Афғонистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Вироиши بچه باز (Баҳс) вогардонида шуд ба охирин тағйире, ки Looplena97 анҷом дода буд
Барчасб: вогардонӣ
Сатри 186:
[[Акс:Zohib Islam Amiri (in red uniform) vs Jeje Lalpekhlua (in blue uniform).jpg|alt=Дастаи миллии футболи Афғонистон (дар либоси сурх), пеш аз нахустин ғалабаи худ бар Ҳиндустон (кабуд). SAFF, 2011|thumb|250x250px|Дастаи миллии футболи Афғонистон (дар либоси сурх), пеш аз нахустин ғалабаи худ бар [[Ҳиндустон]] (кабуд). SAFF, [[2011]]]]
Ба монанди дигар кишварҳои дунё ва минҷумла мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, таърихи варзиш дар Афғонистон ба умқи асрҳои гузаштаи дур мепайвандад. Нахуст варзиш дар шакли бозиҳои гуногуни одӣ (аксаран байни наврасону ҷавонон) зуҳур карда, минбаъд ба силсилаи ягонаи мураттаб ворид гардид. Яъне аз бандбозӣ, аловпарак, баландпарак, гачабозӣ, чилликбозӣ, хурӯсҷанг, пиёдапойга барин бозиҳои серҳаракати сода оғоз гардида, бо гузашти замон ба бузкашӣ (кӯпкорӣ), пойга, гӯштингирӣ, вазнбардорӣ ва амсоли инҳо расида, дар давраи муосир ба варзиши ҷаҳонӣ, ки дорои низоми муайян ва меъёрҳои мушаххас мебошад, пайваст. Афғонистонро аз соли 1936 Кумитаи бай­налмилалии олимпӣ ба расмият шинохт ва аз ҳамон сол Афғонистон дар Бозиҳои олимпӣ ширкат кард. Ҳоло навъҳои бештар маъмули варзиш дар Афғонистон гӯштин, варзиши сабук, футбол, волейбол, гӯйбозӣ мебошанд.
 
Имрӯза афғонон [[бадансозӣ]]ро ҳам дӯст медоранд. Бадансозони машҳури ин кишвар [[Шукруллоҳ Ҳелмандӣ]]у [[Ёсин Қодирӣ]] мебошанд.
 
== Матбуот ==