Гарданаи Ҳисор: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Гарданаи Ҳисор''' — харобаҳои деҳаи асрҳои 7-8 дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ. Дар ҳуҷҷатҳ...
(бе тафовут)

Нусха 04:20, 29 май 2020

Гарданаи Ҳисор — харобаҳои деҳаи асрҳои 7-8 дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ.

Дар ҳуҷҷатҳои Қалъаи Муғ бо номи Мадм зикр шудааст. Харобаҳо аз сабаби дар паҳлуи қалъаи Ҳисори Мадм ҷойгир будан, Гарданаи Ҳисор ном гирифтаанд. Гарданаи Ҳисор аз ду бахш — қаср ва хонаҳои иқоматии аҳли деҳа иборат аст. Қаср дар болои бунёди дузинадор сохта шуда, аз биноҳои дуқабата иборат буд. Дар қабати якум қаср (64 м2), маъбади оташ ва хонаҳои иқоматӣ ҷой доштанд. Қабати болои қаср хароб шуда, утоқҳои он боқӣ намондаанд. Деворҳои қаср ва хонаҳои иқоматӣ аз похса ва хишти хом сохта шудаанд. Толор чор сутун ва пӯшиши ҳамвор дошт. Деворҳои толор ва маъбад бо нақшҳо оро ёфта буданд. Атрофи девори толор бо суфаҳо иҳота шуда буд. Дар суфаи марказии Гарданаи Ҳисор тахти кадхудо боқӣ мондааст. Дар зинаи поёнии ҳавлӣ ва утоқҳои хоҷагӣ, ҳаммом ва ҷойи зисти хизматгорон вуҷуд дошт. Дар зинаи боло дари даромади толор ва утоқҳои пешайвони сутундор ҷой доштанд. Қасрро девор ва дарвоза аз хонаҳои иқоматӣ ҷудо мекард. Кулбаҳои кишоварзон дар Гарданаи Ҳисор аз як хонаи калон иборат буда, ба қисмҳо тақсим мешуд. Дар байни хонаҳои истиқоматӣ суфа барои зиндагӣ ва хоб вуҷуд дошт. Як бахши Гарданаи Ҳисор ба ҷарӣ фурӯ рафтааст. Дар Гарданаи Ҳисор ду маъбади оташ вуҷуд дошт. Хонаҳои деҳа аз санг ва хишти хом сохта шуда, дар ибтидои асри 8 тақр. 30-35 оила дар он зиндагӣ мекарданд. Гарданаи Ҳисор аз самти шарқу шимол бо ҷарӣ ва аз ҷанубу ғарб бо девори ҳимоявии дорои тиркашҳо иҳота мешуд. Гарданаи Ҳисор дарвоза дошт, ки он аз ду қабат иборат буд. Сокинони Гарданаи Ҳисор ба кишоварзӣ, чорводорӣ, ҳунармандӣ, кулолӣ, бофандагӣ ва оҳангарӣ машғул буданд. Гарданаи Ҳисор аз асри 8 маркази Бутамон, солҳои 716—722 қароргоҳи Утт — валиаҳди Деваштич буд. Соли 722 ҳангоми задухӯрд бо арабҳо хароб шуд. Дар натиҷаи ҳафриётҳои бостоншиносӣ (1964-66 ва 1971) аз Гарданаи Ҳисор деги биринҷӣ, зарфҳои сафолӣ, корд, пайконҳо, тангаҳо, асбобҳои ороишӣ, чӯбҳои кандакории нимсӯхта ва ғ. ёфт шудаанд.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Якубов Ю. Паргар в VII—VIII вв н. э. Д., 1979.

Сарчашма