Тошбой Бобоев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 26:
|викианбор =
}}
'''Бобоев Тошбой Бобоевич''' ([[20 декабр]]и [[1942]], [[ноҳияи Панҷакент]], [[вилояти Ленинобод]], [[ҶШС Тоҷикистон]]  — [[18 август]]и 2020, [[Душанбе]], [[Тоҷикистон]])  — {{физикдон}}и тоҷик, доктори илмҳои физикаю математика ([[1992]]), профессор ([[1993]]), [[Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон]] ([[1998]]), узви вобастаи [[Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон]] ([[2017]]) ва дорандаи ордени [[Хизмати шоиста]] ([[1990]]).
 
== Зиндагинома ==
Тошбой Бобоев санаи [[20 декабр]]и [[Соли 1942|1942]], дар оилаи омӯзгор ва собиқадори маорифи ҶШС Тоҷикистон Бобо Раҳимов, дар деҳаи [[Кӯлоли]]и [[шаҳр]]и [[Панҷакент]] таваллуд ёфтааст. Ӯ соли [[1963]] факултети физикаю математикаи [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.  И.  Ленин]] ([[1963]]) шуъбаи [[аспирантура]]и Институти физикаю техникаи ба номи [[А.Ф. Иоффе]]и АИ [[ИҶШС]]-ро ([[1968]]) хатм кардааст. Тошбой Бобоев соли [[1970]] рисолаи номзадӣ ва соли 1992 рисолаи докторӣ дифоъ намуда, соли [[1975]] сазовори унвони [[дотсент]]ӣ ва соли 1993 соҳиби унвони [[профессор]]ӣ мегардад.
 
== Даргузашт ==
Сатри 37:
 
=== Фаъолияти корӣ ===
Тошбой Бобоев дар [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.  И.  Ленин]] ба ҳайси ассистенти кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт (1963), ходими хурди илмӣ (1969), ходими калони илмӣ (1972), сардори бахши илмӣтаҳқиқотии УДТ (1974), мудири кафедраи физикаи умумӣ (1978; 1991—2010) ва дотсент (1989) кор кардааст.
 
=== Фаъолияти илмӣ ===
Профессор Бобоев Тошбой Бобоев яке аз асосгузорони равияи ҷадиди илм  — «[[Вайроншавии фотомеханикии полимерҳо]]» ба шумор меравад. Ин олими номвар қонунияти вайроншавии фотомеханикии полимерҳоро кашф карда, роҳҳои баланд бадоштани устувории полимерҳоро дар шароити фотомеханикӣ аз нуқтаи назари илмӣ асоснок намудааст. Ҳамзамон, Тошбой Бобоев машғули тадқиқотҳоест, ки бевосита ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ тааллуқ доранд. Масалан, бо мақсади аз гидрогенсулфид ҳимоя кардани конструксияҳои филизӣ гурӯҳи илмии ӯ хамираи сангинеро пешниҳод намуд, ки дар сохтмони метрои шаҳри [[Тифлис]] ([[Гурҷистон]]) ва лӯлаҳои филизии интиқоли нафти [[Сургут]] ([[Россия]]) мариди истифода қарор гирифтанд. Солҳои 80-90-уми асри ХХ Тошбой Бобоев тарзи нави ҳосил кардани карбопластикҳоро, ки дар саноати авиатсионӣ ва ракетасозӣ истифода мегарданд, пешниҳод кард ва ин композитҳо мустаҳкамии зиёд дошта, ба таъсироти радиатсия устуворанд.
 
Дар ин самт ӯ мутахассисони зиёдеро табия намуда, зери роҳбариаш Дадоматов Ҳ.Д., Ҷонов Ё. М., Усмонов Ғ.А. ва Истамов Ф. Х. рисолаи номзадӣ ва Шерматов Д. рисолаи докторӣ ҳимоя кардаанд.