Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АМИТ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 92:
* Таҳқиқоти нурҳои кайҳонӣ ҳанӯз дар Шӯъбаи физика ва математика бо таҳқиқоти нигоҳ дошта нашудани ҷуфтӣ, ҳангоми иҳотаи мю-мезонҳои нурҳои кайҳонӣ аз тарафи ядроҳои моддаҳо, бо мақсади омӯзиши асимметрияи паридани нейтрон вобаста ба спини ядро, оғоз шуда буданд. Таҳқиқотҳо ба натиҷаҳои ба даст омада дар баландии 3860 м аз сатҳи баҳр дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон асоснок шуда буданд.
Соли 1971 бо ташаббуси Институти физикаи Академияи илмҳои ИҶШС (ИФАИ ба номи П.Н. Лебедев, «ФИАН») дар Помир дар мавзеи Ак-Архар дар баландии 4360 м аз сатҳи баҳр таҳқиқоти муштарак бо олимони ИФТ АИ ҶТ, оид ба омӯхтани таъсири зарраҳои элементарӣ ва нуклонҳо бо нуклонҳо ва ядроҳо дар энергияи аз 1012 эВ баланд (эксперименти Помир) оғоз шуданд. Ҳангоми таҷриба таҷҳизоти камераи рентгеноэммулсионӣ бо масоҳати 1000м2 ҷамъ ва насб карда шуд. Дар иҷроиши вазифаҳои эксперименти “Помир” Институти физикаю техникии ба номи С.В. Стародубцев А.И. ҶШС Ӯзбекистон, Пажӯҳишгоҳи ҳастаи Академияи илмҳои ИҶШС, Институти таҳқиқоти физикаи ҳастаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Д.В. Скобелцин, Институти физикаи энергияҳои фавқулбаланди Академияи илмҳои ҶШС Қазоқистон, Институти физикаи Академияи илмҳои ҶШС Гурҷистон ширкат варзиданд. Соли 1987, дар Париж, дар Конференсияи XVII Байналмилалӣ оид ба нурҳои кайҳонӣ, созишнома дар бораи ташкили ҳамкориҳои “Помир-Чақалтой” ба имзо расид, ки кӯшишҳои физикони ҳашт кишвар: Русия, Ҷопон, Лаҳистон, Бразилия, Боливия, Гурҷистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро муттаҳид кард.
[[Акс:Xrec.png|мини|Дастгоҳи рентегниву эмулсионии пойгоҳи Помир]]
 
* Дар ҷараёни таҳқиқоти радиоэкологӣ дар самти "Физикаи ҳаста" олимони институт як таҷҳизотро барои ташхис ва омӯзиши намунаҳои афтиши радиоактивӣ дар доираи аэрозоли ҳавоӣ сохтанд ва озмоиш карданд. Ин таҷҳизот барои ҷустуҷӯи минтақаҳои аномалии талафоти радиоизотопи космогении Be-7 ва шарҳ додани яке аз мигратсияи эҳтимолии изотопи Be-7 ба сатҳи хок, наботот ва об тавассути ҷараёни амудии массаҳои ҳаво аз қабатҳои болоии атмосфера ва тропопауза, пешбинӣ шудааст.