Абдурраҳмони Ҷомӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Барчасб: Manual revert
Сатри 22:
}}
 
'''Нуриддин Абдураҳмон ибни Аҳмади Ҷомӣ''' (Маъмул ба Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷомӣ, {{lang-fa|جامی}}) — шоири барҷастаи [[адабиёт]]и классикии Афғонфорсу тоҷик.
Номи асосии ӯ Абдураҳмон, бо тахаллуси Ҷомӣ дар тамоми дунё машҳур гардидааст.
 
Сатри 88:
===«Нафаҳот-ул-унс»-и Абдураҳмони Ҷомӣ===
Дар сарчашмаҳои илмию адабӣ оварда шудааст, ки теъдоди асарҳои назмиву насрии А.Ҷомӣ 54 адад мебошад. «[[Баҳористон]]», «Нафаҳот-ул-унс» ва «Муншаот» аз зумраи асарҳои насрии Абдураҳмони Ҷомӣ маҳсуб меёбанд. Мекӯшем, то оид ба асари Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ «Нафаҳот-ул-унс» ибрози андеша намоем. Асари тарҷумаиҳолии «Нафаҳот-ул-унс» дар бораи ҳаёту фаъолияти 616 мард ва 34 зан маълумот медиҳад.
«Нафаҳот-ул-унс-миқ-қударот-ул-қудус» (дар адабиёти илмию бадеӣ номи ихтисоршудаи он - «Нафаҳот-ул-унс» дида мешавад) асари насрӣ ва илмии Мавлоно Ҷомӣ буда, солҳои 1475-1476 бо забони Афғонӣтоҷикӣ таълиф гардидааст. Дар ин асар оид ба шарҳи ҳол ва тавсифи шайхони тасаввуфу шоирони асрҳои XIII ва XIV сухан меравад.
«Нафаҳот-ул-унс»-и Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз асарҳои гаронбаҳотарини ирфонӣ ба ҳисоб рафта, бо хоҳиш ва тақозои [[Алишери Навоӣ|Мир Алишери Навоӣ]] иншо шудааст. Асари мазкурро Абдураҳмони Ҷомӣ дар пайравии «Табақот-ус-суфия»-и [[Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ]] навиштааст, аммо асар аз ҷиҳати таркибу сохт ба «Тазкират-ул-авлиё»-и [[Аттор|Фаридаддуни Аттор]] шабоҳат дорад.
Калимаи «нафаҳот» арабӣ буда, маънояш бӯи хуш, роиҳа мебошад. Калимаи «унс» бошад, маънояш дӯстӣ, ошноӣ ва улфат мебошад.
Сатри 112:
 
==[[Аълохон Афсаҳзод]] дар бораи Ҷомӣ==
Омӯзиши ҳаёту эҷодиёт ва афкори Абдураҳмони Ҷомиро [[Аълохон Афсаҳзод]] аз таҳқиқи «Лайлӣ ва Маҷнун»-и ӯ шурӯъ кард ва баъдан омӯзиши кулли эҷодиёти ӯро фаро гирифта, яке аз ҷомишиносони маъруф дар доираҳои илмии Шарқу Ғарб шинохта шуд. Афсаҳзод дар бораи Ҷомӣ асарҳои таҳқиқии бис­ёре таълиф намудааст: «Рӯз­гор ва осори Абдурраҳмони Ҷомӣ» (1980), «Таҳаввули афкори Абдураҳмони Ҷомӣ» (1981), «Лирикаи Абдураҳмони Ҷомӣ» (ба забони русӣ М., 1985), «Ҷомӣ – адиб ва мутафаккир» (1989), «Ҷомӣ – шоири ғазалсаро», «Нақд ва баррасии осору шарҳи аҳволи Ҷомӣ» (Т., 1999) ва ғайра Солҳои 60 асри XX Афсаҳзод дар ҳамкорӣ бо донишмандони Институти шарқшиносӣ осори Ҷомиро дар [[Душанбе]] дар панҷ ҷилд ва дар [[Теҳрон]] дар ҳафт ҷилд (ба алифбои арабии Афғонӣтоҷикӣ; 1999–2001) ба табъ расонд. Ин кори ӯ дар [[Эрон]] бо Ҷоизаи байналмилалии «Китоби сол» (2000) ва дипломи ёдгории «Баҳори озодӣ» қадр карда шуд.
 
== Сарчашма ==