Фарқият байни намунаҳои "Аслиддин Низомов"

навсозӣ
(навсозӣ)
Шӯъбаи созҳои халқии Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинобод (1971), шӯъбаи мусиқии Шарқи Консерваторияи давлатии Тошканд ба номи [[Мухтор Ашрафӣ]], синфи профессор [[Файзулло Кароматов]] (1976) хатм намудааст. Рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Шашмақом ва анъанаҳои назми классикии тоҷикӣ-форсӣ» (Тошканд, 1990) ва рисолаи докториро дар мавзӯи «Суфизм дар қаринаи фарҳанги мусиқии халқҳои Осиёи Миёна» (Тошканд, 1998) дифоъ намудааст.
Баъди хатми Консерватория ба сифати ходими илмии Институти таърихи [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] кор карда, бо таъсиси кафедраи мусиқии Шарқ дар [[Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода]] (1979) нахустин мудири он (то соли 1982) таъйин мегардад.
Аз соли 1982 то 2007 вай дар вазифаҳои сардори раёсати оид ба корҳои санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, директори [[Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ]], ходими калони илмии [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]], корманди масъули шӯъбаи идеологии КМ ПК Тоҷикистон, сардори раёсати илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанг, раиси [[Иттифоқи композиторони Тоҷикистон]] (2001–2007), мудири шӯъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз соли 2007 то 2013 вайАслиддин Низомов ректори [[Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода]] буд.
 
== Фаъолияти илмӣ ва эҷодӣ ==
[[Гурӯҳ:Олимони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Мусиқишиносони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:FootBot:FBT002A]]