Катрин Сиачоке: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ Android app edit
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ Android app edit
Сатри 22:
 
== Эҷодиёт дар синамо ==
Катрин баъд аз фаъолияти рақсӣ дар театр, хост то маҳораташро дар синамо санҷад. Соли [[1994]] дар теленовелаи Mambo нақши хурдакакеро иҷро намуда, фаъолияти ҳунарпешагияш дар силсилафилмҳо оғоз шуд.
{{васеъкунии фасл}}
 
Катрин дар як қатор теленовелаҳои Телемундо аз қабили: Pecados ajenos, Tierra de Pasiones, Te voy a enseñar a querer, La Venganza, Amantes del Desierto ва силсилафилми Decisiones ҳунарнамоӣ намудааст. Гарчанде ӯ бисёртар нақшҳои рэзолимиро бозида бошад ҳам дар муддати кӯтоҳ дар кишварҳои [[Амрикои Лотинӣ]] шӯҳрати бузург ба даст овардааст. 
 
Соли 2004 ӯ дар теленовелаи Te voy a enseñar a querer (Ман ба ту дӯст доштанро меомӯзам) дар нақши Комила бо [[Мигел Варонӣ]], [[Данна Гарсия]], [[Мишел Браун]], [[Ана Лусия Домингез]], [[Мартин Карпан]] ва [[Адриана Кампос]] ҳунарнамоӣ намудааст.
 
Соли [[2010]], ӯ дар нақши Сесилия Алтамира дар теленовелаи [[Телемундо]] ¿Dónde Está Elisa (Элисо куҷост? ) нақш офаридааст, ки шӯҳрати ӯро то ба [[Осиёи Миёна]] оварда расонд. Дар ин силсилафилм ӯ бо ҳунарпешаҳои маъруф [[Габриэл Поррас]], [[Соня Смит]], [[Хорхе Луис Пила]], [[Роберто Матеос]] ва [[Маурисио Ҳенао]] кор кардааст. Соли [[2011]], ӯ дар теленовелаи дигаре, ки аз ҷониби Телемундо, La Casa de al Lado таҳия шудааст, нақши мураккабро бозид, ки дар он ӯ хонумеро тасвир мекунад ва шавҳари воқеии ӯ [[Мигел Варонӣ]] дар якҷоягӣ бо [[Морисо Родригес]], [[Габриэл Поррас]] ва [[Карла Монроҷ]] низ нақш офаридаанд.  Дар соли [[2014]], ӯ бо нақши золимонаи худ дар Reina de Corazónes, бо [[Паола Нюнес]], [[Эуханио Силлер]] ва [[Хуан Солер]] баргашт.  Соли 2016, Катрин дар Sin senos sí hay paraíso нақши Ҳилда Сантанаро бо [[Фабиан Риос]] бозидааст.
 
== Ҳаёти шахсӣ ==
Катрин Сиачоке бо ҳунарпеша ва коргардони аргентинӣ-колумбӣ [[Мигел Варонӣ]] оила барпо намуданд. Онҳо ҳангоми банаворгирии силсилафилми Las Juanas шиносоӣ пайдо намуданд, ки ҳарду дар ҷуфти теленовеларо мебозиданд. Соли 1996 пас аз панҷ рӯзи шиносоӣ Мигел ба ӯ изҳори муҳаббат намудааст. Пас аз се моҳ, онҳо якҷоя зиндагӣ карданро оғоз карданд ва моҳи июли соли 1999 издивоҷ карданд. Катрин ва Мигел яке аз ҷуфтҳои зебо ва қавӣ дар [[Амрикои Лотинӣ]] дониста мешаванд.