Готҳо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
'''Готҳо''', '''Готоҳо''' (авестоӣ gāθåм {{lang-ae|gāθå}}– суруд, гимн) — яке аз муҳимтарин ва қадимтарин қисматҳои [[Авесто]], ки таълифи онро ба худи Зардушт нисбат медиҳанд; суруд ва суханони манзуме, ки дар миёни навишторҳои мансур омада, пораҳои онҳоро ба ҳам мепайвастанд.
 
Сабаби гусехтагии кунунӣ дар миёни бархе аз бахшҳои Готҳо аз миён рафтани навишторҳои мансур ва бар ҷо мондани пораҳои манзуми онҳо дониста мешавад. Готҳо аз 17 гот (сурудаҳои назмӣ)-и бахшида ба Аҳура Маздо иборатанд. Сурудаҳо дар шакли бобҳои алоҳида ба таркиби қисмати Яснои Авесто дохил карда, ҳангоми баргузории маросими ибодатӣ аз ҷониби мӯбадон суруда мешуданд. Ҳар як сурудаи Готҳо боби алоҳидаи Ясноро ташкил медиҳад.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Готҳо"