Иттифоқи композиторони Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
навсозӣ
Сатри 16:
Дар 27 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ИКТ тавонист маълумотномаи ИК Тоҷикистонро бо забони русӣ («Композиторы Таджикистана», 2010) дар ҳаҷми 312 саҳ. ва ҳамин маълумотномаро с. 2011 бо забони тоҷикӣ дар ҳаҷми 187 с. чоп кунад, ки дар ин китобҳо дар бораи 86 нафар композиторону мусиқишиносони гузаштаву муосир маълумот дода шудааст. Асарҳои эҷодкардаи онҳо бо солҳои эҷодашон номбар шудаанд. Мураттибон дар бораи ҳаёту фаъолияти эҷодии ҳар як композитор ё мусиқишинос маълумоти муфассал додаанд. Яъне композиторону мусиқишиносони тоҷик дар 27-соли истиқлолияти давлатӣ асарҳои зиёде дар жанрҳои гуногун эҷод намудаанд: асарҳои симфонӣ, вокалӣ-симфонӣ ва хорӣ, эстрадӣ-симфонӣ, камеравӣ-созӣ, консерту контата, увертюраву сюита, достону оратория, суруду романс, ҳамчунин китобҳои илмию дарсӣ ва ғ. Дар ин давра операҳои «Умари Хаём»-и [[Фирӯз Баҳор]], «Амир Исмоил»-и [[Толиб Шаҳидӣ]], «Шайхурраис Сино»-и М. Бафоев ва балети бачагонаи [[Амирбеки Мусо]] «Афсонаи ҷангалӣ» эҷод шуданд.
 
Аз аъзои ИКТ 7 нафар бо Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ([[Хайрулло Абдуллоев]], [[Дамир Дӯстмуҳаммадов]], А.[[Фаттоҳ ОдинаевОдина]], [[Талабхӯҷа Сатторов]], [[Қудратуллоҳ Яҳёев]], [[Саидқул Билолов]], [[Файзалӣ Ҳасанов]]) ва 3 композитор (Ш.[[Шарофиддин Сайфиддинов]], А.[[Абдураҳмон Тошматов]], В. Абдураҳмонов) бо Мукофоти ба номи Камоли Хуҷандӣ қадрдонӣ шудаанд. 3 композитор бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқӣ ва Ҳофизи халқии Тоҷикистон (А. Абдурашидов, С. Билолов, Ф. Ҳасанов) ва 11 нафар узви ИКТ бо унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон (собиқ Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон) – А. Солиев, А. Раҷабов, Т. Сатторов, Қ. Яҳёев, Ҷ. Обидпур, Ф. Азизӣ, З. Миршакар сарфароз гаштаанд.
 
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Итттифоқи композиторони Тоҷикистон (ИКТ) дар тарбияи ходимони ҷавони фарҳанги мусиқӣ, сайқал додану ба роҳ мондани фаъолияти эҷодии касбии онҳо кӯмаки амалӣ мерасонад. Бо муассисаҳои таълимии мусиқӣ ва ташкилотҳои фароғатӣ, театриву консертӣ ва дигар коллективҳо алоқаи мустаҳкам дошт, дар назди онҳо бо барномаҳои консертӣ аз асарҳои композиторони тоҷик мунтазам баромад мекарданд.