Вишнуия: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
 
Сатри 3:
 
== Таърих ==
Муборизаи шадиди табақотӣ байни кшатрияҳо ва бараҳманҳо (миёнаҳои ҳазораи якуми пеш аз м.) боиси пайдоиши равияҳои нави ойинӣ, ба мисли вишнуия, [[ҷайния]] ва [[буддоия]] гардид. Умумияти вишнуия бо дигар низомҳои динию фалсафӣ инкори қурбониҳои хунӣ ва таблиғи ахинса (даст кашидан аз осебрасонӣ ба мавҷудоти зинда), ҷиҳатҳои фарқкунандаи он [[теизм]] ва таълимот дар бораи бҳакти (дӯстӣ бидуни ғараз) аст, ки дар вишнуия бо таълимот дар бораи зарурати анҷоми вазифа — карма-йога тавъам мебошад. Инкишофи ғояи вишнуия дар асрҳои 3-1 то мелод дар [[Маҳабҳарата]] ва [[Рамаяна]] дида мешавад. Дар вишнуия эътиқод ба таслис (сегонагӣ)-и худоён: Браҳма — Вишну — Шива, ки ҳар кадоми онҳо давраҳои асосии ба вуҷуд омадани оламро такмил мекарданд, роиҷ гашт.
 
Унсурҳои гуногуне, ки ба вишнуия дохил шуданд, «ном»-ҳои асотирии Вишнуро ифода мекарданд. Номи аз ҳама қадимии Вишну — Нараяна назарияи кайҳонишинохтии обҳои ибтидоиро ба миён оварда, ба назарияи таквини олам ибтидо гузошт. Сипас он бо Кришна айният дода шуд. Тақрибан дар миёнаҳои ҳазораи якуми то мелод вишнуияро буддоия танг карда баровард. Буддо таҷассуми Вишну ва вишнуия аз ҷониби сулолаи буддоӣ — Гуптаҳо ҳамчун дини давлатӣ пазируфта шуд. вишнуия аз рӯйи ғоя ба мактаби фалсафии дорои ҷанбаи моддигароии [[санкхя]] пайваст буда, онҳо як таълимоти томро дар бораи олам ҳамчун амали густардашаванда ва барчидашавандаи табиат инкишоф доданд. Рамануҷа фалсафаи вишнуияро идома дода, комил сохт. Ӯ таълимоти санавият (дуалистӣ)-и санкхяро аз назари диалектикаи содалавҳонаи тавҳидӣ (монистӣ) шарҳ дод.