Катрин Сиачоке: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ Android app edit
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ Android app edit
Сатри 22:
 
== Эҷодиёт дар синамо ==
Катрин баъд аз фаъолияти рақсӣ дар театр, хост то маҳораташро дар синамо санҷад. Соли [[1994]] дар теленовелаи ''Mambo'' нақши хурдакакеро иҷро намуда, фаъолияти ҳунарпешагияш дар силсилафилмҳо оғоз шуд.
 
Катрин дар як қатор теленовелаҳои Телемундо аз қабили: ''Pecados ajenos'', ''Tierra de Pasiones'', Te voy a enseñar a querer, ''La Venganza'', ''Amantes del Desierto'' ва силсилафилми ''Decisiones'' ҳунарнамоӣ намудааст. Гарчанде ӯ бисёртар нақшҳои рэзолимиро бозида бошад ҳам дар муддати кӯтоҳ дар кишварҳои [[Амрикои Лотинӣ]] шӯҳрати бузург ба даст овардааст. 
 
Соли 2004 ӯ дар теленовелаи ''Te voy a enseñar a querer'' (Ман ба ту дӯст доштанро меомӯзам) нақши рақиби асосиро бо [[Мигел Варонӣ]], [[Данна Гарсия]], [[Мишел Браун]], [[Ана Лусия Домингез]], [[Мартин Карпан]] ва [[Адриана Кампос]] бозидааст, ки аз ҷониби мунаққидон ситоиш карда шудааст.
 
Соли [[2010]], ӯ дар нақши Сесилия Алтамира дар теленовелаи [[Телемундо]] ''¿Dónde Está Elisa'' (Элисо куҷост? ) нақш офаридааст, ки шӯҳрати ӯро то ба [[Осиёи Миёна]] оварда расонд. Дар ин силсилафилм ӯ бо ҳунарпешаҳои маъруф [[Габриэл Поррас]], [[Соня Смит]], [[Хорхе Луис Пила]], [[Роберто Матеос]] ва [[Маурисио Ҳенао]] кор кардааст. Соли [[2011]], ӯ дар теленовелаи дигаре, ки аз ҷониби Телемундо, ''La Casa de al Lado'' таҳия шудааст, нақши мураккабро бозид, ки дар он ӯ хонумеро тасвир мекунад ва шавҳари воқеии ӯ [[Мигел Варонӣ]] дар якҷоягӣ бо [[Морисо Родригес]], [[Габриэл Поррас]] ва [[Карла Монроҷ]] низ нақш офаридаанд.  Дар соли [[2014]], ӯ бо нақши золимонаи худ дар ''Reina de Corazónes'', бо [[Паола Нюнес]], [[Эуханио Силлер]] ва [[Хуан Солер]] баргашт.  Соли 2016, Катрин дар ''Sin senos sí hay paraíso'' нақши Ҳилда Сантанаро бо [[Фабиан Риос]] бозидааст.
 
== Ҳаёти шахсӣ ==