Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АМИТ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 48:
 
== Таърих ==
Нахустин таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи илми физика дар системаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (то 20.03.2020 ¬ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба таъсисёбии Шӯъбаи физикаю математика дар соли 1957, ки бевосита бо ташаббуси президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон Султон Умарович Умаров амалӣ гашта буд, вобаста аст. Дар як вақт омодакунии интенсивӣ ва мақсадноки кадрҳои илмӣ дар соҳаи физика оғоз меёбад – аксарияти мутахассисони ҷавон, ки ташнаи илм буданду онҳоро олами пурасрори ҷустуҷӯйҳо ба худ ҷалб мекард, ба марказҳои илмии бонуфузи Академияи илмҳои ИҶШС, Академияи илмҳои Белорусия, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва дигар ҷумҳуриҳои ҳамсоя фиристода шуданд.
Институти физикаю техникаи ба номи [[Султон Умарович Умаров|С. У. Умарови]] [[Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон|АИ ҶТ]] яке марказҳои бузурги илмию тадқиқотии ҷумҳурӣ буда, 1 июни соли [[1964]] бо ташаббуси бевоситаи асосгузорони улуми [[физика]] ва [[математика]] дар [[Тоҷикистон]] ва [[Ӯзбекистон]] Султон Умаров ба фаъолият оғоз намудааст. Дар Қарори КМ ҲК Тоҷикистон ва Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 29 майи соли 1964 таҳти № 228 қайд карда шудааст: «Бо назардошти хизматҳои бузурги С. У. Умаров дар рушди илм ва таҳқиқотҳои физикӣ дар ҷумҳурӣ ва барои пос доштани хотираи неки ӯ, ба Институти физикаю техникаи Академияи илмҳои Тоҷикистон номи академик С. У. Умаров дода шавад ва минбаъд чунин номгузорӣ карда шавад: Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон». Дар саргаҳи ташаккул ва рушди илми физика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои физикаю математика, профессор, Корманди шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон [[Акобир Адҳамов]] — нахустдиректори институт, ки то соли 1991 сарварии ин муассисаро ба ӯҳда дошт, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Латиф Шарифович Хоҷаев ва Баҳрулло Нарзуллоев, номзади илмҳои физикаю математика Н. М. Ҳошимов истода буданд.
Аввалин корҳои илмӣ-таҳқиқотии Шӯъбаи физикаю математика ба омӯзиши хосиятҳои комплексии физикӣ, физикӣ-химиявӣ ва сохтории пайвастагиҳои нимноқилҳои бинарӣ ва мураккаб, таъсири мутақобилаи ионҳои манфӣ бо сатҳи металл, коркарди баланд бардоштани усулҳои эмиссонии спектралӣ ва баъзе аз масъалаҳои физикаи ҳаста бахшида шуда буданд. Аз 1-уми июни соли 1964 дар заминаи лабораторияи амалкунандаи Шӯъбаи физикаю математика, ки дар сақфҳои он масъалаҳои номбаршудаи илми физика ҳал карда мешуданд, Институти физикаю техника ташкил карда шуд, ки номи ташкилкунандаи он – академик С.У.Умаров, ки дар ҳақиқат марди дорои истеъдоди фавқуллода буд, ба худ мегирад. Имрӯз олимон-физикон бо як фахри хоса ва бо ҳисси сипос номи ин инсони наҷиб, забардаст ва олими боистеъдоди энсиклопедӣ, яке аз аввалин физик-назариячии Осиёи Миёна, олими барҷаста ва ходими давлатиро ба ёд меоранд.
Таҳти роҳбарии бевоситаи академик [[Акобир Адҳамов|А. А. Адҳамов]] тамоми самтҳои асосии таҳқиқоти илмии ташаккулёфтаистода дар институт, ташкил карда шуданд. Академик А. А. Адҳамов кори Шӯъбаи физикаи назариявӣ ва лабораторияи акустикаи физикиро ташкил ва роҳбарӣ мекард. Таҳти роҳбарии ӯ лабораторияҳои маводҳои диэлектрикӣ, электроникаи квантӣ, технологияи криогенӣ ва озмоишгоҳи технологияҳои офтобӣ ташкил карда шуданд. Ӯ роҳбарии мавзӯҳои илмӣ-таҳқиқотии физикаи назариявӣ, масъалаҳои физикаи акустика ва физикаи маводҳои сегнетоэлектрикро ба зимма гирифта буд. Таҳти роҳбарии [[Акобир Адҳамов|А. А. Адҳамов]] Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ИФТ АМИТ) ба як маркази калони таҳқиқоти бунёдӣ табдил ёфта буд, ки бо асбобҳо ва таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз шуда, оид ба масъалаҳои гуногуни физикаи муосир таҳқиқоти ҳамаҷонибаи физикӣ гузаронида мешуд. Таҳти роҳбарии ӯ институт оид ба ворид намудани дастовардҳои андешаҳои илмию техникӣ ба иқтисодиёти хоҷагии халқ корҳои зиёде анҷом дода, ба маркази тайёр кардани мутахассисони соҳибихтисос барои соҳаҳои гуногуни саноати Тоҷикистон табдил ёфт.
Маҳз таҳти роҳбарии академик С.У.Умаров дар Шӯъбаи физикаю математика лабораторияи физикаи ҳаста, физикаи нимноқилҳо, физикаи мустаҳкамӣ, оптика, спектроскопия таъсис дода шуданд, ки пояҳои сохтори ташаккулёфтаистодаи Институти физикаю техникаро ташкил дода, роҳҳои афзалиятноки рушди илми физика муайян карда шуданд.
[[Акс:Умаров-С.У..png|мини|Султон Умаров]]
 
Дар суратҷаласаи нишасти Коллегияи комитети давлатӣ оид ба ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотии ИҶШС аз 11 апрели соли 1964 таҳти №27 “Доир ба тартиб даровардани шабакаҳои муассисаҳои илмии Тоҷикистон” чунин омада буд: “Таклифи Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ва Раёсати Академияи илмҳои ИҶШС оид ба ташкили Институти физикаю техника дар Академияи илмҳои Тоҷикистон дар асоси пойгоҳи Шӯъбаи физикаю математика қабул карда шавад”. Дар зери сатрҳои хушки иқтибос аз суратҷаласа энергияи бузурги академик С.У.Умаров, истеъдод ва қобилияти итминони мақомоти олиро ба даст оварда тавонистани ӯ, дар зарурати сохтани институтҳои нав дар системаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, сарфи назар аз норасогии кадрҳо, кам будани таҷҳизотҳои моддию техникӣ дар лабораторияҳо, эҳсос карда мешавад.
 
Бо дастгирӣ ва роҳнишондиҳии академик С.У. Умаров кадрҳои баландихтисос ба монанди академик Р.М. Марупов, узви вобастаи АИҶТ И.И. Исмоилов, профессорҳо Б.С. Умаров, Ш.С. Мазитов, Ш.М. Мавлонов, Х.М. Қурбанов, М.А. Султанов омода карда шуданд. Насли ояндаи физикҳо ба монанди академик [[Саидмуҳаммад Одинаев]], академик Х. М. Ахмедов, узви вобаста Т. Ҳ. Солехов, У. Мадвалиев, профессорҳо М.И. Салоҳутдинов, Ш. Аҳмедов, [[Файз Нормуродов| Ф. Нормуродов]]; докторони илмҳои физикаю математика: Н.Мухторов, С.Ф. Абдуллоев, Н. Шкляр, Ю.М. Шукринов; доктори илмҳои химия Т. Шукуров, номзади илмҳои физикаю математика [[Ином Бобоҷонов | И. Б. Бобоҷонов]], А.А. Ҷураев, С.Н. Сакиев, А. Холов, Р.А.Қориева, К.Кабутов, И.Раҳимов, Б.Назаров, В. Салимов, Ш.Ш. Азимов, М.Н.Цеитлин, В.М. Николаев ва бисёр дигарон бо таҳқиқоти илмии худ ва натиҷаҳои бадастомада дар рушди институт саҳми назаррас гузоштанд.
Дар тӯли 15 соли таъсисёбии институт, аллакай дар соли 1979, дар сохтори институт зершӯъбаҳои зерини илмӣ ташкил карда шуданд: