Муъминов Муҳаммадҷон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Муҳаммадҷон Муъминов
(бе тафовут)

Нусха 14:04, 14 августи 2020

Муҳаммадҷон Муъминов (1.05.1901, ш. Марғелон – 2.04.1976, ш. Душанбе) — мутриб, навозанда (дутор, ғижжак) ва оҳангсози тоҷик. Ходими Хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1939).

Муъминов Муҳаммадҷон
Муҳаммадҷон Муъминов
Зодгоҳ Марғелон
Пеша(ҳо) композитор, навозанда
Соз дутор, ғижжак

Зиндагинома

Муҳаммадҷон Муъминов касби дутору ғижакнавозиро аз устодони ин пеша омӯхтааст. С.-ҳои 1921-24 дар ҳайати отряди савораи Қӯқанд зидди босмачиён мубориза бурда, баъди хизмат дар соҳаи санъат кор кардааст. С.-ҳои 1933-1938 сардирижёр ва роҳбари мусиқии Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ, 1938-1942 сардирижёри оркестри созҳои халқии Кумиати давлатии радиои тоҷик , 1942-1960 роҳбари мусиқии ансамбли созҳои халқии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва 1960-1962 дутору ғижакнавози оркестри созҳои халқии тоҷик шуда кор кардааст. Аз с. 1962 то вафоташ нафақагири шахсӣ.

Эҷодиёт

Сурудҳои эҷодкардаи Муъминов – «Ташаккур» (Б. Раҳимзода), «Эй санам акси туро….» (Турсунзода), «Булбулон» (Лоҳутӣ), «Душмани шапарак» (Суҳайлӣ) ва ғ.; савту навоҳои созӣ: «Озод», «Табрик», «Ғунча», «Сайри гул», «Садои дутор», «Рақси дилбар», «Рақси шодӣ» ва ғ. аз қабили онҳоянд.

Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олими ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.[1]

Эзоҳ

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 247-248. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)