Тошбой Бобоев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 40:
 
=== Фаъолияти илмӣ ===
Профессор Бобоев Тошбой Бобоев яке аз асосгузорони равияи ҷадиди илм — «[[Вайроншавии фотомеханикии полимерҳо]]» ба шумор меравад. Ин олими номвар қонунияти вайроншавии фотомеханикии полимерҳоро кашф карда, роҳҳои баланд бадоштани устувории полимерҳоро дар шароити фотомеханикӣ аз нуқтаи назари илмӣ асоснок намудааст. Ҳамзамон, Тошбой Бобоев машғули тадқиқотҳоест, ки бевосита ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ тааллуқ доранд. Масалан, бо мақсади аз гидрогенсулфид ҳимоя кардани конструксияҳои филизӣ гурӯҳи илмии ӯ хамираи сангинеро пешниҳод намуд, ки дар сохтмони метрои шаҳри Тифлис (Гурҷистон) ва лӯлаҳои филизии интиқоли нафти Сургут (Россия) мариди истифода қарор гирифтанд. Солҳои 80-90-уми асри ХХ Тошбой Бобоев тарзи нави ҳосил кардани карбопластикҳоро, ки дар саноати авиатсионӣ ва ракетасозӣ истифода мегарданд, пешниҳод кард ва ин композитҳо мустаҳкамии зиёд дошта, ба таъсироти радиатсия устуворанд.
 
Дар ин самт ӯ мутахассисони зиёдеро табия намуда, зери роҳбариаш Дадоматов Ҳ.Д., Ҷонов Ё. М., Усмонов Ғ.А. ва Истамов Ф. Х. рисолаи номзадӣ ва Шерматов Д. рисолаи докторӣ ҳимоя кардаанд.