Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АМИТ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 48:
 
== Таърих ==
Нахустин таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи илми физика дар системаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (то 20.03.2020 ¬- Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба таъсисёбии Шӯъбаи физикаю математика дар соли 1957, ки бевосита бо ташаббуси президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон Султон Умарович Умаров амалӣ гашта буд, вобаста аст. Дар як вақт омодакунии интенсивӣ ва мақсадноки кадрҳои илмӣ дар соҳаи физика оғоз меёбад – аксарияти мутахассисони ҷавон, ки ташнаи илм буданду онҳоро олами пурасрори ҷустуҷӯйҳо ба худ ҷалб мекард, ба марказҳои илмии бонуфузи Академияи илмҳои ИҶШС, Академияи илмҳои Белорусия, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва дигар ҷумҳуриҳои ҳамсоя фиристода шуданд.<br>
Аввалин корҳои илмӣ-таҳқиқотии Шӯъбаи физикаю математика ба омӯзиши хосиятҳои комплексии физикӣ, физикӣ-химиявӣ ва сохтории пайвастагиҳои нимноқилҳои бинарӣ ва мураккаб, таъсири мутақобилаи ионҳои манфӣ бо сатҳи металл, коркарди баланд бардоштани усулҳои эмиссонии спектралӣ ва баъзе аз масъалаҳои физикаи ҳаста бахшида шуда буданд. Аз 1-уми июни соли 1964 дар заминаи лабораторияи амалкунандаи Шӯъбаи физикаю математика, ки дар сақфҳои он масъалаҳои номбаршудаи илми физика ҳал карда мешуданд, Институти физикаю техника ташкил карда шуд, ки номи ташкилкунандаи он – академик С.У.Умаров, ки дар ҳақиқат марди дорои истеъдоди фавқуллода буд, ба худ мегирад. Имрӯз олимон-физикон бо як фахри хоса ва бо ҳисси сипос номи ин инсони наҷиб, забардаст ва олими боистеъдоди энсиклопедӣ, яке аз аввалин физик-назариячии Осиёи Миёна, олими барҷаста ва ходими давлатиро ба ёд меоранд.<br>
Маҳз таҳти роҳбарии академик С.У.Умаров дар Шӯъбаи физикаю математика лабораторияи физикаи ҳаста, физикаи нимноқилҳо, физикаи мустаҳкамӣ, оптика, спектроскопия таъсис дода шуданд, ки пояҳои сохтори ташаккулёфтаистодаи Институти физикаю техникаро ташкил дода, роҳҳои афзалиятноки рушди илми физика муайян карда шуданд.<br>