Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АМИТ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 99:

= Самтҳои фаъолият ва натиҷаҳои асосӣ =
Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар зерсохтори институт самтҳои асосии зеринро дар бар мегиранд:

* Дар самти «Физикаи ҳаста» проблемаҳои усулҳои таҳқиқоти ядроӣ-физикӣ ҳал карда шуда, инчунин дар соҳаи физикаи нурҳои кайҳонӣ ва физикаи энегияҳои фавқулбаланд таҳқиқот гузаронида мешаванд. Яке аз вазифаҳои муҳимтарини институт - барқарор ва ба кор даровардани реактори Аргус мебошад, ки дар ҳолати нигоҳдорӣ (консерватсия) қарор дорад. Бо ба кор даровардани реактори Аргус, таҳлилҳои нейтроно-активатсионӣ ва нейтронно-графикӣ рушд меёбанд ва истеҳсоли радиодоруҳо барои тибби ҳастаӣ оғоз меёбад.
- физикаи ядроӣ;

- физикаи назариявӣ;

- физикаи муҳити конденсӣ;

- оптика, электроникаи квантӣ;

- масъалаҳои физикӣ ва техникии энергетика;

- физикаи атмосфера;

- истифодаи усулҳои таҳқиқотии физикӣ дар тиб,

ки мувофиқи он масъалаҳои зерин ҳал карда мешаванд:

- усулҳои таҳқиқоти физикӣ- ядроӣ;

- нурҳои кайҳонӣ ва физикаи энергияҳои фавқулбаланд;

- физикаи нимноқилҳо;

- ташаккул ва сохтори кристаллҳо;

- физикаи сегнетоэлектрикҳо ва диэлектрикҳо;

- физикаи муҳити конденсӣ дар ҳарорати паст;

- спектроскопия;

- оптикаи коҳерентии ғайрихаттӣ (электроникаи квантӣ);

- акустика;

- омӯзиши равандҳои физикӣ дар атмосфера;

- манбаъҳои барқароршавандаи энергия.

* Дар самти «Физикаи ҳаста» проблемаҳоимуаммоҳои усулҳои таҳқиқоти ядроӣ-физикӣ ҳал карда шуда, инчунин дар соҳаи физикаи нурҳои кайҳонӣ ва физикаи энегияҳои фавқулбаланд таҳқиқот гузаронида мешаванд. Яке аз вазифаҳои муҳимтарини институт - барқарор ва ба кор даровардани реактори Аргус мебошад, ки дар ҳолати нигоҳдорӣ (консерватсия) қарор дорад. Бо ба кор даровардани реактори Аргус, таҳлилҳои нейтроно-активатсионӣ ва нейтронно-графикӣ рушд меёбанд ва истеҳсоли радиодоруҳо барои тибби ҳастаӣ оғоз меёбад.
== Эксперименти "Помир" ва таҳқиқи нурҳои кайҳонӣ ==
Таҳқиқоти нурҳои кайҳонӣ ҳанӯз дар Шӯъбаи физика ва математика бо таҳқиқоти нигоҳ дошта нашудани ҷуфтӣ, ҳангоми иҳотаи мю-мезонҳои нурҳои кайҳонӣ аз тарафи ядроҳои моддаҳо, бо мақсади омӯзиши асимметрияи паридани нейтрон вобаста ба спини ядро, оғоз шуда буданд. Таҳқиқотҳо ба натиҷаҳои ба даст омада дар баландии 3860 м аз сатҳи баҳр дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон асоснок шуда буданд.

Соли 1971 бо ташаббуси Институти физикаи Академияи илмҳои ИҶШС (ИФАИ ба номи П.Н. Лебедев, «ФИАН») дар Помир дар мавзеи Ак-Архар дар баландии 4360 м аз сатҳи баҳр таҳқиқоти муштарак бо олимони ИФТ АИ ҶТ, оид ба омӯхтани таъсири зарраҳои элементарӣ ва нуклонҳо бо нуклонҳо ва ядроҳо дар энергияи аз 10^12 эВ баланд (эксперименти Помир) оғоз шуданд. Ҳангоми таҷриба таҷҳизоти камераи рентгеноэммулсионӣ бо масоҳати 1000м2 ҷамъ ва насб карда шуд. Дар иҷроиши вазифаҳои эксперименти “Помир” Институти физикаю техникии ба номи С.В. Стародубцев А.И. ҶШС Ӯзбекистон, Пажӯҳишгоҳи ҳастаи Академияи илмҳои ИҶШС, Институти таҳқиқоти физикаи ҳастаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Д.В. Скобелцин, Институти физикаи энергияҳои фавқулбаланди Академияи илмҳои ҶШС Қазоқистон, Институти физикаи Академияи илмҳои ҶШС Гурҷистон ширкат варзиданд. Соли 1987, дар Париж, дар Конференсияи XVII Байналмилалӣ оид ба нурҳои кайҳонӣ, созишнома дар бораи ташкили ҳамкориҳои “Помир-Чақалтой” ба имзо расид, ки кӯшишҳои физикони ҳашт кишвар: Русия, Ҷопон, Лаҳистон, Бразилия, Боливия, Гурҷистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро муттаҳид кард.

[[Акс:Xrec.png|мини|Дастгоҳи рентегниву эмулсионии пойгоҳи Помир]]
Дар таҷрибаҳои Помир як қатор зуҳуроти нотакрор ва нодир ба мисли супероилаи “Ситора”, ки аз заррае бо энергияи тартиби 10^17 эВ ташаккул ёфтааст, мушоҳида карда шуд. Энергияи мутақобилаи нурҳои аввалияи кайҳонии супероилаи “Тоҷикистон” 10^18 эВ буд - ин бузургтарин энергияи мутақобилаи зарраҳои қайдкардашуда нисбат ба тамоми таҷрибаҳои ҷаҳонӣ бо истифодаи камераҳои калони рентгено-эмулсионӣ мебошад.

Эксперименти Помир, ки соли 1971 оғоз ёфта буд, ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи таъсис ва фаъолияти Маркази байналмилалии илмӣ-таҳқиқотии Помир-Чакалтай (МБИТ-ПЧ), ки моҳи августи соли 2008, барои баргузории таҳқиқоти муштараки ҳастаӣ ва астрофизикии нурҳои кайҳонии дорои энергияи баланд ба имзо расид, дохил карда шуд.

Дар моҳҳои июл-августи соли 2009, пас аз танаффуси тӯлонӣ, МБИТ-ПЧ экспедитсияи Помирро дар соли 2009 ташкил намуд. Мақсади асосии экспедитсия бо қувваҳои аъзоёни экспидитсия аз Россия ва Тоҷикистон, инчунин як гурӯҳи ихтиёриён аз Қирғизистон, Қазоқистон, Украина ва Фаронса, барқарор намудани биноҳои истеҳсолӣ ва истиқоматӣ, инчунин инфрасохтори пойгоҳи илмӣ дар баландии 4360 м воқеъ дар мавзеи Ак-Архари ноҳияи Мурғоби ВМКБ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир бударо ташкил медод. Ин имкон дод, ки таҳқиқоти таҷрибавии нурҳои кайҳонии дорои энергияи фавқулбаланд дар баландкӯҳҳо, тибқи барномаи илмии МБИТ-ПЧ дар доираи ҳамкориҳои васеъи байналмилалӣ барқарор карда шавад. Дар ҷараёни ин экспедитсия таҳияи як камераи рентгено-эмулсионии дуқабатаи амиқ бо қабати ҳавогии 2,5 м ва масоҳати 36 м2 ҷамъоварӣ ва оғоз карда шуд.
Ҳадафи асосии илмии эксперимент омӯхтани ҷузъи ядроӣ-фаъоли гузариши нурҳои кайҳонӣ дар баландкӯҳҳо ва муайян кардани хусусияти онҳо, ки эҳтимолан бо зарраҳои дорои хосиятҳои махсус (charmed) ва афзоиши босуръати ҳиссаи онҳо дар бурриши пурраи ғайричандир бо зиёд шудани энергия ва ё дар таркиби онҳо мавҷудияти зарраҳои аҷиби моддаҳои кваркӣ – странглетҳо вобаста аст, ташкил медиҳад.

29-30 сентябри соли 2010 дар Душанбе ва мавзеи Чечектӣ Конференсияи байналмилалии илмӣ "Дурнамои таҳқиқоти байнисоҳавии омилҳои астро-космикии ба системаҳои табиӣ ва равандҳои глобалии табиӣ таъсиркунанда" баргузор гардид. Конференсия аз ҷониби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои ИДМ гузаронида шудааст. 21-22 апрели соли 2011 дар Душанбе (Ҷумҳурии Тоҷикистон) Семинари байналмилалии илмӣ "Вазифаҳои актуалӣ ва натиҷаҳои аввали Маркази байналмилалии таҳқиқотии Помир-Чақалтой" баргузор гардид. Семинари бомуваффақият анҷом ёфта ба ҳамкориҳои олимони кишварҳои ИДМ дар доираи Маркази байналмилалии таҳқиқотии Помир-Чақалтой такони тоза бахшид. Он имкон дод, ки самтҳои пешомадноки пешрафти омӯзиши нурҳои кайҳонӣ дар баландкӯҳҳо дар заминаи натиҷаҳои ба наздикӣ бадастомада ҳам дар соҳаи физикаи нурҳои кайҳонӣ ва ҳам физикаи энергияи фавқулбаланд, ки бо шарофати коллайдери калони ҳадронии ба кор оғозкарда, босуръат рушд ёбад. Аз ҷумла, семинар масъалаҳои мубодила ва муқоисаи натиҷаҳои таҳқиқоти физикҳо ва физик-космикҳо, ки бо суръатбахшҳо кор мекунанд баррасӣ намуд ва роҳҳои ҳалли онҳо, ки мутақобилан самаранокии ҷустуҷӯи зуҳурот ва эффектҳои нав, ки пайдоиши физикаи «нав» -ро дар энергияҳои баланд нишон медиҳанд, муҳокима карданд.

== Самтҳои дигари фаъолият ==
Дар ҷараёни таҳқиқоти радиоэкологӣ дар самти "Физикаи ҳастаядроӣ" олимони институт як таҷҳизотро барои ташхис ва омӯзиши намунаҳои афтиши радиоактивӣ дар доираи аэрозоли ҳавоӣ сохтанд ва озмоиш карданд. Ин таҷҳизот барои ҷустуҷӯи минтақаҳои аномалии талафоти радиоизотопи космогении Be-7 ва шарҳ додани яке аз мигратсияи эҳтимолии изотопи Be-7 ба сатҳи хок, наботот ва об тавассути ҷараёни амудии массаҳои ҳаво аз қабатҳои болоии атмосфера ва тропопауза, пешбинӣ шудааст.

Таҳияи усулҳои нави омӯзиши таркиби радон дар ҳаво, хок, об ва боришот, инчунин усулҳои таҳлили вазъи радиатсионӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ пешниҳод шуд. Дар ҷараёни иҷрои корҳо дар асоси усулҳои физикӣ-ядроӣ, самти таҳқиқоти минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон дар бораи мавҷудияти олудагиҳои техногенӣ асоснок карда шуд.

Тақсимоти уран ва торий дар намунаҳои хокии дарёи Варзоб ба даст оварда шудаанд. Зиёдшавии консентратсияи ин элементҳо дар дараи дарёи Оҷуг, деҳаи Варзоб, муқаррар карда шуд. Бори аввал релефи муосири обанбори Қайроққум, бо усули ҷойгиркунии ултрасадо муайян карда шудааст. Натиҷаҳои ин таҳқиқот барои ҳалли масъалаҳои экологӣ ва дигар масъалаҳои хоҷагии қишлоқ муҳим мебошанд.

Моделсозии самаранокии конвертерҳои гадолиний барои детекторҳои афканишоти нейтронӣ гузаронида шуд. Барои муайян кардани таъсироти табдилдиҳандаҳои нейтронии қабатҳояшон наноандоза ба самаранокии умумии бақайдгирии нейтронҳои гармӣ, ҳисобкуниҳо гузаронида шуданд. Бо назардошти саҳми электронҳои камэнергияи Оже самараи умумии табдилдиҳандаҳо меафзояд. Барои конвертерҳо аз изотопи гадолиний-157, самараи умумӣ беш аз 10% зиёд мешавад. Нишон дода шуд, ки ҳангоми ҳисоб кардани самаранокии конвертерҳо дар асоси изотопи гадолиний-157, қабатҳои наноандозаро ба назар гирифтан лозим аст, қадами ҳадди ақали интихоб набояд аз 10 нанометр зиёд бошад. Натиҷаҳои бадастомада бо маълумоти таҷрибавӣ мувофиқанд.

* Самти «Физикаи ҳолати конденсӣ» доираи васеи таҳқиқотро дар бар мегирад, ки ба ҳалли масъалаҳои бунёдии омӯзиши ҳолат ва таркиби модда, хосият ва параметрҳои он, вобаста аз таъсири омилҳои гуногун вобастаанд. Ҳалли ин мушкилот метавонад барои таҳияи технологияи истеҳсоли маводи нави ояндадор, аз ҷумла маводи композитсионӣ дар асоси пайвастагиҳои нимноқилии дорои хусусиятҳои пешакӣ нишондодашуда, усулҳои нави таҳлил ва назорати мавод дар раванди ба даст овардани онҳо ва ҳамбастагии минбаъда бо омехтаҳо, ки сифатҳои физикию химиявии онҳоро сифатан беҳтар мекунанд ва қобилияти сохтани дастгоҳҳо дар асоси онҳо ба миён меоварад, асос карда шавад. Барои ба даст овардани пленкаҳо ва гетеросохторҳо дар асоси нимноқилҳои органикӣ таҳқиқотҳо гузаронида мешаванд.
Дар ИФТ АИ ҶТинститут технологияи парвариши кристаллҳои боратҳои литий-висмут дар шароити градиенти ҳарорати паст таҳия шудааст. Ҳангоми кристаллизатсияи боратҳои сегона ноқисиҳои марбут ба механизмҳои афзоиши кристалл муайян шуданд. Таҳқиқи табиат ва сабабҳои чунин камбудиҳо имкон медиҳад, ки ҳам морфологияи пеши кристаллизатсия ва ҳам устувории он, инчунин ҳудудҳо ва блокҳои кунҷии марбут ба тағйирёбии стехиометрияи гудохта ва пайдоиши омехтагиҳои газӣ муайян шавад. Бори аввал озмоишҳо дар бораи ба даст овардани боратҳои сегона тавассути механосинтез анҷом дода шуданд, ки усули нав дар технологияи истеҳсоли чунин пайвастагиҳо мебошанд.

Таҳқиқот дар ин самт асосан аз ҷониби Шӯъбаи наномаводҳо ва нанотехнологияҳо бурда мешаванд, ки соли 2008 дар сохтори чаҳор ҷузъҳои мавҷуда таъсис ёфтааст: сектори физикаи назариявӣ, лабораторияҳои физикаи кристаллӣ, акустикаи физикӣ (2008–2018) ва лабораторияи физикаи фаросардӣ ва фавқулноқилият (аз соли 2019). Шӯъба вазифадор карда шудааст, ки таҳқиқоти мавҷудбударо дар соҳаи назария, таҳияи технологияҳои сохтан ва омӯзиши таҷрибавӣ ва назариявии маводҳои нав, кристаллҳои дорои хосиятҳои фоиданоки физикӣ, ки дар сохтани дастгоҳҳои технологияи баланд истифодаи васеи худро пайдо мекунанд (лазерҳо, микроэлектроника, детекторҳои намудҳои гуногуни радиатсия ва ғайра) давом диҳад.

* Дар робита бо рушди босуръати нанотехнология, дар назди шӯъба вазифаҳо оид ба рушди нанотехнологиясамтимазкур гузошта шуданд, ба монанди ташкили маводи нав (монокристаллҳо ва наномаводҳо), ки дорои хосиятҳои фоиданоки физикӣ, ки барои рушди инженерӣ ва технология аҳамияти бузург ва пойдор доранд, инчунин вазифаи омӯзиши хосиятҳо ва бунёди наномаводҳои нав, кристаллҳои наносохтор, наносатҳҳо ва дигар маводҳо, ки метавонанд дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ васеъ истифода шаванд. Технологияи муосир маводҳои кристаллиро бо хусусиятҳои гуногуни физикӣ талаб мекунад. Рушди бисёр соҳаҳои илм ва технология бо дастовардҳо дар соҳаи пайдо кардани маводи нав алоқаманд аст, ки бо ёрии он на танҳо параметрҳои дастгоҳҳои мавҷуда такмил меёбанд, балки инчунин таҷҳизотҳои нав сохта мешаванд.
Таҳқиқи ҳамаҷонибаи синфҳои пайвастагиҳои молибдатҳои дукарата ва волфрам, ки дорои катионҳои яквалента ва дувалента мебошанд, имкон дод, ки бо истифода аз таҷрибаи физикӣ барои як қатор намудҳои сохторӣ хосиятҳои фоиданок, ба монанди лазерӣ, акустооптикӣ, пйезо ва сегнетоэлектрикӣ, электролитӣ, люминессентӣ, пироэлектрикӣ ва ғайра пешгӯӣ ва тасдиқ карда шавад.
Кристаллҳои фаъоли неодимии модификатсияи волфрамати калий-итрий дар ҳарорати паст ва дигар пайвастагиҳои изоструктурӣ дорои хосиятҳои беназири спектралӣ-генератсионӣ буда, дар асбобҳои махсус истифодаи худро пайдо кардаанд. Дар шӯъбаи нанотехнология ва наномаводҳо, дар лабораторияи физикаи кристаллҳо оилаи нави кристаллҳои пйезоэлектрикӣ ва сегнетоэлектрикӣ бо сохтори кристобалитӣ - молибдатҳои тсезий-литий, волфрамати тсезий-литий ва дигар пайвастагиҳои изоструктурии дорои хосиятҳои таъсирбахши электромеханикӣ ва дигар хосиятҳо кашф карда шуданд. Шаҳодатномаҳои муаллифӣ оид ба усулҳои парвариши кристаллҳои ягона гирифта шудаанд: CsLiMoO4, CsLiWO4, NaBi (WO4)2, LiBi(MoO4)2, инчунин бо илова намудани омехтагии неодим. Кристаллҳои нав дар асоси оксидҳои элементҳои нодир ва оксиди висмут ба даст оварда шуданд: Pr3Bi5O12, Er3Bi5O12, Yb3Bi5O12, Lu3Bi5O12. Технологияи истеҳсоли кристаллҳои дорои дараҷаи олии такомул таҳия карда мешаванд.

* Дар лабораторияи акустикаи физикӣ усулҳои омӯзиши хосиятҳои физикӣ, гузаришҳои фазавӣ ва равандҳои физикию химиявӣ дар сарҳади ҷисми сахт-моеъ ҳам бо усули акустикаи фаъол ва ҳам усулҳои эмиссияи акустикӣ таҳия ва ҷорӣ карда шудаанд.
Дар тӯли якчанд сол, дар бахши физикаи назариявӣ таҳқиқоти хосиятҳои физикии (акустикӣ, пйезоэлектрикӣ, оптикӣ, магнитӣ-сегнетоэластикӣ) муҳитҳои конденсӣ бо сабаби ангезиш ва динамикаи квазизаррачаҳо (экситонҳо, фононҳо, магнонҳо ва ғайра) ва комплексҳои онҳо (поляронҳо, солитонҳо, солитони пайвастшудаи магнито-эластикӣ ва ғайра) бурда шуда истодааст. Бо ин мақсад, усули умумишудаи ҳолатҳои коҳерентӣ таҳия шуд, ки хосиятҳои гурӯҳӣ-назариявӣ ва симметрияҳои ибтидои гамилтонианиро бо истифода аз усулҳои функсияи интегралӣ барои ба даст овардани гамилтонианҳо ва муодилаҳои нимклассикии ҳаракат истифода мебаранд. Ҳамоҳангсозии фазаи маъруфи геометрии Беррӣ барои ҳолатҳои коҳерентии умумишуда, ки дар гурӯҳи SU(2S+1) ба даст оварда шудааст, имкон медиҳад таҳлили муфассали эффекти нақбкунӣ дар наномаводҳои магнитӣ (дар наноструктураҳои магнитӣ ба монанди Fe8 ва Mn12) бо дарназардошти кам кардани дарозии спини классикӣ аз ҳисоби ангезонидани майдонҳои мултиполӣ гузаронида шавад. Усули ҳолатҳои коҳерентии умумишуда дар омӯзиши гузаришҳои фазавии сохторӣ дар кристаллҳо (спинҳои Пайерлс ва фазаҳои гузариши электронии Пайерлс), омӯзиши паҳншавии мавҷҳои магнитосадоии ғайрихаттӣ дар маводи магнитӣ ва омӯзиши масъалаҳои идоракунии хусусиятҳои наноструктураҳо бомуваффақият истифода мешаванд. Усулҳои моделсозии компютерӣ, ки ба усули динамикаи молекулавӣ, усули Монте Карло, назарияи функсионалҳои зичӣ асос ёфтаанд, васеъ истифода мешаванд.
* Усулҳои моделсозии адади компютерӣ барои омӯхтани муодилаҳои як ва дученаи ғайрихаттии эволютсионӣ, ки тавсифи ангезиши ғайрихаттии табиати гуногундоштаро дар муҳитҳои конденсӣ (анти- ва ферромагнетикҳои Ҳейзенберг, графен, моддаҳои ҳадронӣ дар физикаи энергияҳои баланд ва фавқулбаланд) истифода мешаванд. Аз ҷумла, устуворӣ ва динамикаи таъсири мутақобилаи солитонҳои дученаи динамикии топологӣ дар сигма-модели вектории ғайрихаттии назарияи майдон дар ҳолатҳои изотропӣ ва анизотропӣ таҳқиқ карда мешаванд. Бо ёрии усулҳои моделсозии ададӣ устувории ҳаминин навъи солитонро дар қимматҳои гуногуни заряди топологӣ нишон дода шудааст (шохиси Хопф). Моделҳои дарозмӯҳлати таҳаввулоти динамикии таъсироти чандири солитонҳои топологии дучена ба даст оварда шуданд. Каналҳои эҳтимолии пошхӯрӣ ҳангоми бархурди солитонҳои дученаи топологӣ нишон дода шудаанд. Ҳалҳои нави бионикии сигма-модели ғайрихаттии векторӣ дар ҳолати як ва дучена, ки ҳам динамикаи бризерӣ ва ҳам динамикаи гардиш дар фазои изоспин доранд, ба таври аналитикӣ ва ададӣ ба даст оварда шудаанд ва минтақаҳои мавҷудият ва устувории онҳо муайян карда шудаанд. Ин натиҷаҳо аз нуқтаи назари таҳияи моделҳои ғайрихаттии назарияи майдон ҷолиб мебошанд. Хусусиятҳои равандҳои Т-симметрии суперсимметрии (2+1) – ченаи сигма-моделҳои ғайрихаттӣ таҳқиқ шуданд. Дар марҳилаи аввал, моделҳои таъсири мутақобилаи гирдбодҳои топологӣ таҳия шуданд, ки дар он вобаста аз параметрҳои динамикӣ равандҳои пошхӯрии онҳо ба кунҷҳои локализатсия ва аннигилятсияи марҳилавӣ мушоҳида карда мешаванд. Моделҳои аннигилятсияи марҳилавии гирдбодҳои топологӣ ҳангоми ҳамбастагӣ бо сарҳадҳои доменнии 180 дараҷа ба даст оварда шуданд. Дар асоси моделҳои бадастомада, шароити ибтидоӣ барои моделсозии ададии равандҳои муштарак дар вақти баръакс таҳия карда шуд. Моделҳое ба даст оварда шудаанд, ки барқароршавии пурраи майдони топологии ибтидоии солитонҳои дар таъсири мутақобила бударо ҳангоми ҳамҷоя кардани кунҷҳои локалӣ ва мавҷҳои афканишот тавсиф мекунанд. Инчунин моделҳое ба даст оварда шуданд, ки ҷараёни ташаккули гирдбодҳои топологиро дар ҳамвории саҳади доменнӣ ва эмиссияи минбаъдаи он тавсиф мекунанд. Ҳамин тариқ, хусусияти T-инвариантнокии модели назариявӣ-майдонӣ таҳқиқшаванда тасдиқ карда шуд.
* Муқоисаи элементҳои маълуми офтобии наносохторӣ дар асоси карбиди кремний гузаронида шуда, як қатор хусусиятҳои ҷараёни зол-гел барои синтез кардани нанохокаи карбиди кремний таҳқиқ шуданд. Дар ин замина, технологияи самаранок ва камхарҷ барои истеҳсоли нанохокаи карбидҳои кремний бо усули зол-гел таҳия карда шуд. Таҳқиқоти намунаҳои нанохокавии карбидҳои кремний дар дар раванди истеҳсол, инчунин пас аз бозпухт дар ҳарорати гуногун бо мақсади ба даст овардани нанокристаллҳои андозаҳои гуногун ва муайян кардани андозаи оптималии онҳо, гузаронида шуд. Хусусиятҳои физикии намунаҳои гирифташуда бо истифода аз методҳо ва усулҳои муосир (сканер ва микроскопияи электрикии қуввагӣ, таҳлили рентгенофазавӣ ва спектроскопияи инфрасурхи Фурйе) омӯхта шуданд.
Таҳлили принсипҳои физикӣ оид ба таъсиси элементҳои офтобии наносохтордошта ва принсипҳои кори онҳо гузаронида шуд. Ҳуҷайраҳои офтобии ҳассосшуда бидуни диффузерҳои нур ва инчунин бо диффузерҳои наносохтор дар асоси диоксиди титан ва диоксиди титан/карбиди кремний сохта шудаанд ва самаранокии онҳо баҳодиҳӣ карда шуд.

== Дастовардҳо дар соҳаи физикаи фаросардӣ ==
Дар тибби тоҷик дастовардҳои нав дар баробари усулҳои анъанавӣ васеъ истифода шуданд. Дар ин самт лабораторияи криофизикаи Институти физикаю техникии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз с.2020 – лабораторияи физикаи фаросардӣ ва фавқулноқилият) саҳми назаррас гузоштааст:

* криотерапия бо истифодаи нитрогени моеъ;
* ташхиси барвақт бо истифодаи усулҳои спектроскопияи молекулавӣ;
* терапияи магнитӣ ва лазерӣ.
Криотерапия бо истифодаи нитрогени моеъ дар мамлакати мо бо он сабаб имконпазир гардид, ки соли 2014 истгоҳи нитрогении моеъи ИФТ АИ ҶТ барқарор карда шуд. Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, нитрогени моеъ дар соҳаҳои гуногуни тиб васеъ истифода бурда мешавад: гинекология, гастроэнтерология, косметология, онкология. Он инчунин дар соҳаи кишоварзӣ барои бордоркунии сунъии чорвои калони шохдор бо маводи чорводорӣ истифода мешавад. Дар институт азоти моеъ истеҳсол мекунанд, ки он на танҳо дар таҳқиқоти илмии Академияи илмҳо, лабораторияҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ, вазоратҳо, идораҳо, инчунин дар соҳаи саноатии ҷумҳурӣ васеъ истифода мешавад.

Дар ИФТ АИ ҶТ дар якҷоягӣ бо Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии гастроэнтерологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон дастгоҳе ихтироъ карда шудааст, ки бо истифода аз нитрогени моеъ барои нест кардани ҳуҷайраҳои ноаён дар ҷояш истифода мешавад. Танҳо дар соли 2016, зиёда аз 50 нафар беморони сил ва сиррози ҷигар, дигар бемориҳо бо истифодаи технологияи нав ҷарроҳӣ карда шуданд (аз ҷониби ҷарроҳ, д.и.т., профессор С.Ахмедов). То имрӯз, зиёда аз 230 амалиёти муваффақи криохирургӣ анҷом дода шудааст. Қабл аз ин, ин технология дар маркази онкологии Маскав истифода мешуд ва он дар Нидерландия, Италия ва Ҷопон низ истифода мекунанд. Барои Тоҷикистон ин табобат дастрас набуд.

= Ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳо =