Аълохон Афсаҳзод: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х Вироиши 109.75.55.34 (Баҳс) вогардонида шуд ба охирин тағйире, ки VASHGIRD анҷом дода буд
Барчасб: вогардонӣ
Сатри 25:
|викианбор =

'''АълохонАълохóн АфсаҳзодАфсаҳзóд ''' ([[10 ноябр]]и [[1935]], [[Ворӯ|деҳаи Ворӯ]], [[ноҳияи Панҷакент]] – [[15 июл]]и [[1999]], [[Душанбе]]) — адабиётшинос-шарқшинос, матншинос, мунаққиди тоҷик, доктори илмҳои филология (1983), Ходими шоистаи илми ҶТ (1995). Узви ИН Тоҷикистон аз соли 1989.

== '''''Зиндагинома''''' ==
Хатмкардаи [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|УДТ]] (1961). Хидмат дар сафҳои Артиши Шӯравӣ (1954–1955), омӯзгори мактаби миёна (1956–1960), тарҷумон дар Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1960–1961). Солҳои 1961–1962 лаборант, 1962–1968 ходими хурди илмӣ, 1968–1970 ходими калони илмии Шуъбаи шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ, 1971–1999 мудир буд. Нахустин мақолаҳояш дар нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ солҳои 60 асри XX таълиф шудаанд.

== '''''Ёде аз ёр''''' ==

Субҳи панҷшанбе, 15 июли соли 1999, яъне 19 сол қабл, фарзанди фарзонаву фарҳехтаи тоҷик, донишманди мумтоз, олими ҳабибуссирати некӯтабиат, арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Аълохон Афсаҳзод шахсе, ки тамоми умрашро дар роҳи илм сипари намуда ва биступанҷ соли ҳаёташро вақфи омӯзиши рӯзгору пайкори Мавлоно Ҷомӣ карда буд, дар синни мубораки 63 солагӣ ҷон ба Ҷонофарин таслим намуд.

Аълохон Афсаҳзод 10 ноябри соли 1935 дар хонадони шахси барӯманд, мавриди эҳтирому иззати хосу ом, донишманди улуми шаръӣ, таҳсилгирифтаи мадориси машҳури Самарқанду Бухоро Махсуми Муҳаммадафсаҳ чашм ба олами ҳасти во намуд. Ин абармарди шариф дар муҳити илму адаби исломӣ бо тараннуми ашъору афкори бузургмардоне чун Аттор, Саноӣ, Мавлавӣ ва Ҷомӣ ба воя расидааст. Ба қавли профессор Асрори Раҳмонфар “Ба ҳукми тақдир, ин ҷавонмарди тарбиятдида ва донишандӯхта, ки дар муҳити созгори илму адаби орёиву исломӣ ба воя расидааст, аз хурдсолӣ, тақрибан, аз даҳсолагӣ, бо ному каломи муътабари Абдурраҳмони Ҷомӣ шиносоӣ пайдо карда, ба таъбиру таъйиди худаш, “тамоми умрашро бо Ҷомӣ гузарондааст””.

Аълохон Афсаҳзод дар асари гаронбаҳо ва дилангезаш “Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ адиб ва мутафаккири номӣ” дар дебочааш таҳти “Тамоми умр бо Ҷомӣ” ёде аз овони заҳабии ҳаёт, даврони дилнишини туфулияти хеш мекунад ва читавр роҳ ёфтани осори Ҷомӣ дар рӯҳу равонашро ба риштаи таҳрир дароварда ҳамчунин вазъи онвақтаи Бухорои Сониро рӯи қоғаз овардааст. Ӯ тавре қаламфарсои менамояд, ки хонандаро нохудогоҳ ба сайри рӯзгори онвақтаи Ворӯ мебарад: “Дар хонадони мо мақбулияту маҳбубияти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ суннате қадимӣ ва ойине муққадас буда, яқинан, батарзи мерос аз насле ба насле гузаштааст. Ба ин маънӣ аз рӯзе, ки ман худро мешиносам, бо номи Мавлавӣ Ҷомӣ ва каломи сеҳрбаёни ин марди бузурги адабу ирфон ошноӣ дорам, доир ба зиндагӣ ва хислатҳои наҷиб, табиати шӯх ва ҳозирҷавобии ӯ нақлу ривоятҳо шунидаам. Инчунин дар хонадони мову хешовандонамон китобҳои зиёде буданд. Дар манзили худи мо аз “Ҳафтяк” ва “Чаҳоркитоб” то китобҳои тафсиру фиқҳу фатво ва фалсафаю ирфон, ки хос мутаалиқи бобоям (Қози Бобоҷон) буданд ва кам-кам истифода мешуданд, мавҷуд буданд. Аммо чанд китобҳое ҳам буданд, ки шунидани онҳо барои мо – бачаҳо низ бисёр завқ мебахшид. Инҳо (достони) “Амир Ҳамза”, “Алфа лайла ва лайла” (Хазору як шаб), “Гулистон”, “Бӯстон” ва девони Шайх Саъдӣ, девони Хоҷа Ҳофиз, девон, “Баҳористон” ва “Ҳафтавранг”-и Мавлавӣ Ҷомӣ, девони Ҳилолӣ, “Кулиёти” Мирзо Бедил ва ниҳоят девони Эшони Туғрал буданд. Номи муаллифон ҳатман бо иловаи “Ҳазрат” дар аввал, ба тавре, ки зикарашон рафт, истифода мешуданд. Одоби тазаккур чунин буд.”

Аз ин гуфтаҳои Аълохон Афсаҳзод ба таври сареҳ аён мегардад, ки дар манзили аксар сокинони Ворӯ китобҳо ва муаллафаҳои ахлоқиву илмӣ ва ирфонӣ мавҷуд будааст. Ҳамагон аъам аз пиру ҷавон зимни изҳори ақидаи хеш аз панду андарзҳои бузургони адабиёт истифодада мекардаанд, ки ин шева яқинан, ҷуз аз моварои саҳифаҳои зардранги осори гузаштагон ҳосилшуданӣ нест. Аълохон Афсаҳзод дар идомаи хотироташ менависад: “Албата дар он маҳфилҳои хонагӣ (ин шева то замони роиҷ гардидани оинаи нилгун ва мавҷи мобилӣ дар Ворӯ идома дошт – Санҷар) “Шоҳнома”, “Хамса”-и Низомӣ, осори Шайх Аттор, “Маснавӣ”, “Тузукоти темурӣ”, “Матлаъ-ул-ъулум ва маҷмаъ-ул-фунун”, ҳаргуна баёзҳо, ки баъзеяшон аз ҳамсояҳо амонат гирифта мешуданд, даргард буданд. Қариб ҳама, сарфиназар аз босаводию бесаводӣ, аммо аксар калонсолҳо сухани худро бо андарзу ҳикматҳои бузургон ва ё латифаю мутоибаҳои халқӣ зеб медоданд. Одати мардум, ҳусни сӯҳбати эшон ва фазилати гуфторашон чунин буд”.

Аълохон Афсаҳзод дар муҳити маърифати хонадони падари бузургвори хеш то соли 1950 буда, сипас баҳри иртиқои тавонмандиҳо ва касби файз деҳа ва хонадони падарро тарк намуд. Пас аз ин дигар А. Афсаҳзод дар осмони илм чун шоҳбоз пармезад ва ҳамеша дар садади фатҳи қулаҳои баланди эҷодӣ қарор дошт. Дар тӯли ҳаёти пурбаракати хеш аз худ андешаҳои бунёдие ба ҷой гузошт, ки донишмандону муҳаққиқон ва пажӯҳишгарону мунақидони варзидаи ватаниву хориҷӣ ба иттифоқи оро ӯро “донишманди соҳибмактаб” номиданд.

Хидматҳои шоёне, ки А. Афсаҳзод карда хеле чашмгир ва бориз мебошанд. Аз ҷумла Асрори Раҳмонфар овардааст: Осори бемисолу беназири Ҷомишиносии Аълохон Афсаҳзод, ки то кунун шарафи бузурги дар хориҷи кишвар бо чунин ҳашамату ҷасимат (6 ҷилд анқариб 5000 саҳифа!) ва иззату шарофат интишор ёфтани назирашон насиби ҳеҷ муаллифи дигари тоҷик нагардидааст, эҳтиромонаву эътиқодмандона рӯйи дасту пеши дидаҳо гузорему бо нигоҳи дил арзёбишон кунем, мешавад дастикам ин заҳмати ҷасоратписанди тоқатфарсоро яке аз корномаҳои бузурги фарҳангӣ дар таърихи деринасоли мардуми форснажоду форсизабон ҳисобид.
Ҳамчунин, соли 2000-ум дастоварди беназиру бебадали Ҷомишиносонии Аълохон Афсаҳзод аз ҷониби хонандагони сершумори нозуктабиат ва фарҳангсолорони меъёршиноси эронӣ сазовори Ҷоизаи байналмилалии “Китоби сол” ва Нишони ёдгории тиллоийи “Баҳори Озодӣ” гардонидашуданд, ки далелу мадраки дигари бузургӣ, матонат ва нотакрории ҳунару истеъдоди зотии Афсаҳзод метавон арзёбӣ кард.

Бо дарназардошти хидматҳои шоёни Афсаҳзод дар арсаи илм Ройзании фарҳангии Сафорати Эрон ҷоизае ба номи Аълохон Афсаҳзод таъсис кардааст, ки ба пажӯҳишгарони масоили адабиёти форс-тоҷик дода мешавад.

Рӯзи даргузашти донишманди мумтоз, қаламкаши чирадаст Аълохон Афсаҳзод гӯё ҳама аҳли илму адаб аъам аз пиру ҷавон ин байтро зери лаб замзама мекарданд.

Кори гулчини фалак гарчи ҳама яғмо буд,

Лек инбор гуле чид, ки беҳамто буд.

Рӯзе, ки хабари марги нобаҳангом ва ҷонгудози Аълохон Афсаҳзод дар ҳама офоқ фиғон бардошт, хосу ом ҳама аз дидагон ашк мерехтанд. Дар ин миён бародари кеҳтари Аълохон [[Қиличхон Афсаҳзод]], ки худ яке аз суханварону донишмандони беназир аст дар сӯги бародари меҳтари худ бадоҳатан марсияе ба мазмуни зайл эҷод намуда аст:

:::::Рӯзе ки зи паймонаи ман гулшакарам рехт,

:::::Ёрон ба ки гӯям? Ба Худо, ки ҷигарам рехт.

:::::Гуфтам ба Таҳмина бигӯям алами дил,

:::::Аз қофилаи Рустами Достон ба сарам рехт.

:::::Ёраб чи қадар неки намудам дар ин шаҳр,

:::::Бадхоҳу бадандеши ман аз бому дарам рехт.

:::::Ҳар кас ба раҳи бодияе азми сафар кард,

:::::Дар бодияи ишқ маро болу парам рехт.

:::::Аз хоки раҳе, ки ту гузашти чу шакарнам,

:::::Эй тунги шакар аз шакаристон шакарам рехт.

:::::Гуфтам зи гесӯ биканам риштаи тасбеҳ,

:::::З-он мӯи миён ҷумлагӣ фазлу ҳунарам рехт.

:::::Аз зеру забар гаштаи ин шашдараи ғам,

:::::Ғам нест дигар! чуну чарои дигарам рехт.

Дар охир аз Худованди маннон истидъо менамоям, ки равони ин абармардро шод, маъвояшро ҷаннат-ул-Фирдавс ва қабрашро равзае аз риёзи биҳиш гардонад. Яқинан, ки мо ҳама аз Худо ҳастем ва ҳатман бозгашти мо ба сӯи ӯст.

Санҷар Амриев, ш. Хуҷанд, 15.07.2018.

== Пажуҳишот ==