Муродбек Насриддинов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
навсозӣ
Сатри 14:
|солҳои фаъолият =
|кишвар = {{парчамбандӣ|Тоҷикистон}}
|касб = [[сароянда]], [[оҳангсоз]]
|навъи садо =
|асбоб =
Сатри 22:
|ҳамкорӣ =
|ношир =
|ҷоизаҳо = [[Ҳунарпешаи шоистаихизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон]] ([[1988]])<br>[[Ҳунарпешаи мардумиихалқии Тоҷикистон]] ([[1998]])
|викианбор =
|викитека =
|вебгоҳ =
}}
'''Муродбек Насриддинов''' (тав. [[3 октябр]]и [[1951]], деҳаи Мадрушкат, [[ноҳияи Мастчоҳ]], [[вилояти Ленинобод]]) — [[сароянда]] ва [[оҳангсоз]]и тоҷик. [[Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон]] ([[1988]]). [[Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон|Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон]] ([[1998]]).
 
== Зиндагинома ==
Муродбек Насриддинов 3 октябри соли 1951 дар деҳаи Мадрушкати ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омадааст. Ҳанӯз тифл буд, ки меҳри санъати овозхонӣ дар дилаш шуъла мезад. Аз ҷониби дигар падараш, ки санъатдӯст буд ин ҳама ба илҳоми сарояндагии Муродбек шира афзуд. Бобои ин машшоқи санъат Муродбек ном дошт ва сароянда ё худ дуторнавози моҳир низ буд. Ана ин аст сарчашмаи дигари илҳоми Муродбек Насриддинов. Як сарчашмаи дигари табъи зариф ва латифи Муродбек ҳамон такбайтиву рубоиҳои хоси мардуми Мастоҳ аст. Зимнан, бояд қайд кард, ки дар водии Зарафшон махсусан дар Мастчоҳ, дуторнавозиву байту рубоисароӣ аз ҳолу ҳавои вижае бархӯрдор аст. Такбайтиҳо (фардҳо) бештар байти аввали рубоиро мемонанд ва мардум аз он дар базму мотам, сари хирманҳо, сари куҳҳо, сари чашмаҳо, роҳҳои печопечи гарданаҳо, дар танҳоӣ ва миёни маъракаҳо фаровон мегӯянду медонанду мехонанд ва Муродбек ҳам аз ин маҳфилҳои мардумӣ сабақ омӯхтаву ганҷи ҳунар андӯхтааст. Муродбек дар баробари сарояндагӣ фарди босавод будааст.
 
Соли 1968, баъди хатми мактаби миёна се сол муаллими синфҳои ибтидоӣ шуда кор кардааст. Ӯ мегуяд агар дар дили инсон меҳри санъат мавҷуд бошад, ӯ ҳатман ба дараҷаи ниҳоии ин касб мерасад, аммо роҳи санъат заҳмату меҳнати зиёдро талаб мекунад. Бинобар ин, ӯ ба касби сарояндагиаш эътимоди қавӣ, ки дошт дигар илмҳоро низ аз худ кардан мехост. Бо ин мақсад, соли 1971 дар шуъбаи рӯзонаи факултаи табиатшиносӣ бо ихтисоси географ-биолог таҳсил кард. Ин илмҳоро ҳам омӯхт. Ҳамзамон дар чорабиниву маҳфилҳои гуногун иштирок намуда, сурудхонӣ мекард. Соли 1974 дар фестивал-озмуни «Бӯстон», бахшида ба 50-солагии ҶШС Тоҷикистон штирок карда, соҳиби 10 хол гардид. Пас аз ин, дилаш ӯро нагузошт, ки дар дигар соҳа фаъолият кунад. Аз ин хотир, аз соли 1976 баъди хатми донишгоҳ бо роҳхат ба [[Филармонияи давлатии Тоҷикистон]] ба кор омад. То соли 2014, яъне 38 сол дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон кор намуд. Дар ин боргоҳи ҳунар аз устодони санъат [[Зафар Нозимов]] ва [[Ҷӯрабек Муродов]] бисёр нозукиҳои мусиқии касбиро омӯхт ва бо мурури замон худ соҳиби сабки хос ва мактаби хеш гардид. Акнун ӯ устоди мумтози санъат аст. Чунки мусиқии касбии тоҷикро омӯхт, ташаккул дод ва пос дошт. Чуноне, ки худ мегӯяд: «Мусиқӣ пок аст, ин илҳоми Худовандист ва бояд мо онро пок нигоҳ дорем». Ана ҳамин садоқатмандӣ буд, ки ӯро ба ин сатҳи устодӣ расонид.<ref>{{Cite web|url=http://faraj.tj/sahifai-asosy/farhang/murodbek-nasriddinov-ro-kushoi-olami-zebo/|title=Муродбек Насриддинов – роҳкушои олами зебоӣ|author=Ҳасан Нурматзода|website=|date=2017-10-14|publisher=Фараж|lang=tg|accessdate=2019-02-08}}</ref>
 
== Эҷодиёт ==
Аз оҳангҳои эҷодкардаи ӯ ба мисли: «Ин кист?», «Хумореву хуморе» (ғазали Мавлавӣ), «Мо донему дӯст» (ғ. Камол), «Эй шоҳиди қудсӣ», «Эй хусрави хубон» (шеъриш. Ҳофиз), «Мезанад борон ба шиша», «Санаме» (ш. Лоиқ), «Дилбараки шӯх» (ш. Ваҳобӣ) ва чанд тани дигар барномаи таронаҳои Муродбекро рангину дилнишин ва шуниданӣ сохтаанд.
 
Ин дилбохтаи санъат дар тӯли фаъолияти босамари хеш, зиёда аз сад тарона офаридааст, таронаҳои рангоранг ва гаронсанг. Ҳамкории эҷодиаш бо Лоиқ, Гулназар, Олимхон, ва ғ. сурат гирифтааст.
 
Яке аз паҳлуҳои муҳими эҷодиёти Муродбек Насриддинов ҳам дар он аст, ки ӯ сурудҳои фолклорӣ яъне, намудҳои гуногуни рубоиҳои мардуми Мастчоҳро зинда гардонид, эҳё кард, ташаккул дод ва на танҳо дар Тоҷикистон, балки ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Сурудҳои лирикии «Эй шоҳиди қудсӣ» (Ҳофиз), «Сайри гулшан» (Саидо), «Шӯхи қаламқош» ва «Дӯстонро гум макун» (М. Турсунзода), «Мезанад борон ба шиша» (Лоиқ), рубоиёти халқии саргаҳи Зарафшон ва ғ. хеле хубу самимӣ суруда шудаанд.
Насриддинов оҳангсоз низ мебошад. Ӯ ба шеърҳои шоирони классику муосири тоҷик оҳанг бастааст. Чанде аз сурудҳояш дар фонди мусиқии Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радио маҳфузанд.<ref> [[Ҷӯрахон Обидпур| Обидпур Ҷ.]] Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 256. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 {{ref-tg}} </ref>
Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Муродбек Насриддинов бо кулбори пур аз суруду таронаҳояш, ба бисёр давлатҳои дунё амсоли Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Яман, Ироқ, Голландия, Франсия, Япония ва ғ. сафари ҳунарӣ намуда, ганҷинаҳои фолклори тоҷикро муаррифӣ намудааст.<ref>{{Cite web|url=http://faraj.tj/sahifai-asosy/farhang/murodbek-nasriddinov-ro-kushoi-olami-zebo/|title=Муродбек Насриддинов – роҳкушои олами зебоӣ|author=Ҳасан Нурматзода|website=|date=2017-10-14|publisher=Фараж|lang=tg|accessdate=2019-02-08}}</ref>
 
Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Муродбек Насриддинов бо кулбори пур аз суруду таронаҳояш, ба бисёр давлатҳои дунё амсоли Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Яман, Ироқ, Голландия, Франсия, Япония ва ғ. сафари ҳунарӣ намуда, ганҷинаҳои фолклори тоҷикро муаррифӣ намудааст.
 
== Ҷоизаву унвонҳо ==
Муродбек Насриддинов барои хизматҳои шоистааш дар рушди мусиқии тоҷик соли 1988 ба унвони Ҳунарманди[[Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон]] ва соли 1998 бо унвони Ҳунарманди[[Ҳунарпешаи мардумиихалқии Тоҷикистон]] қадрдонӣ гардидааст.
 
== Эзоҳ ==
Сатри 53:
 
[[Гурӯҳ:Овозхонҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]