Фарқият байни намунаҳои "Аслиддин Низомов"

навсозӣ
(навсозӣ)
(навсозӣ)
|номи пурра =
|санаи таваллуд = 1.03.1950
|зодгоҳ = {{Зодгоҳ|Панҷакент|шаҳри Панҷакент}} [[ҶШС ӮзбекистонТоҷикистон]]
|санаи марг =
|маҳалли марг =
|солҳои фаъолият =
|кишвар = {{Парчам|Тоҷикистон}}
|касб = [[мусиқишинос]], [[омӯзгор]]
|навъи садо =
|асбоб =
== Зиндагинома ==
Шӯъбаи созҳои халқии Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинобод (1971), шӯъбаи мусиқии Шарқи Консерваторияи давлатии Тошканд ба номи [[Мухтор Ашрафӣ]], синфи профессор [[Файзулло Кароматов]] (1976) хатм намудааст. Рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Шашмақом ва анъанаҳои назми классикии тоҷикӣ-форсӣ» (Тошканд, 1990) ва рисолаи докториро дар мавзӯи «Суфизм дар қаринаи фарҳанги мусиқии халқҳои Осиёи Миёна» (Тошканд, 1998) дифоъ намудааст.
Баъди хатми Консерватория ба сифати ходими илмии Институти таърихи [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] кор карда, бо таъсиси кафедраи мусиқии Шарқ дар [[Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода]] (1979) нахустин мудири он (то соли 1982) таъйин мегардад. Соли 1980 вай ба узвияти Иттифоқи композиторони СССР қабул гардида, соли 1981 аъзои Бюро оид ба танқиди мусиқии ташкилоти мазкур интихоб мегардад.
Аз соли 1982 то 2007 вай дар вазифаҳои сардори раёсати оид ба корҳои санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, директори [[Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ]], ходими калони илмии [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]], корманди масъули шӯъбаи идеологии КМ ПК Тоҷикистон, сардори раёсати илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанг, раиси [[Иттифоқи композиторони Тоҷикистон]] (2001–2007), мудири шӯъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз соли 2007 то 2013 Аслиддин Низомов ректори [[Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода]] буд.
 
== Фаъолияти илмӣ ва эҷодӣ ==
А. Низомов ҳанӯз солҳои нимаи дуюми 70 — нимаи аввали 80 худро дар соҳаи танқиди мусиқӣ ва этномусиқишиносӣ зуҳур намуд Аслиддин Низомов дар мақолаҳои сершумори танқидӣ дар саҳифаи рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ проблемаҳои рушди фарҳанги мусиқии миллӣ ва ташаккули жанрҳову равияҳои муосири мусиқиро ба таври васеъ инъикос намудааст.
Тӯли солҳои 1979—1982 бо мақсади омӯзиши мусиқии суннатии тоҷикон дар як қатор ноҳияҳои кӯҳистони тоҷик, аз ҷумла водии Қаротегин (Рашти ҳозира), водии Зарафшон ва Бухорову Хоразми ӯзбекистон экспедитсияҳои этнографӣ гузаронидааст. Маводи нодири ҷамъоварда барои навиштани ду монографияи илмӣ, рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ асос гардиданд.
А. Низомов муаллифи силсилаи мақолаҳо оид ба эҷодиёти композиторони тоҷик -:
 
* Фарзанди содиқ ва эҷодкори хоксор (оид ба эҷодиёти [[Аъзам Солиев]]) // Аъзам Солиев. Душанбе, 2003, С. 10-18;
* Масъалаҳои назарияи мусиқӣ дар осори устод [[Фазлиддин Шаҳобов]] // Шиҳоби мусиқӣ. Бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти Ф.Шаҳобов. Душанбе, 2006;
* Мавригӣ // Меҳрномаи Фаттоҳ Одина. Душанбе, 1998, С. 69-74;
* Она осталась вершиной (Андешаҳо оид ба 20-солагии нахустнамоиши операи Д.Дӯстмуҳаммадов «Қишлоқи тиллоӣ») // [[Дамир Дӯстмуҳаммадов]]. Душанбе, 2001, С. 24-32 ва ғ.)
ва ҳаёти мусиқии ҷумҳурӣ мебошад.
ва ҳаёти мусиқии ҷумҳурӣ мебошад. Соли 1980 вай ба узвияти Иттифоқи композиторони СССР қабул гардида, соли 1981 аъзои Бюро оид ба танқиди мусиқии ташкилоти мазкур интихоб мегардад.
 
Доираи таҳқиқотии вай ба таърих ва назарияи мусиқии классикии тоҷикон ва дигар халқҳои Осиёи Миёна, як қатор мамолики Шарқ — [[Афғонистон]], [[Эрон]], [[Марокаш]], [[Алҷазоир]] мебошад.
Бо маърӯзаҳо дар анҷуманҳои байналмилалии илмӣ бахшида ба проблемаҳои умумии фарҳанг ва мусиқӣ дар [[Самарқанд]] (1978, 1983 ва ғ.) [[Душанбе]] (1980 ва ғайра), [[Пхенян]] (1983), [[Сидней]] (1996), [[Берлин]] (1994), [[Алмаато]] (1994), [[Боку]] (2001), [[Теҳрон]] (2003), [[Москва]] (2005) баромад кардааст. Мақола ва баромадҳои ӯ дар Германия, Ҷопон, Эрон ва Корея чоп шудаанд.