Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АМИТ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎Олимони шинохта: барқарор намудани иттилооти аввала ба ҳамин қисмат
Сатри 183:
 
= Олимони шинохта =
[[Акс:Конференция физиков в АН РТ.JPG|right|thumb|Баъд аз конфронси илмии физикон (дар саҳни АИ Тоҷикистон)]]
Кушодашавии Пажуҳишгоҳҳои астрофизика (соли 1958) ва физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови (соли 1964) АИ ҶТ саҳифаи наверо дар таърихи илми тоҷик боз намуд.
 
# [[Султон Умарович Умаров]] - Поягузори илми физика дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ва мактаби илмии физикаи назариявӣ [[Султон Умарович Умаров]] (1906 - 1964)оид ба механикаи статистикӣ, физикаи ҳаста, электроникаи физикӣ, назарияи олотҳои нимноқилӣ ва фалсафаи табиат тадқиқоти арзишманд анҷом додааст. Ин донишманд ҳамчунин, бо забони ӯзбекӣ якчанд шеърҳо ва асарҳои саҳнавӣ эҷод намудааст.
#
# '''[[Акобир Адҳамов]]''' - Нахустдиректори Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи АИ ҶТ [[Акобир Адҳамов]] (1928 - 1992) бошад, ба сектори физикаи назариявӣ ва як силсила лабораторияҳои (ултрасадо, таҳлили рентгенӣ - сохторӣ, таҳлили активатсионӣ, электроникаи квантӣ ва криогенӣ) пажӯҳишгоҳи мазкур асос гузоштааст. Вай нахустин шуда назарияи кинетикии паҳншавӣ ва фурӯбарии ултрасадоро дар моеъҳо кор кардааст. Назарияи кинетикии эластикӣ ва ғилзати моддаҳои ғайриякҷинса ва падидаҳои интиқолиро тарҳрезӣ намудааст.
# '''[[Фотеҳ Ҳакимов]]''' - физик - назариётчии дигар [[Фотеҳ Ҳакимов]] (тав. 1937) ба арсаи илм омада, фаъолияти илмиашро ба масоили назариявии физикаи плазма ва ноустувории модулатсионии плазмаи релятивӣ дар ҳалли проблемаҳои астрофизикӣ бахшидааст. Аз ҷониби ӯ пешниҳод гардидани назарияи умумии таъсири мутақобили модулатсионии функсияҳои ғайримувозинатии тақсимоти зарраҳои заряднок, имконияти баназаргирии ғайрихатии дараҷаҳои баландро фароҳам овард.
#
# [[Саидмуҳаммад Одинаев]] - Яке аз пайравони мактаби илмии физикаи назариявӣ [[Саидмуҳаммад Одинаев]] (тав. 1942), мутахассиси варзидаи назарияи статистикии ҳолати моеии моддаҳо ба шумор рафта, тадқиқоти илмӣ ва усулҳои пешниҳод намудаи ӯ роҷеъ ба сохтори макроскопии муҳити конденсӣ шӯҳрати ҷаҳонӣ доранд. Вай усули аслии таҳқиқи системаҳои классикиро дар муҳити конденсӣ бо истифода аз муодилаҳои кинетикӣ дар ҳолати мувозинатӣ ва ғайримувозинатӣ такмил додааст. Намояндаи дигари ин мактаб '''[[Тағоймурод Салихов|Тағоймурод Солеҳов]]''' (тав. 1947) сохтори назариявии хусусиятҳои спектри пароканиши дукаратаи рӯшноиро дар назди нуқтаҳои бӯҳронии моеъҳо, майдони ҳароратии моеъҳо ва ҷисмҳои сахт, қонунияти деструксияи полимерҳоро дар зери таъсири нури лазерӣ, оптоакустикаи нури лазерии моеъҳои квантию классикӣ ва фотоакустикаи ғайрихаттиро таҳқиқ намудааст. '''Ҳикмат Мӯъминов''' (тав. 1966) низ пайрави ин мактаб мебошад, ки аввалин шуда тарзи нави ҳалли муодилаи ғайрихатии вектории Шредингерро ба даст оварда, устувории солитонҳои бисёрченакаро дар назарияи майдон нишон додааст. Инчунин, вай дар соҳаи компютерҳои квантӣ тарҳрезии паҳншавии радиатсияи ҳастаиро дар модда ошкор намудааст. Намояндаи дигари ин мактаб, Фарҳод Раҳимӣ (тав. 1968) ба масоили мухталифи назариявии спини зарраҳои бунёдӣ ва ҳодисоти дохилиядроӣ машғул гардида, ба кашфиёти назаррас ноил шудааст.
#
# '''Баҳрулло Нарзуллоев''' - Мактаби илмию тадқиқотии ҷисмҳои сахт ва мустаҳкамии полимерҳо низ яке аз нахустмактабҳои илмии физика дар Тоҷикистон буда, аввалин намояндаи он Баҳрулло Нарзуллоев (1928 - 1982) ба ҳисоб меравад. Зери роҳбарии ӯ дар физика усулҳои нави илмӣ - вайроншавии ҷисмҳои сахт (хусусан, кристаллҳо) ва истифодаи нахҳои полимерҳои табиӣ (абрешим, пахта, пашм) пешниҳоди ҳамагон гардиданд. Яке аз намояндагони ин мактаб '''Тошбой Бобоев''' (тав. 1942) асосгузори равияи нави илмии физикаи ҷисмҳои сахт - «Вайроншавии фотомеханикии полимерҳо» мебошад. Вай қонунияти вайроншавии фотомеханикии полимерҳоро кашф намуда, роҳҳои баланд бадоштани устувории полимерҳоро дар шароити фотомеханикӣ аз нуқтаи назари илмӣ асоснок кардааст. Намояндаи дигари ҳамин мактаб '''Шарофиддин Тӯйчиев''' (тав. 1943) консепсияи мураттабии калонмолекулии маҳлулҳо ва полимерҳои тамоюлиро дар физика ва химия пешниҳод намудааст. '''Додо Саидов''' (1941 - 1997) бошад, рӯйдодҳои тормозшавии раванди туршшавии эластомерҳоро дар зери таъсири қувваҳои механикӣ, майдонҳои сусти магнитӣ ва механизми микротаркиши вайроншавии эластомерҳоро ошкор намудааст, ки дар ин ҷода ӯ яке аз беҳтарин физикони собиқ ИҶШС маҳсуб меёфт. Дар баробари онҳо, донишмандони дигар '''Зиёвуддин Низомов''' (тав. 1947) ба равияи нави илмӣ дар физика - «Омӯзиши сохтори ассотсиатҳо ва моҳияти релаксатсияи акустикӣ дар маҳлулҳои обии электролитҳо» асос гузошт ва '''[[Ҳасан Абдуллоев]]''' (тав. 1952) бошад, қонунияти умумии тағйироти сохтори сополиэфирҳои моеъкристаллиро ҳангоми омилҳои беруна дар равобит бо хосиятҳои реологӣ ва механикиашон муайян намуда, роҳҳои ҳосил кардани полимерҳои мустаҳкамро пешниҳод кард. Бар замми ин, З. Низомов сохтори маҳлулҳои обии электролитҳоро аниқ карда, моҳияти фурӯбурди релаксатсионии ултросадоро пешниҳод намудааст.
#
# '''[[Саидмуҳаммад Каримов]]''' (1936 - 2012) бошад, ба соҳаи нави муштараки илмӣ - физикаю химия дар Тоҷикистон асос гузошта, дар соҳаҳои мухталифи физика, механикаи полимерҳо (хусусан, ба кинетикаи вайроншавии радиатсионии маводи полимери синтетикӣ ва табиӣ) ва химия хизматҳои шоён кардааст. Дастовардҳои илмии ӯ дар рушди минбаъдаи физика, механика, химияи маводшиносии радиатсионӣ ва баланд бардоштани дараҷаи мустаҳкамии радиатсионии полимерҳо ҳисса гузоштанд.
#
# Физик - кимиёшиноси дигар '''Мардон Қурбоналиев''' (1938 - 1998) бори аввал қонунҳои асосии рафтор ва вайрошавии деформатсионии полимерҳоро дар ҳолати ҷоришавандагӣ ҳангоми ёзиши якмеҳвара дар муҳити моеъ таъин намуда, нақши ҳалкунандаҳоро дар танзими хосиятҳои полимерҳои хаттӣ омӯхт.
#
# '''Бозор Нарзиев''' - Барои пешрафти оптика ва спектроскопия дар Тоҷикистон Бозор Нарзиев (1938 - 2013) хизматҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Ӯ мактаби илмию таълимиро доир ба омӯзиши хосиятҳои оптикӣ ва сохтори моддаҳои конденсӣ - моеъҳо, маҳлулҳо ва ҷисми сахтро, ҳодисаҳои оптикӣ дар ин муҳитҳо ба амал оянда ва қобилиятҳои протондонорию протонаксептории молекулаҳоро ташкил намудааст. Тадқиқоти илмиаш ба хосиятҳои оптикии сохтори моддаҳои конденсӣ, спектрҳои электронии молекулаҳо ва таъсири байнимолекулавии спектри элементҳои гуногуни химиявӣ бахшида шудаанд.
#
# '''[[Файзи Нормурод]]''' - Дар физикаи атому ҳаста бошад, Файзи Нормурод (1944 - 2012) бештар дар масоили мухталифи зарраҳои бунёдӣ ва нурҳои кайҳонӣ тадқиқот бурдааст. Вай аввалин шуда усули нави андозагирӣ, таҳлил ва маънидоди физикаи термаи ҳастаи электромагнитии тобишҳои кайҳонии баландэнергияро ошкор намудааст. '''Саидҷаъфар Қодирӣ''' (тав. 1944) низ дар соҳаҳои таҳлили фаъолсозии канданиҳои судманд, истилоҳоти илмӣ ва забони баёнҳои илмӣ, бунёди истилоҳоти нави физикӣ, осон гардонидани таълими физика, алгебра ва нақша тадқиқотҳои назаррас анҷом додааст.
#
# '''[[Инъом Норматов]]''' - Дар инкишофи омӯзиши шароитҳои метеорологӣ ва таркиби физикию химиявии захираҳои гидрологию глясиологии Тоҷикистон саҳми Инъом Норматов (тав. 1958) назаррас аст. Ӯ оид ба ин масъалаҳо мақолаи илмию тадқиқотии бисёре навишта, ҳамасола дар даҳҳо конфронсу симпозиумҳои байналхалқӣ кишвари тоҷикро муаррифӣ менамояд.
#
# '''[[Пӯлод Бобоҷонов]]''' - Яке аз поягузорони астрофизикаи тоҷик [[Пӯлод Бобоҷонов]] (тав. 1930) дар соҳаи физика ва динамикаи метеорҳо ба таҳқиқи тақсим шудани моддаи метеорӣ дар фазои байнисайёравӣ ва таҳаввули мадори онҳо асос гузоштааст. Зери роҳбарии вай бори аввал асбоби наззори метеорӣ сохта шудааст, ки он бо усули нави мушоҳидаҳои фотографӣ ва радиолокатсионии метеорҳо асос гузошт.
# '''[[Хурсанд Ибодинов]]''' (тав. 1944) — яке аз заминагузорони самти нави тадқиқоти каметаҳост. Вай нахсутин маротиба равандҳои мураккаби физикии каметаҳоро таҳқиқ намуда, ба ҷисмҳои астероидшакл табдил ёфтани як қисми каметаҳои кӯтоҳдаврро кашф намудааст. Хулосаҳои илмии ӯ соли 2005 ҳангоми парвози киштиҳои кайҳонии «Вега» ва «Ҷотто» ба сӯи кометаи Галлей тасдиқи амалии худро ёфтанд.
# '''[[Музаффар Махсумов]]''' (1937 - 2013) оид басохт ва динамикаи галактикаҳо тадқиқоти арзанда намудааст. Вай аввалин шуда усулҳои тадқиқотии динамика ва таҳаввулоти таъсири ғайризарбавии системаи зарраҳои ба таври ҷозибавӣ алоқманд ва ба вуҷуд омадани динамикаи ҷозибаи байниҳамдигарии ситораҳои галактикаҳоро ҳамчун системаҳои статистикӣ кор карда баромадааст.
# '''[[Ином Бобоҷонов]]''' (тав. 1935) дар соҳаи физикаи ҳастаии атом, физикаи зарраҳои бунёдӣ ва физикаи нурҳои кайҳонӣ кор кардаааст.
#
Дар ин раванд метавон номи даҳҳо физикони намоёну номвари Тоҷикистонро номбар намуд, ки ҳар яки онҳо дар арсаи илми ҷаҳони саҳми худро гузоштаанд. Илова ба ин мехоҳам қайд намоям, ки олимони тоҷик ба дастовардҳои хеле бузурге ноил гардидаанд ва он аз мадди назари ҷаҳониён дур намемонад. Бинбар ин хостам хизматҳои чанд тан аз ононро рӯи қоғаз орам, зеро дар матбуоти даврӣ дар бораи фаъолияти олимони табиатшиносӣ ками дар кам матолиб нашр мешаванд.<ref>[http://faraj.tj/culture/6772-sa1202mi-fizikoni-to1206ik-dar-arsai-ilmi-1206a1202on1250.html#sel= САҲМИ ФИЗИКОНИ ТОҶИК ДАР АРСАИ ИЛМИ ҶАҲОНӢ]</ref>
 
= Ташрифи олимони шинохта ба институт =