Илм: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
'''Илм''' ({{lang-fa|علم}}) — нишондор кардан, аломат гузоштан, дарк кардан, ба ҳақиқати чизе расидан; маърифат, фан, донистан), дониш, соҳаи фаъолияти шинохти инсонӣ, ки ба коркарду низомноксозии донишҳои объективии мудаллал дар бораи воқеият машғул аст; маҷмӯи донишҳову ҳосили озмоишҳо, мушоҳидаву натиҷагириҳои ҳадафнок ва тавсифи падидаҳои дунёи моддӣ ва иҷтимоӣ. ИЛМ ва таърихи он як ҷузъи ҷудонашавандаи маданияти умумиинсонӣ ва яке аз қадимтарин соҳаҳои фаъолияти маънавии одамизод буда, тавассути он инсон роҳи саодату хушбахтӣ, такомул ва сохтанро омӯхта, аз ҳайвон ҷудо гардидааст. ИЛМ инсонро тавоноие мебахшад, ки ба василаи он ояндаашро ҳамонгунае метавонад бисозад, ки таманнояшро дорад. Маърифати илмӣ зодаи табъу завқи як миллат набуда, дар заминаи пажӯҳишҳои мардумони гуногун сурат гирифтааст ва аз ибтидо тамоюли умумиҷаҳонӣ доштааст. Башарият барои пешрафти илмӣ, такомул ва инкишоф бахшидани савияи маърифати худ ҳамеша кӯшиши фаровоне ба харҷ додааст ва ҳисси ҷӯёиву пӯёӣ, ковишу пажӯҳиш ҳаргиз ӯро тарк накардааст. Инсоният ҳамвора дар фикри ҳалли муаммоҳои ҷаҳон, даст ёфтан ба асрори табиату Коинот, пайдо кардани робитаи мантиқиву илмии байни падидаву рӯйдодҳои табиат будааст ва маҳз тавассути ИЛМ қонуниятҳои объективии инкишофи равандҳо ва падидаҳоро кашф намуда, онҳоро дар мафҳумҳо, қонунҳо ва мақулаҳо ифода кардааст. Аз ин рӯ, илм шакли асосии дарки олам мебошад. Вазифаи ИЛМ вобаста ба мақсад ва талаботи ҷамъият, моҳияти ашёву ҳодисаҳои объективии олам, робитаҳои қонунии равандҳои гуногунро ошкор намудан, инчунин роҳҳои истифодаи онҳоро тадқиқ кардан аст. ИЛМ дар зинаи нави инкишоф ба натиҷа ва хулосаҳои пешинаи худ аз мавқеи танқид баҳо медиҳад, мақоми аслии онҳоро дар низоми донишҳои илмӣ муайян намуда, доираи татбиқу истифодаи онҳоро таъйин мекунад ва ҳамеша дар тараққиёт ва камолоти беинтиҳо қарор дорад; воқеият низ ҳамеша тағйир ёфта меистад ва омӯзиши он поён нахоҳад дошт.
Аз даврони бостон инҷониб ИЛМ раванди дуру дарози таҳаввулро аз сар гузаронида, дар инкишофи доимӣ қарор дорад, сифатан беҳтар шуда гардида, афкор ва сатҳу шароити зиндагии инсониятро беҳбуд бахшида истодааст. Ҳанӯз дар Эрону Ҳинди Бостон (ҳазраи 6–7 то м.), Чин, Миср, Байнаннаҳрайн ва Юнони Бостон нахустин нишонаҳои ташаккули донишҳои илмӣ зуҳур карданд; тибб, нуҷум, риёзии бостон ба вуҷуд омаданд. Аммо донишҳои даврони бостон ҳанӯз ба ИЛМ-и мукаммал пухта нарасида буд, зеро таҷриба ва методологияи илмии кофӣ вуҷуд надошт ва дар шакли афкори пароканда арзи ҳастӣ мекард. Ҳарчанд дар риёзӣ – илме, ки ба тафтиши таҷрибавӣ ва дастгоҳи методологӣ эҳтиёҷ надошт ва бештар ба қонунҳои умумӣ ва мантиқи шаклӣ такя мекард, ваҳдати афкор ва ирсияти донишҳо ба назар мерасид. Дар оғози асрҳои миёна маҳз дин ба инкишофи босуръати ИЛМ таъсири бисёр бузург расонид: дар назди калисоҳову масҷидҳо, китобхонаҳо ва донишмандоне вуҷуд доштанд, ки ба тарбияи олимону такомули донишҳо ва ба низоми илмӣ расидани онҳо ёрӣ расониданд. Ҳарчанд маҳз рӯҳониёни динӣ дар асрҳои миёна (дар Ғарб) тавассути дастгоҳи ҷиноятии худ – инквизитсия ҳазорон донишмандонро ба қатл расониданду китобхонаҳои азимро ба коми оташ супурданд; дар Шарқ низ олимони бешуморе аз дасти баъзе рӯҳониёни ифротгарои мутаассиб кушта мешуданд ва мавриди таъқиби доимӣ қарор мегирифтанд (Шаҳобуддини Суҳравардӣ, Ибни Сино ва дигарон). Аммо сарфи назар аз ин таъқибу кушторҳо ИЛМ ва раванди такомули онро ҳеч неруе ба куллӣ пешгирӣ карда натавонист ва дар даврони Эҳё дар амалияву таҷриба ИЛМ рушду равнақ ва суръати тоза гирифт.
Инсоният аз он замоне, ки чашм ба олами ҳастӣ боз кардааст, Эрон ва Ҳинди Бостонро мутаммаддин дидааст. Онҳо — ориёиён дар бунёд, рушду такомули ИЛМ-ҳои ибтидоии башарият, бахусус дар тавлиду такомули ИЛМ-ҳои табиӣ, тиб, ҳандаса, риёзӣ, кимиё, алҷабр, мусиқӣ, фалсафа ва амсоли он саҳми шоистаи таҳсин гузоштаанд. Таърихи бунёд ва ташаккули ИЛМ-роилмро дар Эрон ва ақвоми эронӣ метавон ба ду даврон тақсим кард: тоисломӣ ва пас аз зуҳури ислом. Дар ҳар ду даврон забони илми эрониён забони паҳлавӣ (дарӣ-форсӣ-тоҷикӣ) будааст. Оғози ташаккули илму фан дар Эрони Бостонро донишмандон ба ҳазораи 7-6 то м. мансуб медонанд. Нахустин дастовардҳои ИЛМ-и кимиё (гудохтани мису оҳан, ашёҳои сафолӣ, хишт, истифодаи оҳаксанг ва амсоли онҳ) ба эрониёни бостон тааллуқ гирифтааст. Ориёиёни ҳазораи 4 то м. нақши ситораҳои қутбӣ ва Каҳкашону ситораҳои дугонаи Алфа Бетаи аждаҳоро дар косаҳои сафолӣ нақш карда буданд. Донишмандони Эрони Бостон қонуни мадду ҷазр, яъне таъсири кашиши Моҳу Офтобро ба Замин ва каму зиёдшавии оби дарёву баҳрҳоро ошкор карда, бо ёрии ҳисобҳои риёзиву ҳандасӣ ба чунин хулоса расида буданд, ки ситораву сайёраҳо ва Моҳу Офтоб ба падидаҳои табиат (фаровониву хушксолӣ) ва тақдири одамон таъсир дорад. Онҳо нахустин бор табақабандии ҷамодоту наботот ва ҳайвонотро ба роҳ монда, донистани асрори олам, кашфи қонуну қоидаҳои табиат ва баҳрабардорӣ аз онҳоро ёд гирифтанд. Ориёиёни бостон яке аз аввалинҳо шуда пояҳои ИЛМ-и ахлоқро бунёд ниҳода, дар бораи олами рӯҳониву ҷисмонӣ (биҳишту дӯзах, олами фариштаҳову ҷинҳо, барзах, чинвот, Аҳуромаздо ва Аҳриман) назарияҳои гуногун ироа карданд, масъалаҳои хайру шар(р), покии ҷисму рӯҳ, ҷабру ихтиёрро ба миён гузоштанд. Лавҳҳои гилие, ки аз донишмандону риёзидонҳои Шӯш (ҳазораи 2 то м., Эрон) ба мо расидаанд, гувоҳи онанд, ки онҳо масъалаҳои бисёр мушкил ҳандасиву ҷабриро бо устодии комил ҳал намуда, ҷадвали зарбро ихтироъ карда буданд. Ин нуқтаро дар мисоли таърихи ташаккули афкори илмии Эрони Бостон шарҳу тафсир додан мумкин аст. Корез (низоми обёрии зеризаминиву рӯизаминӣ) нахустин бор маҳз дар Эрони Бостон, пеш аз даврони Ҳахоманишиён, ихтироъ гардид. Қадимтарин ва бузургтарин корезҳо дар ш. Гунободи Эрон ҷой дорад, ки пас аз 2700 сол баъд аз бунёди он то ҳол хидмат карда, беш аз 40000 аҳолии шаҳр аз он оби нӯшокӣ истеэъмол мекунанд ва ЮНЕСКО онро ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонӣ ворид кардааст. Файласуфон ва ихтироъгарони Эрони Бостон нахустин маротиба нерудиҳандаи барқи (батарея)-ро дар даврони Портҳову Сосониён ихтироъ карда буданд, ки дар тиб онро истифода мебурданд. Эрониёни Бостон 1700 то м. аз неруи бод истифода карданро ёд гирифта, тавассути чархҳои бодӣ обро аз як ҷой ба ҷои дигар интиқол медоданд ва осиёбҳоро гардон мекарданд. Тамаддуни бостонии ақвоми ориёӣ дар чорсӯи Шарқу Ғарб, дар маркази равобити иқтисодию фарҳангии мардуми гуногунзабону гуногунмаслаки Шарқу Ғарб қомат афрохтааст, яъне таърихи афкори илмии эрониён таърихи таркиби анъанаҳои рангоранги маданӣ, таърихи таъсири мутақобил ва баҳрабаршавии дутарафаи тамаддунҳо, халқҳо ва замонҳои мухталиф аст. Бино ба ахборе, ки дар «Осору-л-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ зикр шудааст, ниёгони мо — бохтариҳо, портҳо, суғдиён, хоразмиён — дар баробари қибтиён, бобулиён, ҳиндувон, юнониён ва дигар қавмҳои бостонӣ ганҷинаи гаронмояи ИЛМ-ӣ андӯхтаанд. Инро бозёфтҳои бостоншиносони асри ҳозир низ тасдиқ мекунанд. Чунончи, назар ба ҳуҷҷатҳои кӯҳи Муғ, суғдиён тақвими хосеро ихтироъ карда буданд, ки аз он мардумони Ҳинду Чин низ баҳра бардоштаанд. Чуноне ки Забеҳуллои Сафо мегӯяд: «Миллати Эрон то давраи сосониён аз тараққиёти бузурге дар улум бархурдор шуда буд ва дар мусиқӣ ва тиббу риёзиёт бар асари иртиботе, ки аз Машриқу Мағриб бо милали бузурге, монанди ҳиндувону бобулиён ва милали Осиёи Сағир ёфта ва иттилооте, ки худ аз қадимулайём гирд оварда буданд, пешрафтҳое доштанд». Дар даврони Сосониён, зимни идомати анъанаҳои мадании пешина афкору дастовардҳои нави илмӣ низ хеле ривоҷу равнақ дошт. Дар ин бора вусъати тадқиқоти илмӣ (махсусан дар соҳаи тиб) дар Гунди Шопур шаҳодат аз он медиҳад, ки дар он замон ИЛМ-и тибби эрониён шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо карда буд. Донишмандони ин маркази байналхалқии тадқиқотӣ донишномаи бузурги сиҷилдаеро таълиф карданд, ки дар он маҷмӯи заҳрҳои маълуму хосиятҳои онҳо тавсифу тафсири илмӣ ёфта буданд.
Искандар чун имперотурии азими эрониёнро (давлати Ҳахоманишиён) барҳам заду вориди Эронзамин шуд, моту маҳбути тамаддуни воло ва осори илмӣ-фарҳангии мардуми он гашт, аз шиддати рашк шаҳри зебои Тахти Ҷамшед (Персеполис)-ро оташ зад, китобҳо ва ИЛМ-и эрониёнро (Авастои дар дувоздаҳ ҳазор пӯсти гов сабтшударо дар оташ сӯзонду нусхаи дуввуми онро якҷоя бо китобҳое, ки ба ИЛМ-и ҳисоб, риёзиёт, ҳандаса, нуҷум, тиб ва ғ. мансуб буданд) ба Юнон бурд, ки зодаи хиради донишмандони эронитабор буд ва минбаъд ба номи уламои юнонӣ муаррифӣ гашт. Ва ин ИЛМ ба шарофати озодиҳои фароҳамовардаи ислом, ки аз ҷумла омӯзиши ҳамагуна ИЛМ-ро барои муслимин шарт медонист, дар авоили ислом дуввумбора зинда гашт. Чун дар миёни муслимин эрониён ғолибан мардумони фарҳангӣ буданд, дар рушду нумуи илму фарҳанги замони нав саҳми фаъол гузоштанд. Ба андешаи Пайғомбар (с): «Агар дониш дар гардани осмон даровезад, қавме аз мардуми форс онро ба даст меоваранд». Гарисон ин суханони Пайғомбар (с)-ро тасдиқ карда мегӯяд: «Эрон фақат машъалдори илм набуда, балки акнун машъали худро ба Аврупо супурда аст ва он машъал ҳанӯз бо нуре дурахшонтар аз ҳамеша месӯзад» (месӯза<ref>Гарисон. Мероси Эрон. Теҳрон, 1377).</ref>
Маҳз анъанаҳои дерини фарҳангии қавмҳои эронӣ буданд, ки дар аҳди ислом ба инкишофи минбаъдаи ИЛМ-у фан дар хилофати араб замина шудаанд. Мусаллам аст, ки дар ибтидои зуҳури ислом (ва якчанд садсолаи баъдӣ низ) бештаре аз таълифоти олимон ба забони арабӣ сурат мегирифт. Дар натиҷа дар Шарқу Ғарб аксари аз донишмандони миллии моро араб донистаанд. Бештаре аз уламои Ғарб то тавонистаанд нақши донишмандони исломиро ҳамеша пинҳон доштаанд. Ин бад-он сабаб будааст, ки душмании масеҳиён алайҳи исломиён пайваста будааст ва намехостаанд, ки қобилияти волои фикрии мусулмонон, аз ҷумла эрониёнро бар худ тарҷеҳ бидиҳанд ва ё ақаллан баробари худ бидонанд. Аз ин аст, ки таърихи ИЛМ-ро аз Юнону Рум яку якбора ба таърихи қарни понздаҳу шонздаҳи Аврупо (ренесанси Аврупо) интиқол додаанд ва мусулмононро на бештар аз нигоҳдорандагон ва интиқолдиҳандагони он ИЛМ-иилми қадимии худ донистаанд.
Саҳми аҷдоди мо дар рушду нумуи ИЛМ-и башарият бисёр бузург аст. Аз донишмандони маъруфи эронзамин ва шарқи исломӣ шахсиятҳои зерин муваффақ шудаанд, ки мавҷудияти навъҳои ИЛМ-роилмро хабар додаанд: Яъқуб ибни Исҳоқ ал-Киндӣ, Абунасри Форобӣ, Абубакри Розӣ, Абуабдуллоҳи Хоразмӣ, Ибни Надим, Ибни Фариҳун, Ибни Сино, Абуҳайёни Тавҳидӣ, Фахруддини Розӣ, Ҷалолуддини Суютӣ, Абуҳомиди Ғаззолӣ, Абулҳасани Хуҷвирӣ, Шиҳобуддини Суҳравардӣ, Ибни Халдун ва дигарон.
Фалсафа ва ИЛМ Файласуфони машоӣ. Абунасри Форобӣ (874—950) нахустин файласуфи олами ислом мебошад, ки миллати тоҷик ва фалсафаи онро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардааст. Баъд аз Арасту ӯро дуввумин «Муъаллими олам» (маъруф ба «Муъаллими Сонӣ») ва бузургтарин энсиклопедисти асрҳои миёна донистаанд. Донандаи тамоми улуми маъруфи замон аз эронии қадим, зардуштию монавӣ то ба юнонию румӣ буд, ки ҳамаи ИЛМ-ҳои гузаштаро бо улуми исломӣ муқояса кард ва таълимоти бузургеро аз худ ба вуҷуд овард. Вай дар фалсафа натанҳо асарҳои Арасту, балки анқариб ба ҳамаи осори олимони Юнон тафсирҳо навишт. Дар фалсафаи навини худ сабаби ҳамаи мавҷудотро аз Худо донист ва дар таълимоти фалсафӣ масоили иҷтимоию сиёсиро дар мавқеи муҳим гузошт. Ба қавли муҳаққиқи ҳолландӣ Де Бауэр, Форобӣ дар андешаҳои сиёсӣ ва иҷтимоии худ мақоми динро барои тарбияи аҳли ҷомеъа бисёр муҳим арзёбӣ кард ва дар дараҷаи аввал гузошт. Форобӣ дар таълимоти фалсафии хеш хостгори як ҷомеаи иҷтимоии одилона ва аз амалҳои ситезу қудрат дур ва бар ақлу исору муҳаббат устувор ҷилвагар шуда, таъсиси давлати неруманди диниро як амри зарурӣ медонист. Тибқи шарқшиноси маъруфи олмонӣ А. Мюллер, Форобӣ бузургтарин мутафаккири тамоми олами ислом буд ва метавон ӯро асосгузори феълии таҳқиқоти илмии фалсафа дар Машриқ донист. Форобӣ дар муқаддимаи рисолаи худ роҷеъ ба таснифи улум менависад: «Мо кӯшидем, ки дар ин китоб аз улуми маълума ҳар кадомро дар алоҳидагӣ ном бибарем ва моҳияти куллӣ ва қисматҳое аз ин улумро баррасӣ намоем. Ва инро мо дар панҷ боб (муайян) мекунем: 1) забоншиносӣ ва қисматҳои он; 2) мантиқ ва қисматҳои он; 3) улуми риёзӣ (яъне арифметика, геометрия, оптика, нуҷуми ҳисобӣ, мусиқӣ, ИЛМ дар вазнинӣ ва ИЛМ дар санъатгарӣ); 4) физика ва қисматҳои он; 5) улуми иҷтимоъӣ ва қисматҳои он (ҳуқуқу калом)». Аммо таснифи ИЛМ-ҳоилмҳо дар нақшаи тартибдодаи Ибни Сино хеле равшантар аст.
Саҳми бисёр муҳимро дар рушду равнақи ИЛМилм донишманди бузурги тоҷик Ибни Сино гузоштааст. Вай ҳатто рисолае таҳти унвони «Рисола фӣ ақсоми-л-ъулум» навишт, ки қаблан устоди ӯ Форобӣ низ айнан чунин рисолае таълиф намуда буд. Ибни Сино аввалин шуда, дар фалсафаи олами ислом юнонигароии кӯр-кӯронаро бо далоили солим дарҳам шикаст, хубу бади онҳоро шарҳ дод ва барои файласуфони баъдӣ роҳи наверо кушуд, ки акнун мебоист ИЛМ-и фалсафаро на аз роҳи тақлид, балки ба воситаи мантиқу муҳокимарониҳои ақлгароёна мустақилона инкишоф медоданд. Ӯ ба оламиён исбот кард, ки фалсафаи мо сирф тақлидкории юнониён нест, балки натиҷаи афкори худи шарқиён аст, фақат ин ки дар он миён аз офаридаҳои юнониён низ истифода кардаанд (албатта, назарияҳои мақбулашонро). Барои исботи ин фикрҳояш ва фаҳмонидани моҳияти фалсафаи шарқӣ ӯ китобе таҳти унвони «Ҳикмати машриқия» таълиф намуд ва мақсади таълифро мухтасаран дар муқаддимаи он навишт. Аз он ҷумла дар бораи нақси юнониён мегӯяд: «Ҳар касе баъди Арасту меомад, бояд хатоҳои ӯро дар илм ислоҳ намуда, усулҳои овардаи ӯро ба шохаҳо тақсим менамуд. Лекин касоне, ки баъди Арасту омадаанд, аз уҳдаи дарки мероси ӯ набаромадаанд ва умри худро сарфи фаҳми ҷиҳатҳои беҳтаринаш намуда, тарафҳои ноқиси онро кӯр-кӯрона ва бо ифрот омӯхтаанд… Лекин мо дар оғози машғулият чизеро, ки пешиниён гуфта буданд, ба осонӣ фаҳмидем ва дур нест, ки илмҳо аз ғайри ҷиҳати юнониён низ ба мо расидаанд. Зеро замоне, ки машғули илмомӯзӣ будем, овони ҷавонӣ буду дар як муддати кӯтоҳ, ба мадади Худованд, ба фаҳми мероси гузашта, ки аз дарки он кӯтоҳӣ доштем, муваффақ шудем. Сипас ҳама маълумоти худро бо навъи илме, ки юнониён „мантиқ“ меноманд, ҳарф ба ҳарф муқобала кардем. Дур нест, мантиқ дар назди машриқиён номи дигаре дошта бошад. Он чи бо мантиқ мутобиқ ва муқобил буд, дарёфтем. Барои ҳар чиз сабабе ҷустуҷӯ карда, ҳар чӣ рост буд, рост ва ҳар чӣ дурӯғ буд, дурӯғ шуд… Вақте кори мо ин тарз ба анҷом расид, азм ба таълифи китобе кардем, ки шомили асосҳои илми ҳақиқӣ бошад. Ва онро шахсе дармеёбад, ки аз назари васеъ, фикри амиқ ва фаросати тез бархурдор аст» (<ref>Абӯалӣ ибни Сино. Осори мунтахаб. Ҷ. 4. Д., 1992)</ref>. Ин буд, ки тоҷикон дар соҳаҳои гуногуни ИЛМ-и фалсафа навигариҳои илмиро ворид намуда, пояҳои ин ИЛМ-ро баланд бардоштанд. Ибни Сино дар ИЛМ-и фалсафа мақоми волотаринро ба худ касб намуда, пас аз шикастани қолибҳои юнонигароии фалсафии шарқиён, таълимоти худро инкишоф дод, дарки мақоми ақл ва андешаи мантиқиро дар ҷомеъаи инсонӣ пеш гузошт. Мавзӯъи ҳақиқат ва адами ҳақиқати кулл ва роҳҳои дарёфти маъонии он пайваста дар маркази диққати ғарбиён, билхусус сарони масеҳият буд, ки онро Ибни Сино ҳал кард. Пас аз он эътибори фалсафаи Сино дар миёни донишмандони Мағрибзамин то ҳадде рафт, ки ӯро «шоҳзода ва пешвои фалсафа» (аз ҷумла Бекон) номиданд. Ӯ дар баробари тиб, фалсафа, мантиқ, мусиқӣ ва дигар фанҳо, ба ИЛМ-и ҳайъат низ машғул шуда, асарҳои зиёде таълиф кардааст: дар феҳрасти осори ИЛМ-ии Шайхурраис, ки бо саъю эҳтимоми шогирди ӯ Абуубайди Ҷузҷонӣ мураттаб гардидааст, ҳафт рисолаи вай зикр мешавад, ки дар онҳо масъалаҳои гуногуни назарӣ ва амалии ИЛМ-и ҳайъат мавриди тадқиқ қарор гирифтаанд. Масъалаҳои мухталифи ИЛМ-и нуҷум дар асарҳои «Донишнома» ва «Шифо», инчунин дар тафсирномаву тавзеҳоти навиштаҳои муҳаққиқони дигар (аз ҷумла «ал-Маҷастӣ»-и Батлимус ва «Усул»-и Уқлидус) зикр ёфтаанд. Баъзе донишмандони аврупоӣ ба ин назаранд, ки гӯё Ибни Сино ақидаи маълуму маъмули риёзидонони юнонӣ, бобулӣ ё ҳиндиро ба қалам оварда, танҳо шореҳи осори Батлимусу Уқлидус ва Арасту будааст. Вале чун ба аксари рисолаҳои Шайхурраис, аз ҷумла, тафсирномаҳои ӯ диққат кунем, яқин ҳосил менамоем, ки Ибни Сино ба осори гузаштагони худ аз ду ҷиҳат тағйироту иловаҳо даровардааст: 1. Вай ақида ё нуктаҳои комилан навро дохил карда, зимни онҳо чанд ҷузъиёти муҳимми таълифоти пешиниёнро аз назари интиқодӣ боздид намудааст. Дар ин бора Ҷузҷонӣ мегӯяд: «Дар „Маҷастӣ“ даҳ шакл аз ихтилофи манзар овард, дар охири „Маҷастӣ“ дар илми ҳайъат чизҳое овард, ки пеш аз ӯ набуд». 2. Ибни Сино нуктаҳои норасо, бебурҳон ё нотамоми пешиниёнро мукаммал намудааст ва ё хатоҳои илмии онҳоро ислоҳ кардааст. Ибни Сино на фақат оид ба масъалаҳои умумии ИЛМ-и ҳайъат (хусусиятҳои ҳаракати ҷирмҳои фалак, ашколи Замину Осмон, чигунагии расад ва мутобиқати он бо табиатшиносӣ ва монанди инҳо) якчанд рисола иншо карда, бевосита худ ба мушоҳада ва расадбандӣ пардохтааст.
 
 
Сатри 13:
Файласуфони мутакаллим. Мутакаллимин дар се марҳалаи фаъолият карда буданд: 1. Муътазилиён. 2. Марҳалаи ашъарӣ ва мотуридӣ. 3. Фалсафаи калом. Агар дар марҳалаи аввал ин файласуфон (муътазилиён) бо таълимоти исломӣ дар баъзе аз масоил хилоф оварданд, дар марҳалаи дуввум кӯшиш карда шуд, ки фалсафа бо ислом созиш дода шавад ва чун ҳамешагӣ ин корро боз ҳам тоҷикон анҷом доданд. Яке аз донишмандони маъруф — асосгузори марҳалаи дуввум Абулҳасан Алӣ ибни Исмоъил ал-Ашъарӣ (870—930) байни мутакаллимин ва аҳли суннати ислом ваҳдати афкор ба миён овард. Ӯро дар тамоми олами ислом аз ҷумлаи саромадони ИЛМ-и калом донистаанд ва яке аз аввалин олимонест, ки таърихи фирқаҳои исломиро воқеъбинона таҳқиқ кард. Таълимоти ӯ ба олимони машҳуре чун Ғаззолӣ, Фахруддини Розӣ, Шаҳристонӣ ва ғ. таъсири амиқ гузошт. Ҷараёни динӣ-фалсафии ӯ бо номи ашъария маъруф шуд. Вай дар миёни кулли фирқаҳои динӣ як мактаби миёнаи калом созмон дод ва ҳар мазҳабу фирқае, ки дар масъалае ба ифрот мерафт, қабул надошт. Мисли муътазилиён мавқеъи ақлро ба ифрот намебурд. Мувофиқи таълимоти ӯ ақл ба дарки кулли донишҳо қодир нест, аммо як ҳадде дорад. Мисли асҳоби ҳадис, ки нақши ақлро хеле паст мезаданд, ба ифрот намерафт. Ӯ таълимоти озодии иродаи инсонро ба вуҷуд овард. Тарафдорону ҳавохоҳони зиёде дар тули асрҳои зиёд аз ӯ пайравӣ карданд.
Асосгузори дигари ин марҳала Мотуридии Самарқандӣ [фавт 945 (995 ҳам гуфтаанд)] буд. Таълимоти ӯ бо номи мотуридия маъруф аст, ки он низ мисли ашъария дар ҳимояи фалсафаи ислом аз машшоия ва дигар равияҳои бидъатомези замон мекӯшид. Мотуридӣ низоми каломашро новобаста аз Ашъарӣ ба вуҷуд оварда буд. Аммо каломи ӯ аз каломи ашъария фарқ дошт. Муҳаққиқин дар каломи ӯ 13 ихтилофро бо Ашъарӣ хабар додаанд. Мотуридӣ мегӯяд: «Инсон дар афъол дорои қудрату ихтиёр аст», яъне инсон ба ҳар кор ихтиёр дорад ва қодир аст, ки онро худ мустақилона содир кунад. Вале дар маҷмӯи назариёт ҳар дуи ин калом бо ҳам наздиканд. Ба ҳамон андозае, ки силсилаи ашъария дар миёни шофеъимазҳабон нуфуз дошт, мотуридия дар миёни пайравони ҳанафия (дар Мовароуннаҳру Хуросон) бонуфуз буд. Яъне боз ҳам донишмандони тоҷик буданд, ки тавонистанд ба воситаи фалсафа ҳаёти диниву дунявиро бо ҳам ба ифоқа биёранд ва тазодди чандинасраи фикрии онро то ҳадде аз миён бардоранд.
Чунин кӯшишҳои сулҳдӯстонаи тоҷиконаро дар фаъолиятҳои илмӣ-амалии мутафаккири дигари форс-тоҷик — Имом Ғаззолӣ (1058—1111) ба хубӣ мушоҳада кардан мумкин аст, ки то чӣ ҳад ирфону динро бо ҳам оштӣ дод. Ӯ баъд аз 32-солагӣ, пас аз оне, ки қариб аз тамоми улуми замонааш бохабар шуд, бори аввал дар муътақидоти динӣ ва ҳамаи маъорифи ҳиссиву ақлии худ ба шак(к) гирифтор омад. Пас, маҷбур шуд, ки тамоми мазоҳиби исломиро бо ҷумлаи мухолифатҳояшон биёмӯзад ва таҳқиқ кунад, то бад-ин восита аз доираи шаккокӣ берун шуд. Баъдан ба омӯзишу таҳқиқи фалсафа, бидуни устоде пардохт ва дар панҷ-шаш соли омӯзиши пайваста дар калому фалсафа аз ҷумлаи устодон шуд ва китобе чанд дар ин ҳар ду ИЛМ таълиф кард, ки аҳли замонро дар ҳайрат гузошт. Ӯ каломро вориди фалсафа карда, фалсафаи каломро ба вуҷуд овард. Дар ирфон равияи Мансури Ҳаллоҷро напазируфт. Дар илми ахлоқ ба пояҳои баландтарин расид, ки минбаъд ахлоқи ӯ меъёри омӯзиши макотиби дигари фалсафию ирфонӣ қарор гирифт. Вай ба воситаи мактубҳояш ба ҳукмронони Салҷуқӣ ахлоқ ва маданияти давлатдориро талқин кард ва ғ. Ғаззолӣ дар миёни уламои исломӣ аввалин шуда, дар рафти фарогирии дониш шак(к) карданро ҳатмӣ эълом дошт ва ин бузургтарин ҷасорати илмӣ ва яке аз рукнҳои асосии таълимоти ӯ буд. Вай таъкид медошт, ки дар ибтидои касби дониш ба тамоми тафаккуроти илмӣ бо назари шубҳа бояд нигарист, то бад-он вақте, ки бо далелҳо дурустии он исбот карда нашавад. Дар ин бора матолиби ӯро Найири Нурӣ чунин хулоса кардааст: «Вай муътақид шуда буд, ки ҳеч амреро набояд ҳақиқӣ шумурд, магар вақте, ки он ҳақиқат ба далелу бурҳони илмиву ақлӣ собит шуда бошад ва он мусалламшударо низ бояд мумкинулхато шумурд ва агар хатои он собит шуд, бояд онро низ аз арсаи бадеҳиёт ихроҷ кард. Бинобар ин, ҳеч дастгоҳи динию давлатӣ ва девонӣ ва ҳеч муассисаи илмӣ ҳаргиз набояд монеъи изҳори ақидае бар хилофи умури мусаллама бишавад ва аз интиқоди матолибе, ки ба унвони ҳақиқат пазируфта шудааст, ҷилавгирӣ кунад…». (<ref>Найири Нурӣ. Саҳми арзишманди Эрон…) </ref>. Дар ин боб андешаҳои ӯ мухтасар аз инҳо иборатанд: 1. Ҳамаи анвоъи улум бояд таҳқиқу баррасӣ шавад. 2. Бояд сабабу далели ҳар умуреро ҷустуҷӯ кард. 3. Кӯр-кӯрона набояд ба қавли гузаштагон иттико кард. Ин далелҳо собит мекунанд, ки мавқеъи ӯ дар таҳқиқу баррасии ҳақоиқи илмӣ хеле ҷиддист. Роҷеъ ба ин масъала Ғаззолӣ дар китоби «Ал-мунқиз мина-з-залол» мегӯяд: «…Ба худ гуфтам: Матлуби ман илм ба ҳақоиқи умур аст, бояд нахуст бидонам, ки ҳақиқати илм чист… Ин нукта бар ман ошкор шуд, ки илм он гоҳ ҳақиқӣ, яқинӣ ва итминонбахш аст, ки шакку шубҳа ва ғалати пиндорро бар он роҳе набошад ва тардиду тазалзуле дар дил хутур накунад…». Яке аз масоили дигар нақши идроки ҳиссӣ ва ақлиро дар дарёфти ҳақоиқи илмӣ кофӣ надонистани Ғаззолист. Ба гуфти ӯ, идроки ҳиссӣ мавриди эътимод нест ва инсонро ғолибан фиреб медиҳад, ҳатто дар сиҳҳати усули зарурийяи тафаккур ҳам шак(к) аст, пас бар ақл низ эътимод нест. Ғаззолӣ дар донишҳои ҳиссӣ ва ақлӣ (албатта, на дар ҳамаи онҳо) шубҳа намуда, дар баъзе маворид беэътибории онҳоро исбот ҳам кардааст. Инро бояд донист, ки Ғаззолӣ ИЛМ-ҳои маҳсусотӣ ва ақлиро дар муқоиса бо ИЛМ-ҳои табиъатшиносӣ «камарзиштар» баҳо додааст, ки дар ин хусус наметавон Ғаззолиро «иртиҷоъӣ» ҳукм кард, баръакс, ин таъкидоти ӯ олимонро маҷбур месохт, ки дар муҳокимарониҳои ҳиссиву ақлии худ такя бар бурҳонҳои қотеъонаи ИЛМ-ҳои табиъатшиносӣ кунанд. Ин ки ба хотири «бедин нашудани мардум» он ИЛМ-ҳороилмҳоро «лаҷом заданӣ» буд, гапи дигар аст ва ин маълум аст, ки мақсади ниҳоии Ғазолӣ дар он замони тангу тори асримиёнагӣ ба ифоқа овардани ИЛМ-ҳои табиъатшиносӣ, фалсафа, тасаввуф ва дин буд, ки оқилона он матолиби худро то андозае амалӣ карда тавонист. Ӯ менависад: «Бо ҷидду ҷаҳди тамом шурӯъ ба фикру андеша дар маҳсусоту заруриёт кардам… Дар тули ташкик (шак(к) кардан) ба ин ҷо расидам, ки дар маҳсусот ҳам ҷои шакку тардид аст… Чӣ гуна метавон ба маҳсусот эътимод намуд, дар сурате, ки нерӯмандтарини ҳавосси мо, ки ҳоссаи биноӣ аст, хато мекунад… Ситорагони осмонро ба андозаи зарраи хурд мебинӣ, аммо бароҳин ва далоили ҳандасӣ собит мекунад, ки он аҷром (ҷирмҳои осмонӣ) аз Замин ҳам бузургтар мебошанд (Худи ҳамин эътирофи Ғазолӣ, ки ҷирмҳои осмонӣ аз Замин ҳам бузургтаранд, хашми азими руҳониёни муттаъассибро алайҳи ӯ бархезонда буд, ки бад-ин сабаб аз аҳли бидъаташ эълом дошта буданд). Дар ҷавоби маҳсусот дармондам, чи гуфтору ашколи онҳо ба хобу чизҳое, ки дар хоб дида мешаванд, таъйид шуд…». (<ref>Найири Нурӣ. Саҳми арзишманди Эрон…) </ref>. Пас ба донишҳои ҳиссӣ камтар эътимод кард ва дар бештари маворид ба онҳо бо шубҳа менигарист. Ғаззолӣ бо машшоиён ва умуман бо фалосифаи табиатшинос асосан дар се назария зид буд: 1. Назарияи қадим будани олам, дар ҳоле, ки ба ақидаи Ғаззолӣ «дунё офаридашуда ва фаношаванда аст». 2. Ин ақида, ки Худованд фақат ИЛМ ба куллиёт дорад на ҷузъиёт, дар ҳоле, ки «Ҳақ ин аст, ки дар осмонҳову Замин заррае нест, ки аз Ӯ пинҳон бошад». 3. Инкори зиндашавии ҷисмонӣ, дар ҳоле, ки зиндашавии арвоҳро эътироф мекунанд. Найири Нурӣ менависад: «Шеваи тафаккур ва таъаққули Ғазолӣ дар ислом ба куллӣ тозагӣ дошт ва мунҳасир ба худи ӯ буд ва назири он шеваро қарнҳо баъд аз ӯ Декарт дар Урупо пеш гирифт».(Найири Нурӣ. Саҳми арзишманди Эрон…) Аммо аввалин шиносоии аврупоиён аз Ғаззолӣ аз он ҷо буд, ки ӯ фалсафаи машшоияро зери танқид гирифт ва дар баробари ин тамоми назариёти умдаи онҳоро чунон таҳлилу баррасӣ кард, ки то он вақт ақоиди эшонро касе ба он содагиву равонӣ ба хонандагон нафаҳмонида буд. Дар натиҷа, ҳам фалсафаи машшоъ ва ҳам фалсафаи калом дар Аврупову Осиё қотеъона паҳн шуд. Яъне, Ғаззолӣ чунон роҳеро кушод, ки акнун ҳар кас метавонист ба осонӣ роҳу равиши ин ду тариқи фалсафаро дарк кунад ва аз паи яке равад. Натиҷаи ниҳоӣ чунон шуд, ки фалсафаи калом дар Шарқ ғолиби мутлақ гашт (албатта, тадриҷан) ва дар Ғарб ҳам калом ва ҳам машшоия баробар нуфуз пайдо карданд. Ва ин яке аз бузургтарин хидматҳои ӯ ба афкори умумиҷаҳонӣ буд. Дар қуруни вусто қисмати аъзами китоби «Таҳофату-л-фалосифа»-и ӯро ба лотинӣ тарҷума карда буданд. Раймунд Мартин дар китоби худ «Pugio Fidei» арзиши бузурги ин китоби Ғаззолиро ба ҷомеъаи Аврупо таъкид намуд. Қабл аз ҳама ба ақидаи ӯ мутафаккирини масеҳӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд. Ва файласуфон бар ду ҷаноҳ шуда, иддае аз ӯ тарафдорӣ карданд ва иддае алайҳи ӯ бархостанд (ба мисли Ибни Рушд). Томаи Аквинӣ баъд аз ду қарн китобе таълиф кард, таҳти унвони «Summa Theologiae», ки бисёр андешаҳои ӯ айни гуфтаҳои Ғаззолист, вале чунонки расми аксари уламои қадим ва қурунивустоии аврупоиён аст, аз Ғаззолӣ ном набурдааст, дар ҳоле ки аз осори ӯ ба хубӣ огоҳ буд. Айни ҳаминро дар осори Рене Декарт (1596—1650)-и фаронсавӣ мушоҳада кардан мумкин аст. Чунонки Левес дар «Таърихи фалсафа» (<ref>Lewes. History of philosophy. vol. II. р. 50)</ref> навиштааст, ки агар дар баробари китоби Декарт — «Баҳс дар бораи метод» порае аз тарҷумаи лотинӣ ё фаронсавии осори Ғаззолӣ мавҷуд мебуд, «бидуни шак(к) мебоистӣ бигӯем, ки Декарт (аз Ғаззолӣ) дуздии адабӣ кардааст». Дар яке аз маҷаллаҳои амрикоӣ мавсум ба "Journal of American Oriental Society (vol. 20, p. 103) Имом Ғаззолиро аз аввалин саромадони диалектика шинохтаанд ва навиштаанд, ки ӯ 700 сол қабл аз он, ки диалектикаро дар Аврупо ба миён оварданд, ӯ ин корро ибтидо гузошта буд. М. Ҳортон дар китоби худ бо номи «Фалсафаи ислом» (чопи Мюнхен, 1941. С. 12) пас аз он ки менависад: «Фалсафаи ислом аз Эрон бархостааст», дар бораи Имом Ғаззолӣ мегӯяд: «Ин шахсияти барҷаста, ки барои дунёи ислом дорои аҳаммияти дараҷаи аввалӣ буда, ба ҳамон дараҷа ҳам барои шӯъбаи протестанти масеҳият тақрибан ба ҳамон ҷиҳоту далоил эътибору аҳаммият доштааст». Найири Нурӣ аз навиштаҳои нависандаи номии Лубнон Ҷуброн Халил чунин овардааст: «Рӯҳониюни Ғарб Имом Муҳаммад Ғаззолиро бузургтарин ва арҷмандтарин мутафаккири олами ислом мешуморанд ва аҷоиб ин, ки дар калисои бузурги Флоренси Итолиё, ки аз биноҳои қарни понздаҳуми милодист, тасвири Ғаззолӣ дар миёни тасовири фалосифа ва асоқифа ва рӯҳбонони бузург, ки дар қуруни вусто пешвоён ва раҳбарони бузурги ҷаҳони масеҳият маҳсуб мешаванд, мушоҳада мегардад. Аҷибтар он, ки ғарбиҳо ба шахсият ва мақоми Ғаззолӣ бештар аз шарқиён аҳаммият медиҳанд ва осори ӯро тарҷума кардаанд». Ғазолӣ дар тӯли 20 соли фаъолияти илмиаш (ки барои олим хеле мӯҳлати кам аст) на танҳо олами дину тасаввуфу фалсафаро ба шӯр овард, балки ӯ тавонист дар ИЛМ-и ахлоқу сиёсати давлатдорӣ низ комёбиҳои азим ба даст биёварад; ӯ тавонист, ки таъассуби рӯҳониюни иртиҷоъиро доир ба муносибати душманона доштанашон ба ИЛМ-ҳои дақиқ шиканад ва мартабаи ин улумро боло барад ва далоили илмиро дар ривоҷи дин коргар шумарад. Ба ибораи дигар, агарчи ИЛМ-ҳои дақиқро «лаҷом зад», аммо аз маҳвшавӣ наҷоташон дод; рӯҳониёнро аз ҷаҳолати таъассуб бедор сохт; мутасаввифаро аз ифротгароӣ берун кашид ва ғ. Ва муҳимтарин натиҷаи кори ӯ он шуд, ки тамоми ифротгароёнро чи дар тасаввуфу дин, чи дар ИЛМ-у фалсафа ба як маҷрои мутавассит даровард ва ҳамаро бо ҳам оштӣ дод ва барои эшон шароити маънавии тараққии бошуъурона пешниҳод кард.
Пас аз Имом Ғаззолӣ ду файласуфи барҷаста падид омад, ки яке зидди ӯ (Ибни Рушд 1126—1198) ва дигаре бар тарафдориаш (Фахруддини Розӣ 1148—1210) бархостанд ва ҳар кадом аз паси худ пайравони мутаъаддиди дигареро дар Шарқу Ғарби олам ба вуҷуд оварданд.
 
Сатри 53:
Дар ояндаи начандон дур: бо ёрии дастовардҳои нав ба нави ИЛМ инсоният қодир ба он хоҳад буд, ки насли худро на танҳо дар галактикаи Каҳкашон, балки берун аз он низ интишор диҳад; бисёре аз душвориҳое, ки имрӯз инсоният ва ИЛМ ба он рӯ ба рӯст, ба зудӣ ҳал хоҳанд шуд ва башарият ба комёбиҳое даст хоҳад ёфт, ки барои наслҳои имрӯз афсона менамоянд, чуноне ки натиҷаҳои имрӯзи ИЛМ барои ниёкони чанд аср пеши мо ба мисли афсона мебошанд. Мас., масофаи аз як сайёра ба сайёраи дигар, аз як низоми офтобӣ ба низоми офтобии дигар ва ҳатто аз як галактика ба галактикаи дигарро кайҳоннавардон метавонанд дар як муддати кӯтоҳ тай кунанд; маҳз тавассути ИЛМ бисёре аз бемориҳое, ки имрӯз инсониятро азият медиҳанд ба фаромӯшии таърих супурда хоҳанд шуд ва давомнокии муайяни умри инсон таъмин мегардад, фарогирии улуми зиёде дар давоми хеле кӯтоҳ мумкин хоҳад буд ва ғ.
Дар Қуръон калимаи «илм» беш аз 700 бор ба кор рафтааст. Худованд дар бархе оёт донишмандонро аз дигарон (39:9) бартар гузошта, ИЛМ-ро аз меъёрҳои имтиёз қарор додааст (58:14). Дар бархе оёт ҳадафи офариниши осмону замин барои огоҳии инсон аз ИЛМ-у қудрати илоҳӣ дониста шудааст (65:12). Қуръон дар оёти зиёде инсонро ба кайҳоншиносӣ, заминшиносӣ, равоншиносӣ ва инсоншиносӣ мутаваҷҷеҳ кардааст. Инояти Қуръон ба ИЛМ дар канори омӯзаҳои пайғомбар (с) ва донишмандон, ки мусулмононро ба ИЛМ-омӯзӣ ва донишафзоӣ ташфиқ мекарданд, заминаҳое дар миёни мусулмонон ба вуҷуд овард, ки сабаби ҷаҳиши ҷомеаи исломӣ дар муддати нисбатан кӯтоҳе гардид ва ҷомеаи ҷоҳилияро ба ҷомеаи мутамаддин табдил сохт ва мусулмонон дар улуми гуногун, монанди пизишкӣ, кайҳоншиносӣ, риёзӣ ва ғ. гӯйи сабқатро аз дигар миллатҳо рабуданд. Нигар низ Илмшиносӣ.
Ад.: Sarton G., Introduction to the History ot Seience. Vol. I—III. Baitimore, 1927—1945; Бернал Д. Наука в истории общества. М., 1956; Умаров С. У. Расцвет науки в Таджикистане. Сталинабад, 1960; Наука о науке. М., 1966; Собиров Г. Инкишофи математика дар Осиёи Миёна (асрҳои XV—XVII). Д., 1968; Нейгебауер О. Точные науки в древности, М., 1968; Nasr S. H. Seience and Civilizatlon in Islam. Harward Univ. Press, 1968; Раджабов З. Ш. Наука Советского Таджикистана. Д., 1968; Осимов М. Ба сӯи қуллаҳои нави инкишофи илм дар Тоҷикистон. «Коммунисти Тоҷикистон», № 12. 1969; Асимов М. С. Развитие науки в Таджикистане // «Вопросы философии». № 12. 1971; Розенфельд Б. А. О влиянии математики стран ислама в науку Европы. М., 1971; Турсунов А. От мифа к науке. М., 1973; Турсунов А. Бируни и космология Восточного Ренессанса — «Природа». № 8, 1973; Наврӯзов С., Ёқубов К.. Илм ҳамчун қувваи истеҳсолкунанда // «Комунисти Тоҷикистон». № 5. Д., 1973; Рожанская М. М. Механика на Средневековом Востоке. М., 1976; Шамсиддинов Ҷ. Ш. Қомуснигори бузурги асрҳои миёна. Умари Хайём Ҳаким, олим ва адиб. Д., 1987; Шамсиддинов Ҷ. Ш. Мантиқи Хайём ва илми ҳозира. Д., 1988; Абуалӣ ибни Сино. Осори мунтахаб. Д., 1992; Ибни Қурбон. Фавоҳиш ва раҳоиш. Д., 2003; Ибни Қурбон. Дар дуроҳаи фано ва эҳёи миллати қадим. Д., 2007; Философский энциклопедический словарь. В 4-х томах. Т. 3. М., 2010.
سهم ارزشمند ایران در فرهنگ جهان. جاد ٢. تهران، ١٣٧٧ ش.؛ عبدالرفع حقیقت. تأریخ نهضتهای فکری ایرانیان. تهران، ١٣٨٠ ش.؛ ویل دورانت. تأریخ تمدن. تهران، ١٣٧٦ ش.؛ ویل دورانت. تأریخ فلسفه. تهران، ١٣٧٤ ش.؛
С. Наврӯзов, А. Турсон, Н. Амиршоев
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Илм"