Акобир Мирзораҳимов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
илова
Сатри 29:
 
== Зиндагинома==
Акобир Каримович Мирзораҳимов соли 1985 факултаи биологияи [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин]]ро (ҳоло ДМТ) ба итмом расонда, дар аспирантураи Пажӯҳишгоҳи биофизика ва физиологияи рустаниҳои АИ Тоҷикистон хондааст. Аз соли 1989 ба сифати ходими илмӣ, ходими калони илмии Лабораторияи илмӣ-таҳқиқотии ДМТ заҳмат кашида, солҳои 1994-2008 дотсенти кафедраи физиологияи рустаниҳо буд, чанд соли охир вазифаи муовини декани факултаи биологияи [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]]ро (2009-2015) иҷро кардааст. Аз апрели соли 2015 директори Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] ва аз апрели 2016 директори Пажӯҳишгоҳи ботаника, физиология ва генетикаи рустаниҳои [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] мебошад. Ӯ солҳои охир дар кафедраи физиологияи растаниҳо ва биотехнологияи [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]] ба тадриси илмҳои табиӣ машғул аст. Аз моҳи феврали соли 2019 то апрели соли 2019 профессори кафедраи физиологияи растаниҳо ва биотехнологияи факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз моҳи апрели соли 2019 бо фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини ректори [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]] оид ба илм таъин гардида, то имрӯз фаъолияти меҳнатӣ карда истодааст.<ref>{{Cite web|url=https://tgpu.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=2212%3Ailm&catid=5%3Ailm&Itemid=&lang=tj|title=Акобир Каримович Мирзораҳимов|publisher=tgpu.tj|accessdate=2020-06-04}}</ref>.
Бобати тавсифи муқоисавии РБФ-карбоксилаза дар шаклҳои аз ҷиҳати ҳосилнокӣ гуногуни рустании пахта, шаклҳои молекулавии гуногуни фермент, танзими фаъолнокии маҷмӯаҳои мултиферментии озоди сикли Калвин дар рустаниҳои дараҷаи олӣ таҳқиқот анҷом додааст. Шумораи таълифоташ аз ҳаштод мегузарад.