Ҳаловард: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х иловаи гурӯҳ
No edit summary
Сатри 1:
'''Ҳаловард''' ({{lang-fa|هلاورد}}) номи пешина ва бостонии шаҳраки [[Ҷалолиддин Румӣ (ноҳия)|Колхозобод]] будааст.
 
[[Ҳаловард]] дар замони [[Сомониён]] яке аз ду шаҳри калони [[Вахшонзамин]] буда ва арку шаҳристону рабаз дошт ва калонтар аз Ҳулбук будааст. Бино бар навиштаи [[Ҳудуд-ул Олам|''«Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб»'']] «'''Ҳаловард қасабаи Вахш аст, шаҳрест бо кишту барзу рустоҳои бисёр ва мардумони тирандозу ҷангӣ'''»<ref>«Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 ҳиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). (Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда). – Теҳрон: Интишороти китобхонаи Таҳурӣ, 1362 ш. / 1983 м. – саҳ. 119</ref>. Шаҳри Ҳаловардро [[Истахрӣ]] дар «''Масолик вал-мамолик''», [[Муқаддасӣ]] дар «''Аҳсан ат-тақосим фӣ марифат ал-ақолим''», [[ибни Ҳавқал]] дар «''Сурат ул-арз''», [[Ёқути Ҳамавӣ]] дар «''Мӯъҷам ул-булдон''» ва [[Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Хоразмӣ|Абурайҳони Берунӣ]] низ дар осораш ёд кардаанд.