Фарқият байни намунаҳои "Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АМИТ"

== Таърих ==
Нахустин таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи илми физика дар системаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (то 20.03.2020 ¬ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба таъсисёбии Шӯъбаи физикаю математика дар соли 1957, ки бевосита бо ташаббуси президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон Султон Умарович Умаров амалӣ гашта буд, вобаста аст. Дар як вақт омодакунии интенсивӣ ва мақсадноки кадрҳои илмӣ дар соҳаи физика оғоз меёбад – аксарияти мутахассисони ҷавон, ки ташнаи илм буданду онҳоро олами пурасрори ҷустуҷӯйҳо ба худ ҷалб мекард, ба марказҳои илмии бонуфузи Академияи илмҳои ИҶШС, Академияи илмҳои Белорусия, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва дигар ҷумҳуриҳои ҳамсоя фиристода шуданд.

Аввалин корҳои илмӣ-таҳқиқотии Шӯъбаи физикаю математика ба омӯзиши хосиятҳои комплексии физикӣ, физикӣ-химиявӣ ва сохтории пайвастагиҳои нимноқилҳои бинарӣ ва мураккаб, таъсири мутақобилаи ионҳои манфӣ бо сатҳи металл, коркарди баланд бардоштани усулҳои эмиссонии спектралӣ ва баъзе аз масъалаҳои физикаи ҳаста бахшида шуда буданд. Аз 1-уми июни соли 1964 дар заминаи лабораторияи амалкунандаи Шӯъбаи физикаю математика, ки дар сақфҳои он масъалаҳои номбаршудаи илми физика ҳал карда мешуданд, Институти физикаю техника ташкил карда шуд, ки номи ташкилкунандаи он – академик С.У.Умаров, ки дар ҳақиқат марди дорои истеъдоди фавқуллода буд, ба худ мегирад. Имрӯз олимон-физикон бо як фахри хоса ва бо ҳисси сипос номи ин инсони наҷиб, забардаст ва олими боистеъдоди энсиклопедӣ, яке аз аввалин физик-назариячии Осиёи Миёна, олими барҷаста ва ходими давлатиро ба ёд меоранд.

Маҳз таҳти роҳбарии академик С.У.Умаров дар Шӯъбаи физикаю математика лабораторияи физикаи ҳаста, физикаи нимноқилҳо, физикаи мустаҳкамӣ, оптика, спектроскопия таъсис дода шуданд, ки пояҳои сохтори ташаккулёфтаистодаи Институти физикаю техникаро ташкил дода, роҳҳои афзалиятноки рушди илми физика муайян карда шуданд.

Дар суратҷаласаи нишасти Коллегияи комитети давлатӣ оид ба ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотии ИҶШС аз 11 апрели соли 1964 таҳти №27 “Доир ба тартиб даровардани шабакаҳои муассисаҳои илмии Тоҷикистон” чунин омада буд: “Таклифи Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ва Раёсати Академияи илмҳои ИҶШС оид ба ташкили Институти физикаю техника дар Академияи илмҳои Тоҷикистон дар асоси пойгоҳи Шӯъбаи физикаю математика қабул карда шавад”. Дар зери сатрҳои хушки иқтибос аз суратҷаласа энергияи бузурги академик С.У.Умаров, истеъдод ва қобилияти итминони мақомоти олиро ба даст оварда тавонистани ӯ, дар зарурати сохтани институтҳои нав дар системаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, сарфи назар аз норасогии кадрҳо, кам будани таҷҳизотҳои моддию техникӣ дар лабораторияҳо, эҳсос карда мешавад.

Дар Қарори КМ ҲК Тоҷикистон ва Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 29 майи соли 1964 таҳти №228 қайд карда шудааст: “Бо назардошти хизматҳои бузурги С.У.Умаров дар рушди илм ва таҳқиқотҳои физикӣ дар ҷумҳурӣ ва барои пос доштани хотираи неки ӯ, ба Институти физикаю техникаи Академияи илмҳои Тоҷикистон номи академик С.У.Умаров дода шавад ва минбаъд чунин номгузорӣ карда шавад”: Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар суратҷаласаи нишасти Коллегияи комитети давлатӣ оид ба ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотии ИҶШС аз 11 апрели соли 1964 таҳти №27 “Доир ба тартиб даровардани шабакаҳои муассисаҳои илмии Тоҷикистон” чунин омада буд: “Таклифи Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ва Раёсати Академияи илмҳои ИҶШС оид ба ташкили Институти физикаю техника дар Академияи илмҳои Тоҷикистон дар асоси пойгоҳи Шӯъбаи физикаю математика қабул карда шавад”. Дар зери сатрҳои хушки иқтибос аз суратҷаласа энергияи бузурги академик С.У.Умаров, истеъдод ва қобилияти итминони мақомоти олиро ба даст оварда тавонистани ӯ, дар зарурати сохтани институтҳои нав дар системаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, сарфи назар аз норасогии кадрҳо, кам будани таҷҳизотҳои моддию техникӣ дар лабораторияҳо, эҳсос карда мешавад.
Бунёди Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров ҳодисаи бузурге буд дар ҳаёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Барои рушди ҳаматарафаи таҳқиқотҳои физикӣ-математикӣ дар ҷумҳурӣ, ҳалли масъалаҳои мубрами иқтисодиву миллӣ, коркард ва татбиқи технологияҳои нав дар саноати кишвар, замина гузошта шуд. Институт дар соҳаҳои масъалаҳои фундаменталӣ ва таҷрибавии физикаи ҳаста, физикаи ҷисмҳои сахт ва нимноқилҳо таҳқиқот мебурд.

Дар саргаҳи ташаккул ва рушди илми физика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои физикаю математика, профессор, Корманди шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон Акобир Адҳамович Адҳамов – нахуст директори институт, ки то соли 1991 сарварии ин муассисаро ба ӯҳда дошт, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Латиф Шарифович Хоҷаев ва Баҳрулло Нарзуллоев, номзади илмҳои физикаю математика Н.М. Ҳошимов истода буданд.

Бо дастгирӣ ва роҳнишондиҳии академик С.У. Умаров кадрҳои баландихтисос ба монанди академик Р.М. Марупов, узви вобастаи АИҶТ И.И. Исмоилов, профессорҳо Б.С. Умаров, Ш.С. Мазитов, Ш.М. Мавлонов, Х.М. Қурбанов, М.А. Султанов омода карда шуданд. Насли ояндаи физикҳо ба монанди академик [[Саидмуҳаммад Одинаев]], академик Х. М. Ахмедов, узви вобаста Т. Ҳ. Солехов, У. Мадвалиев, профессорҳо М.И. Салоҳутдинов, Ш. Аҳмедов, [[Файз Нормуродов| Ф. Нормуродов]]; докторони илмҳои физикаю математика: Н.Мухторов, С.Ф. Абдуллоев, Н. Шкляр, Ю.М. Шукринов; доктори илмҳои химия Т. Шукуров, номзади илмҳои физикаю математика [[Ином Бобоҷонов | И. Б. Бобоҷонов]], А.А. Ҷураев, С.Н. Сакиев, А. Холов, Р.А.Қориева, К.Кабутов, И.Раҳимов, Б.Назаров, В. Салимов, Ш.Ш. Азимов, М.Н.Цеитлин, В.М. Николаев ва бисёр дигарон бо таҳқиқоти илмии худ ва натиҷаҳои бадастомада дар рушди институт саҳми назаррас гузоштанд.
Таҳти роҳбарии бевоситаи академик А.А. Адҳамов тамоми самтҳои асосии таҳқиқоти илмии ташаккулёфтаистода дар институт, ташкил карда шуданд. Академик А.А.Адҳамов кори Шӯъбаи физикаи назариявӣ ва лабораторияи акустикаи физикиро ташкил ва роҳбарӣ мекард. Таҳти роҳбарии ӯ лабораторияҳои маводҳои диэлектрикӣ, электроникаи квантӣ, технологияи криогенӣ ва озмоишгоҳи технологияҳои офтобӣ ташкил карда шуданд. Ӯ роҳбарии мавзӯҳои илмӣ-таҳқиқотии физикаи назариявӣ, масъалаҳои физикаи акустика ва физикаи маводҳои сегнетоэлектрикро ба зимма гирифта буд.

Дар тӯли 15 соли таъсисёбии институт, аллакай дар соли 1979, дар сохтори институт зершӯъбаҳои зерини илмӣ ташкил карда шуданд:
Академик А.А.Адҳамов мутахассиси бузурги соҳаи физикаи назариявӣ буда, самтҳои асосии таҳқиқоти ӯ дар соҳаи назарияи молекулавӣ-кинетикии газҳо ва моеъҳо, акустикаи молекулавӣ ва назарияи гузаришҳои фазавиро ташкил медоданд. Назарияи кинетикии ҷараёнҳои номувозинатии моеъҳо, аз ҷумла паҳншавии мавҷҳои ултрасадо дар моеъҳо, назарияи молекулавии хосиятҳои часпакӣ-чандирии моеъҳо ва назарияи фурӯбарии резонанси ултрасадо дар муҳити конденсӣ бо ташаббуси ӯ рушд намуданд. Назарияи кинетикии равандҳо ва зуҳуроти флуктуатсионии моеъҳоро дар назди нуқтаи критикӣ пешниҳод кард, хусусиятҳои термофизикӣ, динамикӣ ва оптикии кристаллҳои ноқис омӯхта шуданд. Ин корҳои илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ дар соҳаи назарияи омори муҳитҳои конденсӣ ва акустикаи молекулавӣ барои рушди як қатор самтҳои таҳқиқоти назариявӣ дар мактаби назариячиҳои ташкил кардаи ӯ асосӣ буданд. Яке аз зумраи арбобони боистеъдоди мактаби физик-назариячиёни А.А.Адҳамов ба шумул мераванд: академик С.Одинаев, узви вобастаи АИҶТ Т.Х.Салихов, профессорон М.И.Салахутдинов, А.Асоев, В.И.Лебедев, А.Ашуров, номзадони илмҳои физикаю математика, дотсентон А.А.Абдурасулов, Ҳ.Насруллоев ва як қатор олимони дигар, ки ба рушди илми физика дар ҷумҳурӣ саҳм гузоштанд.

Академик А.А.Адҳамов яке аз ташкилкунандагони асосии илм дар Тоҷикистон буд. Таҳти роҳбарии ӯ, Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ИФТ АМИТ) ба як маркази калони таҳқиқоти бунёдӣ табдил ёфта буд, ки бо асбобҳо ва таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз шуда, оид ба масъалаҳои гуногуни физикаи муосир таҳқиқоти ҳамаҷонибаи физикӣ гузаронида мешуд. Таҳти роҳбарии ӯ институт оид ба ворид намудани дастовардҳои андешаҳои илмию техникӣ ба иқтисодиёти хоҷагии халқ корҳои зиёде анҷом дода, ба маркази тайёр кардани мутахассисони соҳибихтисос барои соҳаҳои гуногуни саноати Тоҷикистон табдил ёфт.

Бо дастгирӣ ва роҳнишондиҳии академик С.У. Умаров кадрҳои баландихтисос ба монанди академик Р.М. Марупов, узви вобастаи АИҶТ И.И. Исмоилов, профессорҳо Б.С. Умаров, Ш.С. Мазитов, Ш.М. Мавлонов, Х.М. Қурбанов, М.А. Султанов омода карда шуданд. Насли ояндаи физикҳо ба монанди академик [[Саидмуҳаммад С.Одинаев]], академик Х. М. Ахмедов, узви вобаста Т. ҲХ. СолеховСалихов, У. Мадвалиев, профессорҳо М.И. Салоҳутдинов, Ш. Аҳмедов, [[Файз Нормуродов| Ф. Нормуродов]]; докторони илмҳои физикаю математика: Н.Мухторов, С.Ф. Абдуллоев, Н. Шкляр, Ю.М. Шукринов; доктори илмҳои химия Т. Шукуров, номзади илмҳои физикаю математика [[Ином Бобоҷонов | И. Б. Бобоҷонов]], А.А. Ҷураев, С.Н. Сакиев, А. Холов, Р.А.ҚориеваКариева, К.Кабутов, И.Раҳимов, Б.Назаров, В. Салимов, Ш.Ш. Азимов, М.Н.Цеитлин, В.М. Николаев ва бисёр дигарон бо таҳқиқоти илмии худ ва натиҷаҳои бадастомада дар рушди институт саҳми назаррас гузоштанд.
Дар тӯли 15 соли таъсисёбии институт, аллакай дар соли 1979, дар сохтори институт зершӯъбаҳои зерини илмӣ ташкил карда шуданд:

* Лабораторияи физикаи ҳаста, ки соли 1962 таъсис ёфтааст, ба таҳияи масъалаҳои амалии физикаи ҳаста, омӯхтани таъсири мутақобилаи зарраҳои космикӣ бо ҳастаҳои унсурҳои мухталиф ҳангоми энергияи баланд ва фавқулбаланд машғул аст (эксперименти “Помир”);
* Лабораторияи физикаи нимноқилҳо, ки соли 1962 таъсис ёфтааст, бо омӯзиши зуҳуроти кинетикӣ дар нимноқилҳо машғул аст;
* Лабораторияи криогенӣ, ки соли 1972 таъсис ёфтааст, хосиятҳои физикии ноқилҳоро дар ҳарорати паст омӯхта, дар айни замон сохтани асбобҳои крио-магнитотерапиро барои эҳтиёҷоти соҳаи тибб таҳия карда истодааст;
* Лабораторияи оптоакустика, ки соли 1976 таъсис ёфтааст, дар соҳаи спектроскопияи ҷисми сахт ва пароканиши мувофиқи нурҳои рӯшноӣ кор мебарад.

Дар 15 соли оянда, то соли 1994, дар институт 11 лаборатория, 2 кафедра ва 4 гурӯҳ фаъолият мубурданд, ки дар шаш самти асосӣ, ки 17 мавзӯъро дарбар мегирад таҳқиқоти илмӣ бурда мешуд.

Аз соли 1991 то 1999 институтро олими маъруф дар соҳаи спектроскопияи пайвастаҳои фаромолекулӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессор, Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лауреати Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника, академик [[Раҳим Марупов|Р. М. Марупов]] сарварӣ мекард.

Бо Қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маълумотнома ва хулосаи комиссия оид ба баҳодиҳии фаъолияти институт дар солҳои 1991-1995 ба роҳбарияти институт супориш дода шуд, ки лабораторияҳои бо ҳам қаробат доштаро муттаҳид намуда, мавзӯъҳоро мустаҳкам карда, онҳоро бо ҳалли мушкилотҳо барои рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ пайванд намоянд. Моҳи феврали соли 1996 Шӯрои илмии институт сохтори нави институтро қабул кард, ки он аз ҷониби Шӯъбаҳои илмҳои физика, математика, химия ва геология тасдиқ карда шуд. Шумораи зерсохторҳои илмӣ аз 15 то ба 9 кам карда шуд. Ҳамзамон бо таҷдиди сохтори институт, васеъ кардани мавзӯъҳо гузаронида шуд. Агар соли 1995 таҳқиқот аз рӯи 17 мавзӯи нақшаи илмӣ-таҳқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бурда мешуданд, ки аз ҳисоби буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ карда мешуд, дар соли 1996 миқдори мавзӯъҳо то ба 7 мавзӯъ кам карда шуд.
Академик Р.Марупов усулҳои махсусро кор карда баромад, ки имкон дод бори аввал хусусиятҳои спектроскопиро системанок гардонад ва хусусиятҳои нозуки сохтории нахҳои пахтаи пайдоиши гуногун, нахҳои растаниҳои солим ва доғдорро ошкор кунад. Хусусиятҳои сохтори молекулавии целлюлозаи пахта дар вақти биосинтези он, нахҳои пахта ва зағир, нитратҳои селлюлоза омӯхта шуда, қонуниятҳои молекулавӣ-динамикии спектрҳои РПЭ коркард карда шуда, робитаи онҳо бо хосиятҳои физикӣ ва механикӣ муқаррар карда шудаанд.

Аз соли 1999 то 2001 институтро доктори илмҳои физикаю математика, профессор, академики АИ ҶТ, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон [[Саидмуҳаммад Одинаев|С.О Одинаев]], мутахассиси варзида дар соҳаи назарияи молекулӣ- кинетикии моеъҳо роҳбарӣ мекард. Аз ҷониби ӯ назарияи релаксатсияи сохтории моеъҳои классикӣ, истифодаи он дар омӯзиши электролитҳо, моеъҳои магнитӣ ва дигар намуд моеъҳои классикӣ таҳия шудаанд. Академик С. Одинаев дар тарбияи кадрҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми бузург гузошта, таҳти роҳбарии ӯ як қатор рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дифоъ карда шудааст.

Академик [[Саидмуҳаммад Одинаев|С.О Одинаев]] дар рушди таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми бузург гузошта, баъдтар роҳбари Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки маъхази асосии кадрҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ, табиӣ ва техникиро ташкил медиҳанд, ба ӯҳда дошт. Ба туфайли фаъолияти ӯ, робитаи институт бо муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ хеле мустаҳкам гардид ва тамоюли мусбати воридшавии мутахассисони ҷавон ба илми академӣ ба назар расид. Дар вазифаи ноиби президенти Академияи илмҳо, академик [[Саидмуҳаммад Одинаев|С.О Одинаев]] кори пурсамари ташкили воридшавии илм ва техникаро дар корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе иҷро карда, ба эҳтиёҷоти таъхирнопазири институтҳои Шӯъбаҳои физика, математика, химия, геология ва илмҳои техникӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир менамояд.

Дар солҳои 2001 - 2005 институтро номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Анвар Абдурасулович Абдурасулов, вориси мактаби академик А.А.Адҳамов ва академик С.Одинаев, мутахассиси маъруф дар соҳаи назарияи молекулавии кинетикии моеъҳои асимметрӣ, электролитҳо ва кристаллҳои моеъ роҳбарӣ мекарданд. А.А.Абдурасулов дар рушди муносибатҳои институт бо Маркази байналмилалии илмӣ ва техникӣ, иштироки фаъоли кормандони институт ба ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва техникӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва Канада саҳми бузург гузошт. Ба туфайли лоиҳаҳои Маркази байналмилалии илм ва техника дастрасӣ ба шабакаҳои глобалӣ, ба пойгоҳҳои электронии муосири интишороти илмӣ ва ғайра таъмин карда шуд. Ҳамчун ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, А.А.Абдурасулов ба таҳкими робитаҳои илмҳои академӣ ва донишгоҳӣ ва ҷалби ҷавонон ба илмҳои бунёдӣ ва амалӣ мусоидат намуд.

Аз соли 2006 то 2017 институтро [[Ҳикмат Мӯминов|Ҳ.Ҳ. Муминов]], доктори илмҳои физикаю математика, профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассиси маъруф дар соҳаи физикаи математикии ғайрихаттӣ ва назарияи муҳитҳои конденсӣ, роҳбарӣ кардааст. <ref name="https://phti.tj/">[https://phti.tj/tj/%D0%BE%D0%B8%D0%B4-%D0%B1%D0%B0-%D0%B8%D0%BD%D1%81%D1%82%D0%B8%D1%82%D1%83%D1%82/ ОИД БА ИНСТИТУТ]</ref>

Ҳоло директори институт номзади илмҳои физикаю математика [[Фарҳод Шокир]] мебошад. <ref name="http://sadoimardum.tj/">[http://sadoimardum.tj/president/arori-ukumati-um-urii-to-ikiston-dar-borai-direktori-instituti-fizikayu-tehnikai-ba-nomi-s-umarovi-akademiyai-ilm-oi-um-urii-to-ikiston-ta-in-namudani-far-od-shokir/ Дар бораи директори Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Фарҳод Шокир]</ref>

Anonymous user