Бодия Энер: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ Android app edit
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ Android app edit
Сатри 21:
 
== Эҷодиёт дар синамо ==
Аз соли 1970 инҷониб Бодия дар намоишномаҳои театрии шаҳри Истанбул фаъолона ширкат варзида, инчунин дар саҳнаи театри Ҳалдун Дормен ва дигар театрҳо нақш бозидааст. Соли 1972, Бодия Энер дар филми "Sabu Kahraman Korsan" дар экранҳои калон баромад кардааст. Ҳамчун ҳунарпешаи сабти овоз, ӯ дар бисёр филмҳои хориҷӣ овоз додааст. Соли 2002 Бодия Энер дар силсилафилми коргардонҳо Авни Кунюкоғлу ва Назиф Туна "Дуни асрор" нақш бозидааст.
{{васеъкунии фасл}}
 
Соли 2005, ӯ дар силсилафилми “Beşinci Boyut” нақш бастааст. Соли 2014 дар якҷоягӣ бо Энгин Акурек, Тубо Буюкюстюн, Дамла Ҷолбай, Ҳазал Туресан, Набоҳат Чеҳра ва Озкан Текдамир дар силсилафилми машҳури Kara Para Ask нақш бастаанд. Соли 2016, ӯ дар нақши Гулсум дар мелодрамаи бисёрқисмаи Bana Sevmeyi Anlat нақш бастааст.
 
Соли 2019, Бодия Энер нақши модари Ҳоҷиро дар силсилафилми "Ошиёни дилам" (Canevim) иҷро кардааст. Дар саҳна Арас Айдин, Биран Дамла Йилмаз, Озгур Чевик, Ниҳон Букаач, Зуҳал Генгер Эркай, Бурҷу Туна ва дигарон ҳунарнамоӣ намудаанд. Соли 2020 ҳунарпеша дар силсилфилми ҳаҷвии "Ишқ дар зери бом" ({{lang-tr|Çatı Katı Aşk}}) нақши Саодат Йилмазро бо ҳунарпеша [[Фурқон Андич]] бозидааст. Нақшҳои Бодия Энер ҳам драмавӣ буданду ҳам ҳаҷвӣ, ки аз ӯҳдаи ҳамаи нақшҳо ба осони баромадааст.
 
Ҳангоми 66-солагияшро ҷашн гирифтан, ҳунарпеша тасмим гирифт, ки дар саҳнаи театр дар спектакли нави "Баҳори дуввум" баромад карда ҳамаро ҳайрон кунад. Нақши асосиро бо ӯ Ҷихат Тамер иҷро кард. Дар як мусоҳиба ҳунарпеша гуфт, ки вай хеле ҳаяҷонӣ аст, зеро пас аз чандин сол ба саҳнаи театр баргашт.
 
== Филмнома ==
=== Силсилафилмҳо ===