Илм: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
'''Илм''' ({{lang-fa|علم}}) — нишондор кардан, аломат гузоштан, дарк кардан, ба ҳақиқати чизе расидан; маърифат, фан, донистан), дониш, соҳаи фаъолияти шинохти инсонӣ, ки ба коркарду низомноксозии донишҳои объективии мудаллал дар бораи воқеият машғул аст; маҷмӯи донишҳову ҳосили озмоишҳо, мушоҳидаву натиҷагириҳои ҳадафнок ва тавсифи падидаҳои дунёи моддӣ ва иҷтимоӣ. ИЛМ ва таърихи он як ҷузъи ҷудонашавандаи маданияти умумиинсонӣ ва яке аз қадимтарин соҳаҳои фаъолияти маънавии одамизод буда, тавассути он инсон роҳи саодату хушбахтӣ, такомул ва сохтанро омӯхта, аз ҳайвон ҷудо гардидааст. ИЛМ инсонро тавоноие мебахшад, ки ба василаи он ояндаашро ҳамонгунае метавонад бисозад, ки таманнояшро дорад. Маърифати илмӣ зодаи табъу завқи як миллат набуда, дар заминаи пажӯҳишҳои мардумони гуногун сурат гирифтааст ва аз ибтидо тамоюли умумиҷаҳонӣ доштааст. Башарият барои пешрафти илмӣ, такомул ва инкишоф бахшидани савияи маърифати худ ҳамеша кӯшиши фаровоне ба харҷ додааст ва ҳисси ҷӯёиву пӯёӣ, ковишу пажӯҳиш ҳаргиз ӯро тарк накардааст. Инсоният ҳамвора дар фикри ҳалли муаммоҳои ҷаҳон, даст ёфтан ба асрори табиату Коинот, пайдо кардани робитаи мантиқиву илмии байни падидаву рӯйдодҳои табиат будааст ва маҳз тавассути ИЛМ қонуниятҳои объективии инкишофи равандҳо ва падидаҳоро кашф намуда, онҳоро дар мафҳумҳо, қонунҳо ва мақулаҳо ифода кардааст. Аз ин рӯ, илм шакли асосии дарки олам мебошад. Вазифаи ИЛМ вобаста ба мақсад ва талаботи ҷамъият, моҳияти ашёву ҳодисаҳои объективии олам, робитаҳои қонунии равандҳои гуногунро ошкор намудан, инчунин роҳҳои истифодаи онҳоро тадқиқ кардан аст. ИЛМ дар зинаи нави инкишоф ба натиҷа ва хулосаҳои пешинаи худ аз мавқеи танқид баҳо медиҳад, мақоми аслии онҳоро дар низоми донишҳои илмӣ муайян намуда, доираи татбиқу истифодаи онҳоро таъйин мекунад ва ҳамеша дар тараққиёт ва камолоти беинтиҳо қарор дорад; воқеият низ ҳамеша тағйир ёфта меистад ва омӯзиши он поён нахоҳад дошт.Аз даврони бостон инҷониб илм раванди дуру дарози таҳаввулро аз сар гузаронида, дар инкишофи доимӣ қарор дорад, сифатан беҳтар шуда гардида, афкор ва сатҳу шароити зиндагии инсониятро беҳбуд бахшида истодааст. Ҳанӯз дар Эрону Ҳинди Бостон (ҳазраи 6–7 то м.), Чин, Миср, Байнаннаҳрайн ва Юнони Бостон нахустин нишонаҳои ташаккули донишҳои илмӣ зуҳур карданд; тибб, нуҷум, риёзии бостон ба вуҷуд омаданд. Аммо донишҳои даврони бостон ҳанӯз ба ИЛМ-иилми мукаммал пухта нарасида буд, зеро таҷриба ва методологияи илмии кофӣ вуҷуд надошт ва дар шакли афкори пароканда арзи ҳастӣ мекард. Ҳарчанд дар риёзӣ – илме, ки ба тафтиши таҷрибавӣ ва дастгоҳи методологӣ эҳтиёҷ надошт ва бештар ба қонунҳои умумӣ ва мантиқи шаклӣ такя мекард, ваҳдати афкор ва ирсияти донишҳо ба назар мерасид. Дар оғози асрҳои миёна маҳз дин ба инкишофи босуръати ИЛМ таъсири бисёр бузург расонид: дар назди калисоҳову масҷидҳо, китобхонаҳо ва донишмандоне вуҷуд доштанд, ки ба тарбияи олимону такомули донишҳо ва ба низоми илмӣ расидани онҳо ёрӣ расониданд. Ҳарчанд маҳз рӯҳониёни динӣ дар асрҳои миёна (дар Ғарб) тавассути дастгоҳи ҷиноятии худ – инквизитсия ҳазорон донишмандонро ба қатл расониданду китобхонаҳои азимро ба коми оташ супурданд; дар Шарқ низ олимони бешуморе аз дасти баъзе рӯҳониёни ифротгарои мутаассиб кушта мешуданд ва мавриди таъқиби доимӣ қарор мегирифтанд (Шаҳобуддини Суҳравардӣ, Ибни Сино ва дигарон). Аммо сарфи назар аз ин таъқибу кушторҳо ИЛМ ва раванди такомули онро ҳеч неруе ба куллӣ пешгирӣ карда натавонист ва дар даврони Эҳё дар амалияву таҷриба илм рушду равнақ ва суръати тоза гирифт.
Инсоният аз он замоне, ки чашм ба олами ҳастӣ боз кардааст, Эрон ва Ҳинди Бостонро мутаммаддин дидааст. Онҳо — ориёиён дар бунёд, рушду такомули ИЛМ-ҳои ибтидоии башарият, бахусус дар тавлиду такомули илмҳои табиӣ, тиб, ҳандаса, риёзӣ, кимиё, алҷабр, мусиқӣ, фалсафа ва амсоли он саҳми шоистаи таҳсин гузоштаанд. Таърихи бунёд ва ташаккули илмро дар Эрон ва ақвоми эронӣ метавон ба ду даврон тақсим кард: тоисломӣ ва пас аз зуҳури ислом. Дар ҳар ду даврон забони илми эрониён забони паҳлавӣ (дарӣ-форсӣ-тоҷикӣ) будааст. Оғози ташаккули илму фан дар Эрони Бостонро донишмандон ба ҳазораи 7-6 то м. мансуб медонанд. Нахустин дастовардҳои ИЛМ-и кимиё (гудохтани мису оҳан, ашёҳои сафолӣ, хишт, истифодаи оҳаксанг ва амсоли онҳ) ба эрониёни бостон тааллуқ гирифтааст. Ориёиёни ҳазораи 4 то м. нақши ситораҳои қутбӣ ва Каҳкашону ситораҳои дугонаи Алфа Бетаи аждаҳоро дар косаҳои сафолӣ нақш карда буданд. Донишмандони Эрони Бостон қонуни мадду ҷазр, яъне таъсири кашиши Моҳу Офтобро ба Замин ва каму зиёдшавии оби дарёву баҳрҳоро ошкор карда, бо ёрии ҳисобҳои риёзиву ҳандасӣ ба чунин хулоса расида буданд, ки ситораву сайёраҳо ва Моҳу Офтоб ба падидаҳои табиат (фаровониву хушксолӣ) ва тақдири одамон таъсир дорад. Онҳо нахустин бор табақабандии ҷамодоту наботот ва ҳайвонотро ба роҳ монда, донистани асрори олам, кашфи қонуну қоидаҳои табиат ва баҳрабардорӣ аз онҳоро ёд гирифтанд. Ориёиёни бостон яке аз аввалинҳо шуда пояҳои ИЛМ-и ахлоқро бунёд ниҳода, дар бораи олами рӯҳониву ҷисмонӣ (биҳишту дӯзах, олами фариштаҳову ҷинҳо, барзах, чинвот, Аҳуромаздо ва Аҳриман) назарияҳои гуногун ироа карданд, масъалаҳои хайру шар(р), покии ҷисму рӯҳ, ҷабру ихтиёрро ба миён гузоштанд. Лавҳҳои гилие, ки аз донишмандону риёзидонҳои Шӯш (ҳазораи 2 то м., Эрон) ба мо расидаанд, гувоҳи онанд, ки онҳо масъалаҳои бисёр мушкил ҳандасиву ҷабриро бо устодии комил ҳал намуда, ҷадвали зарбро ихтироъ карда буданд. Ин нуқтаро дар мисоли таърихи ташаккули афкори илмии Эрони Бостон шарҳу тафсир додан мумкин аст. Корез (низоми обёрии зеризаминиву рӯизаминӣ) нахустин бор маҳз дар Эрони Бостон, пеш аз даврони Ҳахоманишиён, ихтироъ гардид. Қадимтарин ва бузургтарин корезҳо дар ш. Гунободи Эрон ҷой дорад, ки пас аз 2700 сол баъд аз бунёди он то ҳол хидмат карда, беш аз 40000 аҳолии шаҳр аз он оби нӯшокӣ истеэъмол мекунанд ва ЮНЕСКО онро ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонӣ ворид кардааст. Файласуфон ва ихтироъгарони Эрони Бостон нахустин маротиба нерудиҳандаи барқи (батарея)-ро дар даврони Портҳову Сосониён ихтироъ карда буданд, ки дар тиб онро истифода мебурданд. Эрониёни Бостон 1700 то м. аз неруи бод истифода карданро ёд гирифта, тавассути чархҳои бодӣ обро аз як ҷой ба ҷои дигар интиқол медоданд ва осиёбҳоро гардон мекарданд. Тамаддуни бостонии ақвоми ориёӣ дар чорсӯи Шарқу Ғарб, дар маркази равобити иқтисодию фарҳангии мардуми гуногунзабону гуногунмаслаки Шарқу Ғарб қомат афрохтааст, яъне таърихи афкори илмии эрониён таърихи таркиби анъанаҳои рангоранги маданӣ, таърихи таъсири мутақобил ва баҳрабаршавии дутарафаи тамаддунҳо, халқҳо ва замонҳои мухталиф аст. Бино ба ахборе, ки дар «Осору-л-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ зикр шудааст, ниёгони мо — бохтариҳо, портҳо, суғдиён, хоразмиён — дар баробари қибтиён, бобулиён, ҳиндувон, юнониён ва дигар қавмҳои бостонӣ ганҷинаи гаронмояи ИЛМ-ӣ андӯхтаанд. Инро бозёфтҳои бостоншиносони асри ҳозир низ тасдиқ мекунанд. Чунончи, назар ба ҳуҷҷатҳои кӯҳи Муғ, суғдиён тақвими хосеро ихтироъ карда буданд, ки аз он мардумони Ҳинду Чин низ баҳра бардоштаанд. Чуноне ки Забеҳуллои Сафо мегӯяд: «Миллати Эрон то давраи сосониён аз тараққиёти бузурге дар улум бархурдор шуда буд ва дар мусиқӣ ва тиббу риёзиёт бар асари иртиботе, ки аз Машриқу Мағриб бо милали бузурге, монанди ҳиндувону бобулиён ва милали Осиёи Сағир ёфта ва иттилооте, ки худ аз қадимулайём гирд оварда буданд, пешрафтҳое доштанд». Дар даврони Сосониён, зимни идомати анъанаҳои мадании пешина афкору дастовардҳои нави илмӣ низ хеле ривоҷу равнақ дошт. Дар ин бора вусъати тадқиқоти илмӣ (махсусан дар соҳаи тиб) дар Гунди Шопур шаҳодат аз он медиҳад, ки дар он замон илми тибби эрониён шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо карда буд. Донишмандони ин маркази байналхалқии тадқиқотӣ донишномаи бузурги сиҷилдаеро таълиф карданд, ки дар он маҷмӯи заҳрҳои маълуму хосиятҳои онҳо тавсифу тафсири илмӣ ёфта буданд.
Искандар чун имперотурии азими эрониёнро (давлати Ҳахоманишиён) барҳам заду вориди Эронзамин шуд, моту маҳбути тамаддуни воло ва осори илмӣ-фарҳангии мардуми он гашт, аз шиддати рашк шаҳри зебои Тахти Ҷамшед (Персеполис)-ро оташ зад, китобҳо ва илми эрониёнро (Авастои дар дувоздаҳ ҳазор пӯсти гов сабтшударо дар оташ сӯзонду нусхаи дуввуми онро якҷоя бо китобҳое, ки ба ИЛМ-и ҳисоб, риёзиёт, ҳандаса, нуҷум, тиб ва ғ. мансуб буданд) ба Юнон бурд, ки зодаи хиради донишмандони эронитабор буд ва минбаъд ба номи уламои юнонӣ муаррифӣ гашт. Ва ин ИЛМ ба шарофати озодиҳои фароҳамовардаи ислом, ки аз ҷумла омӯзиши ҳамагуна ИЛМ-ро барои муслимин шарт медонист, дар авоили ислом дуввумбора зинда гашт. Чун дар миёни муслимин эрониён ғолибан мардумони фарҳангӣ буданд, дар рушду нумуи илму фарҳанги замони нав саҳми фаъол гузоштанд. Ба андешаи Пайғомбар (с): «Агар дониш дар гардани осмон даровезад, қавме аз мардуми форс онро ба даст меоваранд». Гарисон ин суханони Пайғомбар (с)-ро тасдиқ карда мегӯяд: «Эрон фақат машъалдори илм набуда, балки акнун машъали худро ба Аврупо супурда аст ва он машъал ҳанӯз бо нуре дурахшонтар аз ҳамеша месӯза<ref>Гарисон. Мероси Эрон. Теҳрон, 1377.</ref>
Маҳз анъанаҳои дерини фарҳангии қавмҳои эронӣ буданд, ки дар аҳди ислом ба инкишофи минбаъдаи ИЛМ-у фан дар хилофати араб замина шудаанд. Мусаллам аст, ки дар ибтидои зуҳури ислом (ва якчанд садсолаи баъдӣ низ) бештаре аз таълифоти олимон ба забони арабӣ сурат мегирифт. Дар натиҷа дар Шарқу Ғарб аксари аз донишмандони миллии моро араб донистаанд. Бештаре аз уламои Ғарб то тавонистаанд нақши донишмандони исломиро ҳамеша пинҳон доштаанд. Ин бад-он сабаб будааст, ки душмании масеҳиён алайҳи исломиён пайваста будааст ва намехостаанд, ки қобилияти волои фикрии мусулмонон, аз ҷумла эрониёнро бар худ тарҷеҳ бидиҳанд ва ё ақаллан баробари худ бидонанд. Аз ин аст, ки таърихи ИЛМ-ро аз Юнону Рум яку якбора ба таърихи қарни понздаҳу шонздаҳи Аврупо (ренесанси Аврупо) интиқол додаанд ва мусулмононро на бештар аз нигоҳдорандагон ва интиқолдиҳандагони он илми қадимии худ донистаанд.
Саҳми аҷдоди мо дар рушду нумуи ИЛМ-иилми башарият бисёр бузург аст. Аз донишмандони маъруфи эронзамин ва шарқи исломӣ шахсиятҳои зерин муваффақ шудаанд, ки мавҷудияти навъҳои илмро хабар додаанд: Яъқуб ибни Исҳоқ ал-Киндӣ, Абунасри Форобӣ, Абубакри Розӣ, Абуабдуллоҳи Хоразмӣ, Ибни Надим, Ибни Фариҳун, Ибни Сино, Абуҳайёни Тавҳидӣ, Фахруддини Розӣ, Ҷалолуддини Суютӣ, Абуҳомиди Ғаззолӣ, Абулҳасани Хуҷвирӣ, Шиҳобуддини Суҳравардӣ, Ибни Халдун ва дигарон.
Фалсафа ва ИЛМилм Файласуфони3Файласуфони машоӣ. Абунасри Форобӣ (874—950) нахустин файласуфи олами ислом мебошад, ки миллати тоҷик ва фалсафаи онро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардааст. Баъд аз Арасту ӯро дуввумин «Муъаллими олам» (маъруф ба «Муъаллими Сонӣ») ва бузургтарин энсиклопедисти асрҳои миёна донистаанд. Донандаи тамоми улуми маъруфи замон аз эронии қадим, зардуштию монавӣ то ба юнонию румӣ буд, ки ҳамаи ИЛМ-ҳоиилмҳои гузаштаро бо улуми исломӣ муқояса кард ва таълимоти бузургеро аз худ ба вуҷуд овард. Вай дар фалсафа натанҳо асарҳои Арасту, балки анқариб ба ҳамаи осори олимони Юнон тафсирҳо навишт. Дар фалсафаи навини худ сабаби ҳамаи мавҷудотро аз Худо донист ва дар таълимоти фалсафӣ масоили иҷтимоию сиёсиро дар мавқеи муҳим гузошт. Ба қавли муҳаққиқи ҳолландӣ Де Бауэр, Форобӣ дар андешаҳои сиёсӣ ва иҷтимоии худ мақоми динро барои тарбияи аҳли ҷомеъа бисёр муҳим арзёбӣ кард ва дар дараҷаи аввал гузошт. Форобӣ дар таълимоти фалсафии хеш хостгори як ҷомеаи иҷтимоии одилона ва аз амалҳои ситезу қудрат дур ва бар ақлу исору муҳаббат устувор ҷилвагар шуда, таъсиси давлати неруманди диниро як амри зарурӣ медонист. Тибқи шарқшиноси маъруфи олмонӣ А. Мюллер, Форобӣ бузургтарин мутафаккири тамоми олами ислом буд ва метавон ӯро асосгузори феълии таҳқиқоти илмии фалсафа дар Машриқ донист. Форобӣ дар муқаддимаи рисолаи худ роҷеъ ба таснифи улум менависад: «Мо кӯшидем, ки дар ин китоб аз улуми маълума ҳар кадомро дар алоҳидагӣ ном бибарем ва моҳияти куллӣ ва қисматҳое аз ин улумро баррасӣ намоем. Ва инро мо дар панҷ боб (муайян) мекунем: 1) забоншиносӣ ва қисматҳои он; 2) мантиқ ва қисматҳои он; 3) улуми риёзӣ (яъне арифметика, геометрия, оптика, нуҷуми ҳисобӣ, мусиқӣ, ИЛМилм дар вазнинӣ ва ИЛМилм дар санъатгарӣ); 4) физика ва қисматҳои он; 5) улуми иҷтимоъӣ ва қисматҳои он (ҳуқуқу калом)». Аммо таснифи илмҳо дар нақшаи тартибдодаи Ибни Сино хеле равшантар аст.
Саҳми бисёр муҳимро дар рушду равнақи илм донишманди бузурги тоҷик Ибни Сино гузоштааст. Вай ҳатто рисолае таҳти унвони «Рисола фӣ ақсоми-л-ъулум» навишт, ки қаблан устоди ӯ Форобӣ низ айнан чунин рисолае таълиф намуда буд. Ибни Сино аввалин шуда, дар фалсафаи олами ислом юнонигароии кӯр-кӯронаро бо далоили солим дарҳам шикаст, хубу бади онҳоро шарҳ дод ва барои файласуфони баъдӣ роҳи наверо кушуд, ки акнун мебоист ИЛМ-иилми фалсафаро на аз роҳи тақлид, балки ба воситаи мантиқу муҳокимарониҳои ақлгароёна мустақилона инкишоф медоданд. Ӯ ба оламиён исбот кард, ки фалсафаи мо сирф тақлидкории юнониён нест, балки натиҷаи афкори худи шарқиён аст, фақат ин ки дар он миён аз офаридаҳои юнониён низ истифода кардаанд (албатта, назарияҳои мақбулашонро). Барои исботи ин фикрҳояш ва фаҳмонидани моҳияти фалсафаи шарқӣ ӯ китобе таҳти унвони «Ҳикмати машриқия» таълиф намуд ва мақсади таълифро мухтасаран дар муқаддимаи он навишт. Аз он ҷумла дар бораи нақси юнониён мегӯяд: «Ҳар касе баъди Арасту меомад, бояд хатоҳои ӯро дар илм ислоҳ намуда, усулҳои овардаи ӯро ба шохаҳо тақсим менамуд. Лекин касоне, ки баъди Арасту омадаанд, аз уҳдаи дарки мероси ӯ набаромадаанд ва умри худро сарфи фаҳми ҷиҳатҳои беҳтаринаш намуда, тарафҳои ноқиси онро кӯр-кӯрона ва бо ифрот омӯхтаанд… Лекин мо дар оғози машғулият чизеро, ки пешиниён гуфта буданд, ба осонӣ фаҳмидем ва дур нест, ки илмҳо аз ғайри ҷиҳати юнониён низ ба мо расидаанд. Зеро замоне, ки машғули илмомӯзӣ будем, овони ҷавонӣ буду дар як муддати кӯтоҳ, ба мадади Худованд, ба фаҳми мероси гузашта, ки аз дарки он кӯтоҳӣ доштем, муваффақ шудем. Сипас ҳама маълумоти худро бо навъи илме, ки юнониён „мантиқ“ меноманд, ҳарф ба ҳарф муқобала кардем. Дур нест, мантиқ дар назди машриқиён номи дигаре дошта бошад. Он чи бо мантиқ мутобиқ ва муқобил буд, дарёфтем. Барои ҳар чиз сабабе ҷустуҷӯ карда, ҳар чӣ рост буд, рост ва ҳар чӣ дурӯғ буд, дурӯғ шуд… Вақте кори мо ин тарз ба анҷом расид, азм ба таълифи китобе кардем, ки шомили асосҳои илми ҳақиқӣ бошад. Ва онро шахсе дармеёбад, ки аз назари васеъ, фикри амиқ ва фаросати тез бархурдор аст<ref>Абӯалӣ ибни Сино. Осори мунтахаб. Ҷ. 4. Д., 1992</ref>. Ин буд, ки тоҷикон дар соҳаҳои гуногуни ИЛМ-и фалсафа навигариҳои илмиро ворид намуда, пояҳои ин ИЛМ-ро баланд бардоштанд. Ибни Сино дар ИЛМ-и фалсафа мақоми волотаринро ба худ касб намуда, пас аз шикастани қолибҳои юнонигароии фалсафии шарқиён, таълимоти худро инкишоф дод, дарки мақоми ақл ва андешаи мантиқиро дар ҷомеъаи инсонӣ пеш гузошт. Мавзӯъи ҳақиқат ва адами ҳақиқати кулл ва роҳҳои дарёфти маъонии он пайваста дар маркази диққати ғарбиён, билхусус сарони масеҳият буд, ки онро Ибни Сино ҳал кард. Пас аз он эътибори фалсафаи Сино дар миёни донишмандони Мағрибзамин то ҳадде рафт, ки ӯро «шоҳзода ва пешвои фалсафа» (аз ҷумла Бекон) номиданд. Ӯ дар баробари тиб, фалсафа, мантиқ, мусиқӣ ва дигар фанҳо, ба ИЛМ-и ҳайъат низ машғул шуда, асарҳои зиёде таълиф кардааст: дар феҳрасти осори ИЛМ-ии Шайхурраис, ки бо саъю эҳтимоми шогирди ӯ Абуубайди Ҷузҷонӣ мураттаб гардидааст, ҳафт рисолаи вай зикр мешавад, ки дар онҳо масъалаҳои гуногуни назарӣ ва амалии ИЛМ-иилми ҳайъат мавриди тадқиқ қарор гирифтаанд. Масъалаҳои мухталифи ИЛМ-иилми нуҷум дар асарҳои «Донишнома» ва «Шифо», инчунин дар тафсирномаву тавзеҳоти навиштаҳои муҳаққиқони дигар (аз ҷумла «ал-Маҷастӣ»-и Батлимус ва «Усул»-и Уқлидус) зикр ёфтаанд. Баъзе донишмандони аврупоӣ ба ин назаранд, ки гӯё Ибни Сино ақидаи маълуму маъмули риёзидонони юнонӣ, бобулӣ ё ҳиндиро ба қалам оварда, танҳо шореҳи осори Батлимусу Уқлидус ва Арасту будааст. Вале чун ба аксари рисолаҳои Шайхурраис, аз ҷумла, тафсирномаҳои ӯ диққат кунем, яқин ҳосил менамоем, ки Ибни Сино ба осори гузаштагони худ аз ду ҷиҳат тағйироту иловаҳо даровардааст: 1. Вай ақида ё нуктаҳои комилан навро дохил карда, зимни онҳо чанд ҷузъиёти муҳимми таълифоти пешиниёнро аз назари интиқодӣ боздид намудааст. Дар ин бора Ҷузҷонӣ мегӯяд: «Дар „Маҷастӣ“ даҳ шакл аз ихтилофи манзар овард, дар охири „Маҷастӣ“ дар илми ҳайъат чизҳое овард, ки пеш аз ӯ набуд». 2. Ибни Сино нуктаҳои норасо, бебурҳон ё нотамоми пешиниёнро мукаммал намудааст ва ё хатоҳои илмии онҳоро ислоҳ кардааст. Ибни Сино на фақат оид ба масъалаҳои умумии ИЛМ-иилми ҳайъат (хусусиятҳои ҳаракати ҷирмҳои фалак, ашколи Замину Осмон, чигунагии расад ва мутобиқати он бо табиатшиносӣ ва монанди инҳо) якчанд рисола иншо карда, бевосита худ ба мушоҳада ва расадбандӣ пардохтааст.
 
== Умар Хайёми Нишопурӣ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Илм"