамон дар мубориза бо оқибатҳои хушксолӣ малакаи кофӣ надоштанд ва ба кӯҳдоманаҳои назди дарёи Заравшон кӯчиданд. Ҳамин тавр, шаҳри Панҷакенти қадим эҳё шуд ва баъдтар шаҳрҳои дигари Суғдиёни қадим пайдо шуданд. Дар ин замина Саразм ба таназзул афтод.<ref>{{cite web|url=https://tj.sputniknews.ru/radio/20170821/1023119390/arkheolog-drevniy-sarazm-pogubila-zasukha.html|title=Археолог: древний Саразм погубила засуха|author= |date=|publisher=www.tj.sputniknews.ru|accessdate=2020-01-26}}</ref>.
 
== 5500-солагии Саразм ==
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз [[21 сентябр]]и [[соли 2001]] (таҳти № 391) Саразм ҳамчун Маркази ташаккули фарҳанги кишоварзӣ ва эҷодиёти тоҷик мамнӯъгоҳи таърихӣ ва бостоншиносии Саразм эълон карда шуд. Бо кӯшиши бостоншиносон - [[Абдуллоҷон Исҳоқов|А. Исҳоқов]] , А. Раззоқов, [[Раҳим Масов|Р. Масов]], Р. Безенвал, А.- П. Франкфорт ва диг., дар давоми солҳои 2000-ум барои пешниҳоди номинтсияи пешбарӣ кардани ёдгории Саразм ба рӯйхати объектҳои аҳамияти фарҳанги ҷаҳонӣ дошта, дар созмони ЮНЕСКО саҳм гузоштанд. Дар натиҷа, [[31 июл]]и [[соли 2010]] Саразм ҳамчун "маркази ташаккули фарҳанги қадимаи кишоварзии мардуми тоҷик" ба [[Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО]] дохил шудааст.<ref>{{cite web|url=http://www.unesco.tj/tg/index/index/pageId/156/|title=Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО|author= |date=|publisher=www.unesco.tj|accessdate=2020-01-26}}</ref>.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Саразм"