Олими Искандарӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 8:
| маҳалли марг =
}}
'''Олими Искандарӣ''' (''Олим Бобоев''; 1952, [[Панҷакент]], [[вилояти Ленинобод]], [[ҶШС Тоҷикистон]] — [[8 феврал]]и [[2012]]<ref name=":0">http{{Cite web|url=https://www.ozodi.org/content/articlea/24477926.htmlДаргузаштиhtml|title=Даргузашти овозхони гӯшанишин Олим Бобоев|website=Радиои Озодӣ|lang=tg|accessdate=2020-06-10}}</ref>, [[Душанбе]], [[Тоҷикистон]]) — овозхони тоҷик, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон
 
== Зиндагинома ==
Сатри 14:
 
== Овозхонӣ ==
Олими Искандарӣ пас аз хатми Донишгоҳи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода дар солҳои 1980 бо овози нодиру қавӣ ва ширадораш дар радифи хонандагони тавонои «Шашмақом» қарор гирифт, вале дар айни авҷи шӯҳраташ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ тарки Душанбе кард ва ин ҳама муддат дур аз саҳнаи бузург дар Панҷакент ба сар мебурд.
Овози дилнишинаш овезаи гӯш­ҳои дӯстдорони мусиқӣ гардид, зеро бо таронаҳояш барои сомеъон дари ҷаҳони нави ишқу орзу, покию вафодориро боз месохт. Сурудҳои халқию классикиро дар як поя замзама менамуд.
 
Аммо дар ин миён якҷо бо ҳунарпешагони номдори Тоҷикистон барои ширкат дар ҷашнвораи байнулмилалии мусиқии этникӣ ба Порис даъват шуд ва пас аз итмоми ин ҷашнвора бо дархости мусиқидонони фаронсавӣ се моҳ дар Фаронса монд ва якҷо бо ҳунарнамоӣ дар саҳнаҳои мухталифи ин кишвар дар Консерваторияи олии мусиқӣ ва рақси Порис, ки маҳшуртарин таълимгоҳи мусиқии Аврупо ба шумор меравад, аз "Шашмақом" ва мусиқии мардумии тоҷик дарс дод<ref name=":0" />.
«Модар», «Саҳаргоҳон», «Дӯст медорам туро», «Фалак», «Гар намедонистамат», «Навбаҳор», «Гули ман», «Шаби маҳтоб», «Кўдаки ҷон»,  «Ишқи ман», «Куҷо рафтӣ ҷавониам», «Асири зулфи ту», «Худо ёрат», «Як рӯз дар ҷаҳони дил», «Дареғо аз миён рафтӣ», «Фарёд зи умри гузарон», «Рўдакӣ», «Навои искандарӣ», «Ту осмони манӣ», «Дар ин анҷуман даро», «Гули хандон», «Нишона», «Раҳ дар дил аст», «Ёрон», «Дарси вафо», «Васли ҷонон» барин таронаҳо ёдгорианд аз овозхони ормонӣ.
 
Дар соли 2006 Олими Искандарӣ бо силсилаи нави таронаҳояш дигарбора ба фазои ҳунарии кишвар баргашт ва нақша дошт, ҳамаи гӯшаҳои "Шашмақом"-ро ҳамроҳи як оркестри муҷаҳҳази симфонӣ иҷро ва забт кунад. Вай аз шеваи иҷрои ин асари классикии мусиқии тоҷик дар кишвар қонеъ намуд ва бовар дошт, ки дар ҳоли дуруст суруда шуданаш "Шашмақом" метавонад, ба мусиқии ирфонӣ ё классикии Ғарб дасту панҷа нарм кунад<ref name=":0" />.
 
== Даргузашт ==
Олим Бобоев 8 феврали соли 2012 дар синни 54-солагӣ бар асари беморӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷаҳон чашм пӯшид<ref>http://aioubzod.wordpress.com/2012/02/09/%d0%bf%d0%b0%d0%b4%d1%80%d1%83%d0%b4-%d0%be%d0%bb%d0%b8%d0%bc%d0%b8-%d0%b8%d1%81%d0%ba%d0%b0%d0%bd%d0%b4%d0%b0%d1%80%d3%a3/ Падруд, Олими Искандарӣ…</ref>.
 
== Эзоҳ ==