Арнолд Гейлинкс: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 1:
{{Файласуф}}
'''Арнолд Гейлинкс''' ({{lang-nl|Arnold Geulincx}}; [[31 январ]]и [[1624]], [[Антверпен]]  — ноябри [[1669]], [[Лейден]])  — [[файласуфи]] ҳолландӣ, яке аз намояндагони асосии окказионализм.
 
== Зиндагинома ==
Донишгоҳи Лувенро хатм карда, дар ҳамон ҷо таълим медод. Аз соли 1658 дар Нидерланд; проф. дар Лейден (1665). Аз арастуияи мадрасӣ (схоластӣ), ки онро мавриди интиқоди шадид қарор дод, ба самти комилан пазируфтани таълимоти Декарт таҳаввул ёфт. Арнолд Гейлинкс нахустин картезианӣ аст, ки монизми идеалистиро дар заминаи усули ваҳдати мутлақи ҷавҳар, фардияти он ва сабабияти азалии комили тамоми амалҳои зоҳириву ботинии инсон тавассути дахолати пайвастаи Илоҳӣ, ки онҳоро бо рӯйдодҳои олами табиат ҳамоҳанг месозад, эълом доштааст. Арнолд Гейлинкс ҷон ва ҷисмро ба ду соате монанд кардааст, ки ҳамон як вақтро нишон медиҳанд, на ба хотири он ки онҳо ба ҳамдигар таъсир мерасонанд, балки барои он ки онҳоро устои соатсоз монанд дуруст кардааст (баъдтар ин мисолро Лейбнитс барои тавзеҳи назарияи мутобиқати қаблан муқарраршуда истифода бурд). Арнолд Гейлинкс зимни инкишоф додани асли Декарт cogito, ergo sum аз он фанни махсус — муроқибаи шахсӣ, автология («Этика, ё Худро шинос»; Gnothi se auton sive Ethica, 1675) ташаккул дод. Арнолд Гейлинкс дар баъзе масъалаҳо пешгузаштаи ғоявии Спиноза ба шумор меравад.
 
== Эзоҳ ==