Носири Хусрав: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Removing Nasir_Khusraw_Travelogue.jpg, it has been deleted from Commons by Fitindia because: per c:Commons:Deletion requests/Files uploaded by Arioferdows.
Сатри 8:
 
== Зиндагинома ==
Носири Хусрав соли 1004 дар шаҳри Қубодиён, ки дар қисми ҷанубии Тоҷикистони имрӯза ҷойгир аст, дар хонаводаи [[деҳқон]] ба дунё омадааст. Номи пурраи ӯ чунин аст: Абумуиниддин Носири Хусрави Қубодиёнӣ. Аён аст, ки номаш Носир, номи падараш Хусрав, тахаллусаш Абумуиниддин ва Қубодиёнӣ нисбааш мебошад. Падараш деҳқон буд ва Носири Хусрав баробари ёд гирифтани кори деҳқонӣ, хату савод ҳам баровард. Қайд кардан лозим аст, ки дар он замонҳо шахси бадавлату молдорро деҳқон мегуфтанд ва онҳо дар назди дигар табақаҳои ҷомеа обрӯи калон доштанд. Баъд аз ин Носир дар мактаб маълумоти ибтидоиро гирифта, пас аз он таҳсилро дар мадрасаи Балх давом дод. Дар давоми таҳсил махсусан ба омӯзиши илмҳои [[фалсафа]], [[мантиқ]] ва табиатшиносӣ бештар майл зоҳир мекард. Носири Хусрав солҳои 30-юми асри XI ҳамчун [[шоир]] ва олими забардаст ном баровард. Муддате дар даргоҳи Султон [[Маҳмуди Ғазнавӣ]] дар корҳои маъмурии молиявӣ хизмат кардааст. Соли 1037 дар Хуросон табаддулоти давлатӣ оғоз ёфт. Носири Хусрав муддате дар девони молиёти [[Салҷуқиён]] хизмат намудааст. Носири Хусрав бар замми хизмати дарбор, бо корҳои деҳқонӣ низ машғул буд. Оҳиста — оҳиста хизмати дарборӣ ба дилаш зад, чунки дар хизмат тазъиқу фишор ва аз фосидон бадӣ медид. Дӯсти ҳақиқии беғаразро надошт, касеро ки медид, хушомадгӯю риёкор буда, барои худ баҳрае меҷуст. Носири Хусрав ин гуна дӯстони риёкорро чашми дидан надошт ва аз онҳо худро дур медошт. Ҳамаи ин сабаб шуданд, ки ӯ тарки хизмати дарбор намуда, ба сафар тайёрӣ дид. Мақсади сафар карданаш шинос шудан бо ҳаёт ва зисту зиндагонии мардум, табиати кишварҳо, шаҳрҳо буд ва инчунин ӯ мехост бо мундариҷа ва таълимоти мазҳаби исмоилия дар минтақаҳои гуногун шинос шавад. Исмоилиён як шохаи машҳури шииён дар асрҳои X—XII буданд. Носири Хисрав ба ин мазҳаб аз он сабаб майл дошт, ки онҳо ба ривоҷи илму дониш диққат медоданд ва тарафдори озодфикрӣ буданд. Носири Хусрав молу мулкашро ба бечорагон тақсим карда, соли [[1045]] бо бародараш Абусаид ба сафар баромад. Ин сафараш 7 сол давом карда, ӯ аз Эрони Ғарбӣ, [[Ироқ]] ва [[Арабистони Саудӣ|Арабистону]] [[Миср]]<nowiki/>дидан кард. Дар ин муддат Носири Хисрав [[исмоилия|ҷараёни исмоилияро]] бештар омӯхта, худ тарғибгари ин ҷараён шуд. Соли [[1052]]Носири Хусрав ба [[Хуросон]] баргашт. Вай боз кори деҳқониашро ба роҳ монда, акнун пайваста дар байни мардум [[исмоилия|мазҳаби исмоилияро]] ташвиқу тарғиб мекард, ки ин қаҳру ғазаби суннипарастонро ба амал овард. Носири Хусрав ба таъқиб дучор шуд ва дар Хуросон зистани ӯ хавфнок гардид. Вай дар чанд ҷойгоҳ паноҳ бурда ва оқибат ба кӯҳистони дурдасти Бадахшон, дараи Юмгон, дар паноҳи мардуми олиҳиммати Бадахшон боқимондаи умрашро гузаронид. Носири Хусрав дар ғарибӣ ва дур аз ватани аҷдодӣ худро нороҳат ҳис мекард, мулки [[Хуросон]]ро ёд мекард, бар замми он дар ин ҷо имконияти шуғли деҳқонӣ ҳам набуд. Носири Хусрав дигар ба Хуросон баргашта натавонист. Вай қариб ҳамаи асарҳояшро дар ҳамин ҷо навишта, онҳоро ба мулкҳои дигар равон кардааст. Соли [[1088]] Носири Хусрав дар Юмгон аз олам чашм пӯшид.[[Акс:Nasir Khusraw Travelogue.jpg|thumb|300px|Харита аз Сафарномаи({{lang-fa|سفرنامه}})-e Носири Хусрав]]
 
== Эҷодиёт ==