Роҳи Каҳкашон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х Гарчанде, ки Галактика маънои "Роҳи_Каҳкашон" дошта бошад ҳам, маънои васеъро дорад, ниг. ба мақ. "Галактика".
Сатри 2:
[[Акс:ESO-VLT-Laser-phot-33a-07.jpg|300px|thumb|right|[[:en:Galactic Center|Маркази Галактикаи]] Роҳи Каҳкашон дар осмони шаб аз [[:en:Paranal Observatory|Расадхонаи Параналӣ]] <!--(the laser creates a [[Laser guide star|guide-star]] for the telescope)-->]]
 
'''Роҳи Каҳкашон''', ё '''Гала́ктика''' ({{Lang-grc|γᾰλαξίας}} «Роҳи Ширӣ»<ref>[http://lingvowiki.info/w/Книги/Древнегреческо-русский_словарь_Дворецкого/26 Древнегреческо-русский словарь Дворецкого «γᾰλαξίας»]</ref> аз {{Lang-grc|γάλα, γάλακτος}} «шир») — системаи бузурги [[ситора]]ҳо, ки зиёда аз 200 млрд ситора иборат буда, Офтоб бо ҳама ҷирмҳои манзумааш ба он мансуб аст.
 
Галактика аз маҷмӯи ситораҳои гуногун, инчунин тарокуму ассотсиатсияҳои ситораҳо, туманоти газу чангҳо ва атому зарраҳои ҷудогона, ки дар фазои байни ситораҳо парокандаанд, таркиб ёфтааст ва онҳо барои мавҷҳои рӯшноӣ ношаффофанд. Аз ин рӯ, танҳо қисми ками ситораҳо ба чашм намоён мебошанд. Шакли Галактика спиралӣ буда, қутраш ба 30 кпк ё ба 100 ҳазор соли рӯшноӣ баробар аст. Дар минтақаи Офтоб се шохаи спиралии Галактика — шохаи Ҷаббор (Офтоб дар он ҷойгир аст), Қавс ва Барсовуш мавҷуданд. Массаи Галактика ба 4∙10<sup>41</sup> кг баробар аст. Ҳама ҷузъҳои Галактика системаи ягонаи динамикиро ташкил медиҳанд ва дар атрофи меҳвари хурди симметрия давр мезананд.