Давлат Қурбонов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Template: Шахсият → Ходими театр@FBT002A
навсозӣ
Сатри 12:
|Шаҳрвандӣ =
|Тахллусҳо =
|Касб = [[дирижёр]]
|Солҳои фаъолият =
|Амплуа =
Сатри 24:
}}
 
'''Давлат Қурбонов''' (тав. 1943, деҳаи Лағмон,[[ноҳияи Кӯлоб]]), дирижёр, роҳбари бадеии [[Ансамбли давлатии «Шашмақом»]]-и ба номи Ф. Шаҳобови [[Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон]] (1982-1986, 2007), Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1989), [[Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон]] ([[1999]]).
==Зиндагинома==
Давлат Қурбонов хатмкардаи омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе (1958-1963), Консерваторияи давлатии Тошканд (1965), факултаи санъати Доношгоҳи омӯзгории Душанбе (1972) буда, фаъолияти эҷодиашро дар оркестри созҳои миллии Кумитаи давлатии радио ва телевизиони ҶШС Тоҷикистон ба сифати [[ғижжак]]навоз (1961-1963) оғоз намуда, сипас директори мактаби бачагонаи мусиқии ш. Кӯлоб (1965-68), мудири бахши созҳои миллии Омӯзишгоҳи мусиқии ш. [[Душанбе]] (1972-1977), дирижёри Оркестри созҳои миллӣ (1977-1982), дирижёр ва роҳбари бадеии Оркестри созҳои миллии [[Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон]] (1982-1986) хидмат намудааст. Давлат Қурбонов тавассути Оркестри созҳои миллӣ осори оҳангсозони ҷаҳонӣ ва миллиро дирижёрӣ намуда, иштирокдори даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Русия (Москва, 1964), симпозиуми байналмилалии мусиқӣ ([[Самарқанд]], 1983), рӯзҳои фарҳанги тоҷик дар Русия (2005), дар [[ЮНЕСКО]] (Франсия, 2005) ва ғ. буда, барои хидматҳои шоистааш дар тарғиб ва рушди мусиқии тоҷик бо Ифтихорномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шудааст. Ӯ роҳбари бадеии [[Ансамбли давлатии «Шашмақом»]]-и ба номи Ф. Шаҳобови [[Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон]] (1982-1986, 2007) буд. <ref>Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 114 ISBN 978-99947-49-13-3</ref>
Қурбонов солҳои 1986-88 роҳбари бадеӣ ва сардирижёри оркестри созҳои халқии Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ. Аз соли 2009 сардирижёри Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраевро адо мекунад.
== Эҷодиёт ==
Дар тӯли ин солҳо асарҳои зиёди гуногунҳаҷму гуногунжанрро барои оркестри созҳои халқӣ табдилу таҳия намуда, репортуари онро мунтазам наву рангин месозад. Қ. дар тӯли фаъолияташ асарҳои композиторони машҳури ҷаҳон – Ж. Бизе, Э. Григ, В. Мотсарт, композиторони рус – М. Глинка («Фантазия»), П. Чайковский («Рақси русӣ»), композитори арман А. Хачатурян (Рақсҳо аз балети «Гаянэ»), асарҳои композиторони тоҷик – Ш. Сайфиддинов («Сютаи рақсии №1»), З. Шаҳидӣ («Ёри мо»), Я. Сабзанов («Консерт барои фортепиано»), Д. Дустмуҳаммадов («Увертюраи дустӣ»), А. Одинаев («Гулдастаи баҳорӣ») ва ғ.–ро дирижёрӣ кардааст. Иштирокчии Даҳа ва Рӯзҳои адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва (1964) ва Симпозиуми байналхалқии мусиқии халқӣ ва классикӣ дар Самарқанд (1983).<ref> [[Ҷӯрахон Обидпур| Обидпур Ҷ.]] Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 202 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 {{ref-tg}} </ref> Ӯ тавассути Оркестри созҳои миллӣ осори оҳангсозони ҷаҳонӣ ва миллиро дирижёрӣ намуда, иштирокдори даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Русия (Москва, 1964), рӯзҳои фарҳанги тоҷик дар Русия (2005), дар [[ЮНЕСКО]] (Франсия, 2005) ва ғ. буда, барои хидматҳои шоистааш дар тарғиб ва рушди мусиқии тоҷик бо Ифтихорномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шудааст.
 
==Адабиёт==
Таджикское искусство. - М., 2002; Таджикская музыка. - Душанбе, 2003; Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.3. - Душанбе, 2004; Ҳакимов Н. Шашмақом дар қарни ХХ. - Хуҷанд, 2006.<ref>Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 114 ISBN 978-99947-49-13-3</ref>
== Ҳамчунин нигаред ==
* [[Шашмақом]]
== Сарчашма ==
{{эзоҳ}}
 
{{ҷавона}}
 
[[Гурӯҳ:Шашмақом]]
[[Гурӯҳ:Дирижёрҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дар ноҳияи Кӯлоб таваллудшудагон]]
[[Гурӯҳ:FootBot:FBT002AМусиқидонон аз рӯи алифбо]]