Гармо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Шухрат Саъдиев moved page Гармо to Гармо (пирях): ивази номгузорӣ
Барчасб: тағйири масири нав
 
Removed redirect to Гармо (пирях)
Барчасб: тағйири масир ҳазф шуд
Сатри 1:
'''Гармо''', '''гармӣ''', '''миқдори гармо''' — миқдори [[энергия]]е, ки система (ҷисм) ҳангоми гармотабодул (дар вақти тағйирнопазир будани бузургиҳо ё параметрҳои берунии система – ҳаҷм ва ғ.) медиҳад ё фурӯ мебарад.
#REDIRECT [[Гармо (пирях)]]
 
Ба мисли кор миқдори гармо низ меъёри тағйирёбии энергияи дохилии система (U) мебошад. Ҳангоми мубодилаи гармӣ дар натиҷаи таъсири мутақобилаи мустақими (бархӯрди) молекулаҳои система бо молекулаҳои ҷисмҳои атроф энергияи дохилии ҷисм тағйир меёбад. Бар хилофи U – функсияи якқимматаи бузургиҳои ҳолат, миқдори гармо, ки яке аз ҷузъҳои тағйирёбии комили U дар раванди физикӣ мебошад, дар шакли фарқи байни қиматҳои функсияҳои бузургиҳои ҳолат ифода карда намешавад. Пас, миқдори камтарини гармо (ки ба тағйирёбии содатарини ҳолати ҷисм мувофиқ аст) дар мавриди умумӣ дифференсиали функсияи бузургиҳои ҳолат буда наметавонад. Миқдори гармои ба ҷисм интиқолшаванда Q ба монанди кор А ба он вобаста аст, ки ба кадом усул система аз ҳолати ибтидоӣ ба ҳолати ниҳоӣ мегузарад. Дар равандҳои баргарданда, мувофиқи ибтидои дуюми термодинамика, миқдори камтарини гармо δQ = TdS аст, ки ин ҷо T – ҳарорати мутлақи система, dS – тағйирёбии энтропияи он мебошанд. Ҳамин тариқ, интиқоли гармо ба система ва интиқоли миқдори муайяни энтропия ба система бо ҳам муодил мебошанд. Ихроҷи гармо аз система бо камшавии энтропия баробарвазн аст. Дар мавриди умумии равандҳои барнагарданда δQ < TdS мебошад.
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ|Гармо|4|муаллиф= }}
 
[[Гурӯҳ:Термодинамика]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Гармо"