Гулаҳмад Раҳмихудоев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Раҳмихудоев Гулаҳмад
 
Сатри 32:
Муаллифи бештар аз 200 – мақолаи илмӣ, 4 – китоби таълимӣ, 3 – монография, 10 – дастури таъ¬лимӣ, 12 – дастурамалҳои услубию таълимӣ, 3 – брошюраҳои илмӣ-оммавӣ, 8 – тавсияномаҳо оид ба парвариши зироати марҷумак ва зафарон барои хоҷагиҳои фермерӣ-деҳқонӣ мебошад, ки қисми зиёди онҳо ба таҳқиқи яке аз шохаҳои навтарини илми табиатшиносӣ – биотехнология ва истифодаи он дар кишоварзӣ. Гулаҳмад Раҳмихудоев аслан ду рисолаи пураҳамияти докторӣ таълиф намудааст. Яке дар соҳаи биохимия ва дувум дар соҳаи кишоварзӣ. Доктор Гулаҳмад Раҳмихудоев дар ҳамдастӣ бо олимони барҷастаи соҳаи табиатшиносӣ [[Юсуф Носиров]] ва К. Алиев корҳои зиёди илмӣ-тадқиқотӣ анҷом дода, барои донишҷӯён ва пажӯҳишгарон дастурномаҳои таълимии зиёде таълиф намудааст. Вале муҳимтарин корҳои тадқиқотии ӯ «Технологияи парвариши зироати марҷумак (гречиха) дар Тоҷикистон» ва «Парвариши заъфарон дар Тоҷикистон» мебошанд, ки бо онҳо ӯ ба сафи олимони навовар дохил шудааст.
 
=== Парвариши зироати марҷумак ва заъфарон дар Тоҷикистон ===
Марҷу ё марҷумак, ки бо номи русиаш – гречиха дар байни мардум маъмул аст, то бист соли пеш дар Тоҷикистон кишт намешуд. Сабабаш он буд, ки зироати мазкур дар ҳудуди Осиёи Марказӣ вуҷуд надошт ва деҳқонон фикр мекарданд, ки он дар шароити кишварҳои Осиё ҳосил намедиҳад.
 
Доктор Гулаҳмад Раҳмихудоев ба тадқиқи ин рустанӣ машғул шуда, дар муддати кӯтоҳ исбот кард, ки марҷу на танҳо ҳосили хуб медиҳад, балки барои таъмини амнияти озуқавории кишвар чун хӯроки серғизо ва осонкишт мусоидат мекунад. Заъфарон низ рустаниест нодиру шифобахш. Дар ҷаҳон ду навъ тиллои маҷозӣ маъруф аст: «тиллои сафед» - пахта ва «тиллои сиёҳ» - нафт. Пас аз омӯхтани хосияти заъфарон ва таҷриба кардани он дар тиббу истеҳсолот доктор Раҳмихудоев ба хулосае омад, ки ин гиёҳ барои барқарор намудани саломатии инсон хеле василаи муҳим аст. Он ба дараҷае арзиш дорад, ки чун «шоҳи доруҳо»-яш эътироф намудаанд ва «тиллои сурх» ном ниҳоданд. Дар Тоҷикистон то соли 2007, яъне то кишт шуданаш дар замини таҷрибаваии Донишгоҳи давлатии кишоварзӣ аз ҷониби Гулаҳмад Раҳмихудоев ва ҳамкорони ӯ, кишти ин зироат маъмул набуд. Дар бозори ҷаҳонӣ заъфарон қимати ниҳоят баланд дошта, хосиятҳои аҷиби техникӣ ва табобатӣ дорад.<ref>{{Cite web|url=http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=13434|title= ЭҲЁГАРИ МАРҶУ ВА «ТИЛЛОИ СУРХ»-И ТОҶИКӢ |author=|website=www.jumhuriyat.tj|date=|publisher= |lang=tg|accessdate=2020-05-31}} </ref>
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}