Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АМИТ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 51:
Аввалин корҳои илмӣ-таҳқиқотии Шӯъбаи физикаю математика ба омӯзиши хосиятҳои комплексии физикӣ, физикӣ-химиявӣ ва сохтории пайвастагиҳои нимноқилҳои бинарӣ ва мураккаб, таъсири мутақобилаи ионҳои манфӣ бо сатҳи металл, коркарди баланд бардоштани усулҳои эмиссонии спектралӣ ва баъзе аз масъалаҳои физикаи ҳаста бахшида шуда буданд. Аз 1-уми июни соли 1964 дар заминаи лабораторияи амалкунандаи Шӯъбаи физикаю математика, ки дар сақфҳои он масъалаҳои номбаршудаи илми физика ҳал карда мешуданд, Институти физикаю техника ташкил карда шуд, ки номи ташкилкунандаи он – академик С.У.Умаров, ки дар ҳақиқат марди дорои истеъдоди фавқуллода буд, ба худ мегирад. Имрӯз олимон-физикон бо як фахри хоса ва бо ҳисси сипос номи ин инсони наҷиб, забардаст ва олими боистеъдоди энсиклопедӣ, яке аз аввалин физик-назариячии Осиёи Миёна, олими барҷаста ва ходими давлатиро ба ёд меоранд.<br>
Маҳз таҳти роҳбарии академик С.У.Умаров дар Шӯъбаи физикаю математика лабораторияи физикаи ҳаста, физикаи нимноқилҳо, физикаи мустаҳкамӣ, оптика, спектроскопия таъсис дода шуданд, ки пояҳои сохтори ташаккулёфтаистодаи Институти физикаю техникаро ташкил дода, роҳҳои афзалиятноки рушди илми физика муайян карда шуданд.<br>
{|align="left"
|[[File:Умаров С.У.png|150px|]]
|}
Дар суратҷаласаи нишасти Коллегияи комитети давлатӣ оид ба ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотии ИҶШС аз 11 апрели соли 1964 таҳти №27 “Доир ба тартиб даровардани шабакаҳои муассисаҳои илмии Тоҷикистон” чунин омада буд: “Таклифи Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ва Раёсати Академияи илмҳои ИҶШС оид ба ташкили Институти физикаю техника дар Академияи илмҳои Тоҷикистон дар асоси пойгоҳи Шӯъбаи физикаю математика қабул карда шавад”. Дар зери сатрҳои хушки иқтибос аз суратҷаласа энергияи бузурги академик С.У.Умаров, истеъдод ва қобилияти итминони мақомоти олиро ба даст оварда тавонистани ӯ, дар зарурати сохтани институтҳои нав дар системаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, сарфи назар аз норасогии кадрҳо, кам будани таҷҳизотҳои моддию техникӣ дар лабораторияҳо, эҳсос карда мешавад.<br>
Дар Қарори КМ ҲК Тоҷикистон ва Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 29 майи соли 1964 таҳти №228 қайд карда шудааст: “Бо назардошти хизматҳои бузурги С.У.Умаров дар рушди илм ва таҳқиқотҳои физикӣ дар ҷумҳурӣ ва барои пос доштани хотираи неки ӯ, ба Институти физикаю техникаи Академияи илмҳои Тоҷикистон номи академик С.У.Умаров дода шавад ва минбаъд чунин номгузорӣ карда шавад”: Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.<br>