Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АМИТ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 163:
 
= Ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳо =
Робитаҳои илмии институт ҳам бо муассисаҳои илмии давлатҳои ИДМ ва ҳам бо муассисаҳои илмии давлатҳои хориҷи дур рушд ва мустаҳкам мешаванд. Ҳамкориҳои байналмилалӣ тавассути созишномаҳои ҳамкориҳои илмию техникӣ ва лоиҳаҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешаванд.<br>
[[Акс:Муъминов Ҳикмат.jpg|мини| Муминов Ҳ. Ҳ.]]
Созишнома дар бораи ҳамкориҳои илмию техникӣ байни муассисаҳои Академияи илмҳои Россия Институти физикии ба номи П.Н. Лебедев АИР ва ИФТ АМИТ 29 августи 2009 тартиб дода шуд. Тибқи ин қарордод, бо иштироки Маркази таҳқиқотии Помир-Чақалтай дар бораи физикаи нурҳои кайҳонӣ таҳқиқотҳо гузаронида мешаванд.<br>
Тибқи Созишнома дар бораи ҳамкориҳои илмию техникӣ байни Академияи давлатии иҷтимоию педагогии Тоболск ба номи Д.И. Менделеев ва ИФТ АМИТ аз 13 марти соли 2010 таҳқиқоти акустикии кристаллҳои гузаронида шуда истодааст.
Лабораторияи спектроскопияи молекулавӣ то ҳол бо лабораторияи моделсозии молекулавӣ ва спектроскопияи Институти физикаи ба номи Б.И.Степанови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Беларус барои таҳқиқот дар соҳаи спектроскопияи инфрасурхи биосубтратҳо алоқаҳои илмии зич доранд.<br>
Маркази байналмилалии таҳқиқоти физикӣ-ядроӣ (МБТФЯ)-и ИФТ АМИТ бо Институти физикаи ядроии Ҷумҳурии Қазоқистон, Институти физикаи ядроии Академияи илмҳои Ӯзбекистон ва Институти муштараки таҳқиқоти ядроӣ (Дубна, Россия) ҳамкорӣ мекунад.<br>
Ҳамкориҳоро МБТФЯ бо лабораторияи миллии Сандияи ИМА ва Институти техникии Вена (Австрия) идома медиҳад. Таҳқиқот дар соҳаи моделсозии детекторҳои самарабахши афканишоти нейтронӣ якҷоя бо Институти ҲаҳнаМайтнер (Олмон) ва Институти физика ва техникаи Брауншвейг (Олмон) гузаронида мешаванд.
 
= Директорон =
* [[Акобир Адҳамов|А. А. Адҳамов]] (1964—1992)