Фисоғурис: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х VASHGIRD moved page Пифагор to Фисоғурис
Сатри 7:
'''Пифагор''' ({{забон-ел|Πυθαγόρας}}) — математик ва файласуфи [[Юнони бостон]], тахминан соли [[586]]- [[569]]то милод таваллуд ефтааст.
== Зиндагинома ==
Дар асри VI то милод маркази илмию мусиқии Юнон галаҷазираҳои Ионияи баҳри Эгейи Осиёи Сағир ба ҳисоб мерафтанд. Дар ҳамин ҷо, дар оилаи устои ҳунарманд, наққошу кандакори мумтоз Мнесарх писаре таваллуд шуд. Аз рӯи ривоятҳо Аполлон ба Мнесарх ва завҷаи ӯ Парфенис хабар расонидааст, ки онҳо соҳиби писар мешаванд ва тавсия медиҳад, ки ба Сурия шино намоянд. Парфенис дар Судон чашм равшан намуд. Мувофиқи анъанаи қадим ба шарафи Аполлони Пифийи модар Пифиада ва тифл ''Пифагор'' ном гирифтанд. Падар ба таълиму тарбияи фарзанд сахт камар баст.
Математик ва файласуфи оянда аз хурди ба илмомӯзӣ беҳад ҳарис буд. Аз омӯзгори нахустинаш Гермодамас асосҳои мусиқӣ ва рассомй омӯхт. Муаллим барои сайқал ёфтани хотира шогирдонашро маҷбур мекард, ки пораҳои достонҳои «[[Илиада]]» ва «[[Одиссея]]»-ро аз ёд намоянд. Гермодамас дар қалби Пифагори наврас меҳр ба табиат ва сирру асрори онро ҷойгузин сохт.
Пас аз чанд сол ӯ бо маслиҳати устодаш баҳри идомаи таҳсил рӯ ба Миср овард. Аммо то [[Миср]] роҳ хеле душвору тӯлонӣ буд. Баъди тарки ҷазираи Самое дар ҷазираи Леебое, дар хонаи Зоил ном хешаш ҳаёт ба cap мебарад. Дар ин ҷо шиносоии Пифагор бо [[Ферекид]], файласуф, дӯсти [[Фалеси Милетӣ]], ба вуқӯъ мепайвандад. Пифагор аз Ферекид илми астрология, пешгӯии гирифтани моҳу офтоб, асрори ададҳо, тиб ва ғайраро меомӯзад.
Сипае маърӯзаҳои Фалес ва шогирди ҷавону болаёқати ӯ Анаксимандр, ҷуғрофидон ва астрономи мумтозро дар Милет мешунавад. Аз ин мактаб сабақи бузурге мегирад ва бо тавсияи Фалес баҳри пажӯҳиши минбаъда ба роҳи Миср мебарояд. Дар Финикия аз коҳинон низ таълим мегирад. Дар Миср ба шарофати ҳимояи Амазис ӯ бо коҳинони мемфией ошно шуд. Бо ёрии онҳо ба маъбадҳои миерй, ки барои гайр дастнорас буданд, роҳ ёфт. Барои асрори маъбадҳоро омӯхтан ба тариқати коҳинон мегаравад. Пажӯҳиши муттасил ӯро ба олими забардасти замон мубаддал месозад. Дар [[Миср]] Пифагор ба [[форс]]ҳо асир меафтад. Ровиёни ахбор иттилоъ додаанд, ки ҳангоми асирй дар Вавилон Пифагор бо муғони форс вохӯрда, сирри ситорашиноей ва тасаввуф дарёфт, бо таълимоти донишмандони халдейй ошно гашт. Илми нуҷум, ситорашиносй, тиб ва арифметикаи халқҳои шарқро аз олимони Халдей омӯхт. Дувоздаҳ сол асир буд Пифагор, то даме, ки шоҳи форс Дорои Гуштосп овозаи шӯҳраташ нашуниду озодаш накард. Пифагор озими ватан шуд, мехост дониши андӯхтаашро ба халқаш бахшад. Аммо Юнон акнун дигар буд. Донишмандон ба истисмори форсҳо тоб наоварда, рӯ ба гарибй меоварданд. Бисёриҳо ҷануби Италияро маъво гирифтанду Юнони Бузургаш хонданд. Сиракуз, Агригент, Кротон ном шаҳрҳо сохтанд. «Дар чилсолагӣ, - мегӯяд Аристоксен, - Пифагор аз ҷабру зулми Поликрат ҷигаркабоб шуду рӯ ба Италия овард».