Малика Қаландарова: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х иловаҳо, гурӯҳбандӣ
Сатри 12:
 
== Зиндагинома ==
Малика Қаландарова [[2 сентябр]]и соли [[1950]] дар шаҳри [[Сталинобод]], ки [[Душанбе]]и имрӯза аст таваллуд шудааст. Соли [[1965]] М. Қландарова дар Тоҷикистон аввал дар дастаи худфаъолиятии «Захираҳои меҳнатӣ» ҳунарнамоӣ мекунад ва сони ба ансамбли рақсии «Лола» ҳанарнамоӣомад мекунадва бо роҳбарии Ғ. Валаматзода ҳамчун раққосаи бомаҳорат ба камол расид. Аз соли [[1980]] то [[1991]] — дар ансамбли рақсу суруди [[Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев|Филармонияи давлатии Тоҷикистон]] ҳанарнамоӣ кардааст. Дар кино ҳам ӯро ба навор гирифтаанд.
 
== Эҷодиёт ==
Қаландарова рақсҳои тоҷикии «Духтари хандон», «Шодиёна», «Баёти панҷ», «Гули бахт», «Духтари кӯҳсор», «Мор», рақсҳои афғонии «Бобоқирон», японии «Сахура», «Баҳор», туркии «Муҳаббати ман», русии «Коробейники», ҳиндии «Олиҳа», испании «Фламенко», хоразмии «Лазгӣ», арабии «Орзу» ва ғайраро бо маҳорати баланд иҷро кардааст. Ҳаракатҳояш мавзун, мутаносиб ва дилрабо буда, ҷузъиёти рақсаш бо услуби хос иҷро мешавад. Қ. либосҳои шинаму пурҷилоро (бештари либосҳояшро худаш медӯхт) истифода бурда, рақсҳояшро боз ҳам мақбултару дилчасптар мегардонид. Ҳар як номераи рақсиашро бо шавқу ҳаваси адонашаванда иҷро намуда, онҳоро бо маҳорату эҳсоси баланд ифода мекард. Ҳангоми иҷрои рақсҳои халқҳои гуногун дар ифодаи хислат, хусусият, мувофиқати либос, мусиқӣ ва зарбу усул эътибори ҷиддӣ медод. Беҳтарин рақсҳои Қ. қисми достон, банду баст, ҷараёни инкишоф ва нуқтаи кулминатсионӣ доштанд. Дар санъати Қаландарова суруру шодӣ, зиндадилӣ ва ҳисси некбинӣ ифода меёфт. Ба хориҷа, аз ҷумла Ҳиндӯстон, Эрон, Афғонистон, Фаронса, Белгия, Юнон ва ғ. сафари ҳунарӣ кардааст. Лауреати Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1984), Лауреати Фестивали 10-уми умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён дар шаҳри Берлин (1943). Бо диплом ва медали тиллои фестивал мукофотонида шудааст.<ref> [[Ҷӯрахон Обидпур| Обидпур Ҷ.]] Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.198-199. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2{{ref-tg}}</ref>
 
Аз соли [[1993]] дар [[Ню-Йорк]] [[Иёлоти Муттаҳидаи Амрико]] истиқомат мекунад. Малика Қаландарова дар инҷо мактаби "Malika's International Dance School" , кушодааст ва духтаронро рақсҳои тоҷикӣ ёд медиҳад.