Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасб: тағйири масири нав
 
No edit summary
Барчасб: Reverted
Сатри 1:
#равона [[Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ]]
Якшанбе 22 Март 2020 23:01:50 5231 Ғолибони озмуни “Донишҷӯи сол” муайян шуд 27 декабр 2020, ҶАВОНОН0 Дар ҷомеаи имрӯза мавқеи ҷавонон дар пешбурди соҳаҳои мухталифи кишвар хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав ва нерӯи созанда мебошад. Ба ҳамин хотир аст, ки ҳамасола Кумитаи ҷавонон ва варзиш барои ин қишри ҷомеа озмуну маҳфилҳои гуногун барои сайқал додани донишашон роҳандозӣ мекунад. Озмуни ҷумҳуриявии "Донишҷӯи сол" низ ҳамасола аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баргузор карда мешавад. Озмун 20-уми декабр ифтитоҳ ёфта, даври аввалаш дар ҳамин рӯз сурат гирифт. Дар даври аввали озмун 20 нафар донишҷӯён аз донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат иштирок карда, дар мавзӯи "Тоҷикистон ватани азизи ман" иншо навиштанд.
Дар даври дуюми озмун ҳар як донишҷӯ презентатсияи инфиродӣ намоиш дода, баъдан натиҷаи озмун, яъне “Донишҷӯи сол” муайян карда шуд.
Донишҷӯёне, ки иштирокчии озмун буданд, рафти онро хеле шаффоф ва одилона арзёбӣ намуданд.
Азизхочаев Шарифхон , донишҷўи курси 2-и факултаи иктисод идора,ихтисоси иктисод ва идора дар корхони, яке аз иштирокчиёни фаъол ба назар мерасид ва кӯшиш мекард ба ҳамаи суолҳои ҳакамон ба пуррагӣ ҷавоб пешниҳод намояд. Шарифхон озмуни мазкурро барои сайқал додани дониш ва талошҳои илмӣ саривақтӣ хонд. “Барои ба чунин озмунҳо омадан донишҷӯ ҳатман бо тайёрии хуб меояд. Ва ин озмунҳо сабабгор мешаванд, ки мо бори дигар китобҳои лозимиро варақгардон намоем ва барои худ боз як иттилоъ ё маълумоти дигар бигирем. Дар озмун ҳакамон ба донишҷӯён суолҳои зиёд медоданд ва аз мо ҷавоби мукаммалро интизор буданд. Фикр мекунам ҳакамон ба ҳама посухҳои донишҷӯён баҳои сазовор доданд”.
Сорбон Сахиев, ки донишҷўи курси 4-и факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи А. Рўдакӣ мебошад, аз дӯстӣ пайдо кардан бо дигар донишҷӯён хушбахт буд. Сорбон гарчанде бо тайёрӣ ба озмун омада бошад ҳам, вале баъди шиносоӣ бо ҳамсолонаш чунин эҳсос мекунад, ки ӯ аллакай ғолиб аст. Яъне барои худ дӯстони нав ва хубро пайдо кард. Сорбон, изҳор дошт, ки “ин озмун ҷавононро боз ҳам муттаҳид ва муносибати байни моро қавитар мекунад. Имрӯз мо аз ҳар минтақаи Тоҷикистон ба ин даргоҳ бо мақсади ғолиб омадан дар озмун омадем, аммо баъди вохӯрӣ ҳама ин мақсадро фаромӯш карда, ба ягдигар барор ва сазовор гардидан ба ҷойи намоёнро орзу мекунем”.
Ба гуфтаи масъулон, ки озмун нисбат ба солҳои қаблӣ хубтару беҳтар ба роҳ монда шуда, донишҷӯён низ фаъол, зирак ва ба худ боварии комил доранд. Ҳамин боварӣ ба худ онҳоро имрӯз водор кардааст, ки аз ноҳияҳои дурдаст дар озмуни “Донишҷӯи сол” иштирок варзанд.
Нозила Каримова, яке аз он иштирокчиёне ҳаст, ки аз шаҳри Хуҷанд барои санҷидани дониши худ ба пойтахт омада, иштирок намудан дар ин озмунро ифтихор медонад. Нозила, донишҷўи курси 3-юми факултаи иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мебошад. Ба гуфтаи Нозила чунин озмунҳо ба онҳо имконият медиҳанд, ки ҷаҳонбинии онҳо боз ҳам васеътар гардад. “Чунин озмунҳо имконият медиҳанд, ки ҳисси ватандӯстиву ватанпарварии ҷавонон бештар гардад. Ва мо ҷавонон бояд дар ҳама ҷанбаҳо бо масъулияти баланд фаъолият намуда, парчамбардори ин сарзамин ва кишвари муқаддасамон бошем”.